https://sputnik.tj/20220112/rasonaho-uzbekiston-intiqol-barq-afghoniston-kohish-1044763237.html
Расонаҳо: Ӯзбекистон интиқоли барқ ба Афғонистонро 60 фисад коҳиш дод
Расонаҳо: Ӯзбекистон интиқоли барқ ба Афғонистонро 60 фисад коҳиш дод
Sputnik Тоҷикистон
Бо коҳиш ёфтани интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистон 16 музофот бидуни рӯшноӣ монд
2022-01-12T19:50+0500
2022-01-12T19:50+0500
2022-01-12T21:10+0500
энергетика
афғонистон
ӯзбекистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/15/1032491880_0:0:1200:675_1920x0_80_0_0_3e720b9d95ec2f2b289a0d885337f5b7.jpg
ДУШАНБЕ, 12 янв – Sputnik. Ширкати миллии барқи Афғонистон (DABS) иддао дорад, ки Ӯзбекистон содироти нерӯи барқро ба ин кишвар бидуни огоҳӣ 60 дарсад коҳиш додааст. Дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе шабакаи телевизионии "Ariana News" хабар дод. Ба гуфтаи ин ширкат, ҷониби Ӯзбекистон ин вазъро ба "мушкилоти фаннӣ" рабт додааст. Ӯзбекистон изҳор доштааст, ки чунин мушкил дар нерӯгоҳи "Марҷон" рух дода, бинобар ин содирот кам шудааст.Дар ҳамин ҳол ширкат тавзеҳ додааст, ки дар ояндаи наздик ин мушкил бартараф ва Афғонистон дар ду-се рӯзи наздик бо нерӯи барқ таъмин мешавад. Ҷониби Ӯзбекистон ҳам зикр намудааст, ки барои таъмир вақти зиёд лозим нест.Аммо Ширкати милли барқи Афғонистон афзуда, феълан 16 вилояти ин кишвар бинобар коҳиши содироти барқ аз сӯи Ӯзбекистон бидуни рӯшноӣ мондаанд. Илова бар ин дар тамоми қалмрави Афғонистон давра ба давра интиқоли барқ қатъ мегардад.Афғонистон бештари нерӯи барқи худро аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус аз Ӯзбекистону Тоҷикистон мехарад.
https://sputnik.tj/20211116/barq-tojik-tojikiston-afghoniston-barq-mefurushad-1043581140.html
афғонистон
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/15/1032491880_139:0:1039:675_1920x0_80_0_0_b3b0abdfc59e3f0ca60a8f9580a82ea5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
барқ афғониистон ӯзбекистон
барқ афғониистон ӯзбекистон
Расонаҳо: Ӯзбекистон интиқоли барқ ба Афғонистонро 60 фисад коҳиш дод
19:50 12.01.2022 (Навсозишуда: 21:10 12.01.2022) Бо коҳиш ёфтани интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистон 16 вилояти ин кишвар бидуни рӯшноӣ монд
ДУШАНБЕ, 12 янв – Sputnik. Ширкати миллии барқи Афғонистон (DABS) иддао дорад, ки Ӯзбекистон содироти нерӯи барқро ба ин кишвар бидуни огоҳӣ 60 дарсад коҳиш додааст. Дар ин бора рӯзи чаҳоршанбе шабакаи телевизионии "Ariana News" хабар дод.
Ба гуфтаи ин ширкат, ҷониби Ӯзбекистон ин вазъро ба "мушкилоти фаннӣ" рабт додааст. Ӯзбекистон изҳор доштааст, ки чунин мушкил дар нерӯгоҳи "Марҷон" рух дода, бинобар ин содирот кам шудааст.
Дар ҳамин ҳол ширкат тавзеҳ додааст, ки дар ояндаи наздик ин мушкил бартараф ва Афғонистон дар ду-се рӯзи наздик бо нерӯи барқ таъмин мешавад. Ҷониби Ӯзбекистон ҳам зикр намудааст, ки барои таъмир вақти зиёд лозим нест.
Аммо Ширкати милли барқи Афғонистон афзуда, феълан 16 вилояти ин кишвар бинобар коҳиши содироти барқ аз сӯи Ӯзбекистон бидуни рӯшноӣ мондаанд. Илова бар ин дар тамоми қалмрави Афғонистон давра ба давра интиқоли барқ қатъ мегардад.
Афғонистон бештари нерӯи барқи худро аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус аз Ӯзбекистону Тоҷикистон мехарад.