https://sputnik.tj/20220111/zelenskiy-muzokirot-dargiri-donbass-omoda-1044713923.html
Зеленский омодагӣ ба музокирот барои қатъи даргирии Донбассро баён дошт
Зеленский омодагӣ ба музокирот барои қатъи даргирии Донбассро баён дошт
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Украина омодагии Киевро ба гуфтушунидҳо барои қатъи мухолифат дар минтақаи Донбасс баён дошт
2022-01-11T17:10+0500
2022-01-11T17:10+0500
2023-10-02T17:09+0500
дар ҷаҳон
донбасс
сиёсат
киев
созишнома
музокирот
владимир зеленский
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/07/1040018526_0:0:3038:1708_1920x0_80_0_0_fc1e3583bd73defdf5b53f38e92b8ad7.jpg
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Вақти он фаро расидааст, ки барои коҳиши ҳадафмандонаи ташаннуҷ дар Донбасс созиш шавад, изҳор дошт президенти Украина Владимир Зеленский. Маврид ба зикр аст, ки дар Киев мулоқоти Зеленский бо мушовирони роҳбарони Фаронса ва Олмон баргузор шуд. Ҷонибҳо барои идомаи тамос мувофиқа карданд. Мухолифатҳо дар шарқи Украина беш аз 7,5 соли охир идома доранд, ки ба иттилои СММ, зиёда аз 13 ҳазор нафар қурбонӣ бар ҷой гузоштаанд. Роҳҳои ҳалли ин мушкилро "Чоргонаи нормандӣ" баррасӣ дорад, ки аз Русия, Украина, Олмон ва Фаронса иборат мебошад. Солҳои 2015-2016 тарафҳо сари аломатгузорӣ созиш карданду дар шаҳри Минск созишнома ба имзо расид. Дар мулоқоти ахири сарони кишварҳои узв, ки дар Порис моҳи декабри соли 2019 баргузор гашт, қарор шуд, ки созишномаи Минск заминаи асосӣ барои идомаи корҳо боқӣ монад. Ин санад қатъи оташбас, қафо бурдани аслиҳаи вазнини ҷангӣ аз хатти баҳамоӣ ва гузарондани ислоҳоти конститутсиониро пешбинӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20220102/jkhl-jamshavi-neruho-ukraini-khat-tamos-1044581703.html
киев
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/06/07/1040018526_39:0:2739:2025_1920x0_80_0_0_ae6dcc0d8a0aa8a4c23ef887b5d45d19.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
омодагӣ, киев, музокирот, даргирӣ, донбасс
омодагӣ, киев, музокирот, даргирӣ, донбасс
Зеленский омодагӣ ба музокирот барои қатъи даргирии Донбассро баён дошт
17:10 11.01.2022 (Навсозишуда: 17:09 02.10.2023) Президенти Украина омодагии Киевро ба гуфтушунидҳо барои қатъи мухолифат дар минтақаи Донбасс баён дошт
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Вақти он фаро расидааст, ки барои коҳиши ҳадафмандонаи ташаннуҷ дар Донбасс созиш шавад, изҳор дошт президенти Украина Владимир Зеленский.
"Мо барои қабули қарорҳои зарурӣ дар мулоқоти нави роҳбарони кишварҳои чоргона омодаем", - хабар дод дафтари матбуотии президенти Украина аз қавли Зеленский.
Маврид ба зикр аст, ки дар Киев мулоқоти Зеленский бо мушовирони роҳбарони Фаронса ва Олмон баргузор шуд. Ҷонибҳо барои идомаи тамос мувофиқа карданд.
Мухолифатҳо дар шарқи Украина беш аз 7,5 соли охир идома доранд, ки ба иттилои СММ, зиёда аз 13 ҳазор нафар қурбонӣ бар ҷой гузоштаанд.
Роҳҳои ҳалли ин мушкилро "Чоргонаи нормандӣ" баррасӣ дорад, ки аз Русия, Украина, Олмон ва Фаронса иборат мебошад. Солҳои 2015-2016 тарафҳо сари аломатгузорӣ созиш карданду дар шаҳри Минск созишнома ба имзо расид. Дар мулоқоти ахири сарони кишварҳои узв, ки дар Порис моҳи декабри соли 2019 баргузор гашт, қарор шуд, ки созишномаи Минск заминаи асосӣ барои идомаи корҳо боқӣ монад.
Ин санад қатъи оташбас, қафо бурдани аслиҳаи вазнини ҷангӣ аз хатти баҳамоӣ ва гузарондани ислоҳоти конститутсиониро пешбинӣ мекунад.