https://sputnik.tj/20220112/shtammi-omikron-ba-qirghiziston-niz-roh-yoft-1044738182.html
Штамми омикрон ба Қирғизистон низ роҳ ёфт
Штамми омикрон ба Қирғизистон низ роҳ ёфт
Sputnik Тоҷикистон
Аввалин ҳодисаҳои гирифторӣ ба коронавируси навъи омикрон дар Қирғизистон сабт шуд
2022-01-12T12:25+0500
2022-01-12T12:25+0500
2022-01-12T19:57+0500
қирғизистон
тандурустӣ
осиёи марказӣ
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0c/1044738883_0:0:2999:1686_1920x0_80_0_0_7492a64293b8059f7d2bc93fc8513698.jpg
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Дар Бишкек ва вилояти Чуй ҳолатҳои сироятёбӣ ба коронавируси навъи омикрон ошкор шудааст. Дар ин бора вазири тандурустӣ Алимқодир Бейшеналиев ба Sputnik Қирғизистон хабар додааст.Ба гуфтаи ӯ, таҳқиқоти мунтазам дар Бишкек рӯзи чоршанбе вуҷуди ин вирус дар ин кишварро ошкор кардааст. Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус дар ин кишвар давоми як рӯзи охир аз ошкоршавии 465 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 хабар медиҳад, ки гуфта мешавад, чунин нишондиҳанда давоми панҷ моҳ мушоҳида нашудааст.Вазири беҳдошти Қирғизистон дар робита ба оғози мавҷи чаҳоруми коронавирус гуфтааст, ки низоми тандурустии кишвараш ба он омодааст.Аввалин ҳодисаҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Қирғизистон моҳи марти соли 2020 эълон шуда буданд. То имрӯз шумори умумии мубталоён дар ин кишвар ба 187 ҳазор нафар расида, зиёда аз 2,8 ҳазор нафар аз ин беморӣ фавтидааст.Ёдовар мешавем, Ӯзбекистон низ аз пайдоиши омикрон хабар дод, ки он аз як шаҳрванди хориҷии мусофир аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ кашф шуда буд.
https://sputnik.tj/20220111/uzbekiston-qoida-vurud-tojikistonro-1044707683.html
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0c/1044738883_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_0ab182ded8194cc0f0eb4391ad808fc0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
штамм омикрон қирғизистон
штамм омикрон қирғизистон
Штамми омикрон ба Қирғизистон низ роҳ ёфт
12:25 12.01.2022 (Навсозишуда: 19:57 12.01.2022) Аввалин ҳодисаи гирифторӣ ба штамми омикрон дар Қирғизистон низ ошкор шуд
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Дар Бишкек ва вилояти Чуй ҳолатҳои сироятёбӣ ба коронавируси навъи омикрон ошкор шудааст. Дар ин бора вазири тандурустӣ Алимқодир Бейшеналиев ба Sputnik Қирғизистон хабар додааст.
Ба гуфтаи ӯ, таҳқиқоти мунтазам дар Бишкек рӯзи чоршанбе вуҷуди ин вирус дар ин кишварро ошкор кардааст.
"Натиҷаҳо омаданд. Дирӯз набуд, аммо имрӯз ҳолатҳои ҷудогона ба қайд гирифта шуданд. Аниқ чанд нафар аст, маълум нест. Мо дар озмоишгоҳҳои пойтахт таҳлил мегузаронем", - гуфт Бейшеналиев.
Ситоди ҷумҳуриявии мубориза бо коронавирус дар ин кишвар давоми як рӯзи охир аз ошкоршавии 465 ҳолати нави гирифторӣ ба COVID-19 хабар медиҳад, ки гуфта мешавад, чунин нишондиҳанда давоми панҷ моҳ мушоҳида нашудааст.
Вазири беҳдошти Қирғизистон дар робита ба оғози мавҷи чаҳоруми коронавирус гуфтааст, ки низоми тандурустии кишвараш ба он омодааст.
Аввалин ҳодисаҳои гирифторӣ ба коронавирус дар Қирғизистон моҳи марти соли 2020 эълон шуда буданд. То имрӯз шумори умумии мубталоён дар ин кишвар ба 187 ҳазор нафар расида, зиёда аз 2,8 ҳазор нафар аз ин беморӣ фавтидааст.
Ёдовар мешавем, Ӯзбекистон низ аз пайдоиши омикрон хабар дод, ки он аз як шаҳрванди хориҷии мусофир аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ кашф шуда буд.