https://sputnik.tj/20220111/uzbekiston-qoida-vurud-tojikistonro-1044707683.html
Ӯзбекистон қоидаҳои вуруд барои шаҳрвандони Тоҷикистонро сангинтар кард
Ӯзбекистон қоидаҳои вуруд барои шаҳрвандони Тоҷикистонро сангинтар кард
Sputnik Тоҷикистон
Аз 15 январи соли ҷорӣ шаҳрвандони Тоҷикистон барои ворид шудан ба қаламрави Ӯзбекистон бояд 48 соат пеш аз сафар аз санҷиши ПСР гузаранд
2022-01-11T13:20+0500
2022-01-11T13:20+0500
2022-01-11T17:38+0500
дар тоҷикистон
вуруд
ӯзбекистон
тағйир
тартиб
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102332/21/1023322156_0:539:3264:2375_1920x0_80_0_0_fa912538458f75f841b1af4d01a5863d.jpg
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Ӯзбекистон қоидаҳои вуруд ба ин кишварро барои шаҳрвандони хориҷӣ тағйир дод. Дар ин бора хадамоти матбуотии Вазортаи тандурустии ин кишвар хабар медиҳад.Ҳамин тавр аз 15 январ ҳар нафаре, ки ба ин кишвар ворид мешавад, бояд натиҷаи ташхиси ПСР-ро 48 соат пеш аз сафар пешниҳод кунад. Ёдовар мешавем, ки қаблан санҷиши коронавирус бояд на дертар аз 72 соат гузаронида мешуд. Қайд карда мешавад, ки дар сурати мавҷуд набудани шаҳодатномаи манфии ПСР барои коронавирус шаҳрвандони хориҷӣ бояд экспресс-тест супоранд. Марказҳои санҷиш дар фурудгоҳҳо, вокзалҳо ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ ташкил шудаанд. Чунин тағйир дар бастагӣ ба сабт шудани штамми нави коронавирус, омикрон роҳандозӣ дар Ӯзбакистон шудааст.Қаблан хабар дода мешуд, ки навъи ҷадид коронавирус дар бадани як шаҳрванди хориҷӣ, ки аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба қаламрави Ӯзбекистон омадааст, сабт шудааст.Ҳамаи мусофирон, ки ҳамроҳи бемор парвоз карда буданд, карантин - 130 шаҳрванди Ӯзбекистон хонашин шуданду 70 хориҷӣ дар меҳмонхонаҳо ҷо ба ҷо гаштанд.Штамми омикрон ба Ӯзбекистон роҳ ёфтБояд қайд кард, дар Ӯзбекистон ваксинзании бепул роҳандозӣ шудааст. Шаҳрвандони ин ҷумҳурӣ метавонанд бо доруҳои зерин моякӯбӣ шаванд: ваксинаи таҳияи Ӯзбекистон - Чин - ZF-UZ-VAC 2001, "Спутник V"-и Русия, "AstraZeneca", "Moderna"-и амрикоӣ, ваксинаи амрикоӣ - олмионии "Pfizer/BioNTech" ва "CoronaVac"-и чинӣ.
https://sputnik.tj/20220110/qarantin-uzbekiston-mariz-omikron-dubay-1044690042.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102332/21/1023322156_0:0:3264:2448_1920x0_80_0_0_2aa998e015f384d400c5a58fa7e02762.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тартиби нави вуруд, қавонин, ӯзбекистон, тоҷикистон,
тартиби нави вуруд, қавонин, ӯзбекистон, тоҷикистон,
Ӯзбекистон қоидаҳои вуруд барои шаҳрвандони Тоҷикистонро сангинтар кард
13:20 11.01.2022 (Навсозишуда: 17:38 11.01.2022) Аз 15 январи соли ҷорӣ шаҳрвандони Тоҷикистон барои ворид шудан ба қаламрави Ӯзбекистон бояд 48 соат пеш аз сафар аз санҷиши ПСР гузаранд
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Ӯзбекистон қоидаҳои вуруд ба ин кишварро барои шаҳрвандони хориҷӣ тағйир дод. Дар ин бора хадамоти матбуотии Вазортаи тандурустии ин кишвар хабар медиҳад.
Ҳамин тавр аз 15 январ ҳар нафаре, ки ба ин кишвар ворид мешавад, бояд натиҷаи ташхиси ПСР-ро 48 соат пеш аз сафар пешниҳод кунад.
Ёдовар мешавем, ки қаблан санҷиши коронавирус бояд на дертар аз 72 соат гузаронида мешуд.
Қайд карда мешавад, ки дар сурати мавҷуд набудани шаҳодатномаи манфии ПСР барои коронавирус шаҳрвандони хориҷӣ бояд экспресс-тест супоранд.
Марказҳои санҷиш дар фурудгоҳҳо, вокзалҳо ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ ташкил шудаанд.
Чунин тағйир дар бастагӣ ба сабт шудани штамми нави коронавирус, омикрон роҳандозӣ дар Ӯзбакистон шудааст.
Қаблан хабар дода мешуд, ки навъи ҷадид коронавирус дар бадани як шаҳрванди хориҷӣ, ки аз Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ба қаламрави Ӯзбекистон омадааст, сабт шудааст.
Ҳамаи мусофирон, ки ҳамроҳи бемор парвоз карда буданд, карантин - 130 шаҳрванди Ӯзбекистон хонашин шуданду 70 хориҷӣ дар меҳмонхонаҳо ҷо ба ҷо гаштанд.
Бояд қайд кард, дар Ӯзбекистон ваксинзании бепул роҳандозӣ шудааст.
Шаҳрвандони ин ҷумҳурӣ метавонанд бо доруҳои зерин моякӯбӣ шаванд: ваксинаи таҳияи Ӯзбекистон - Чин - ZF-UZ-VAC 2001, "Спутник V"-и Русия, "AstraZeneca", "Moderna"-и амрикоӣ, ваксинаи амрикоӣ - олмионии "Pfizer/BioNTech" ва "CoronaVac"-и чинӣ.