КҲФ қоидаҳои сафари бехатар дар фасли зимистонро нашр кард

© Sputnik / Амир ИсаевНашивка на форме сотрудника КЧС
Нашивка на форме сотрудника КЧС  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2022
Обуна шудан
Дар пайи нашри хабарҳо аз садамаҳои нақлиётии маргбор Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда роҳҳои бехатари сафар дар фасли сарморо тавзеҳ додааст
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон бо нашри як муроҷиатнома ба шаҳрвандон қоидаҳои бехатарии сафар дар фасли зимистонро тавзеҳ дода, таъкид намудааст, ки бидуни тайёрӣ сафар метавонад фоҷиабор гардад.
Ин ниҳод тавсия кардааст, ки қабл аз сафар вазъи ҳаво дар масири ҳаракат санҷида ва дар сурати номусоидии ҳаво ба ҳадди имкон аз сафар бояд худдорӣ карда шавад.
Инчунин бояд омӯхта шавад, ки дар дар хатти сафар нуқтаҳои таъмини сӯзишворӣ, хӯроки умумӣ, таваққуфгоҳи дастаҷамъии мошинҳо дар куҷо қарор доранд.
Доштани воситаҳои алоқа, фонус, захираи ғизо, гӯгирд, доруҳои зарурӣ ва либоси гарм аз шартҳои дигари сафар дар фасли зимистон арзёбӣ шудааст.
Сарезское озеро на Памире, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.10.2021
Хатари рахна шудани кӯли Сарезро моҳвораҳои Чин пайгирӣ мекунанд
КҲФ муҳим хондааст, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳ риоя шаванд ва агар обуҳаво зимни сафар майли бадшавӣ дошта бошад, мусофир дар наздиктарин нуқтаи аҳолинишин таваққуф намояд. Ҳамчунин ин ниҳод тавсия мекунад, наздикони мусофир бояд аз ҷузъиёти ҳаракату таваққуфи ӯ дар зимни сафар огоҳ бошанд.
Ин ниҳод маслиҳат медиҳад, ки дар ҳолатҳои фавқулоддаю садамавӣ оромӣ ҳифз гардад ва ҳамчунин аз нишон, чароғҳои садамавӣ ва матои рангаш рӯшан кор гирифта шавад.
"Агар ҳаво хеле сард аст, пас дохили мошинро гарм нигоҳ доред, дару тирезаи онро бо кампал, гилемчаҳо ва умуман ҳар матои дигар пӯшонед. Агар ҳамсафаре доред, бо навбат бихобед, вале агар танҳоед, пас аслан нахобед", - омадааст дар иттилоия.
КҲФ таъкид намудааст, ки шаҳрвандон дар ҳолати фавқулодда аз тариқи шумораи телефони 93 880 28 19 ба қисми навбатдории ин ниҳод муроҷиат намоянд.
Лентаи хабарҳо
0