https://sputnik.tj/20220105/barkanori-shamsullo-sohibov-maqom-nazarov-rahmonzoda-1044613229.html
Барканории Шамсулло Соҳибову Абдуллозода: Назаров овозаҳои истеъфояшро шарҳ дод
Барканории Шамсулло Соҳибову Абдуллозода: Назаров овозаҳои истеъфояшро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Шамсулло Соҳибов, соҳибкори тоҷик ва домоди раисҷумҳури Тоҷикистон аз мақомаш дар Кумитаи миллии олимпии кишвар канор рафтааст
2022-01-05T16:54+0500
2022-01-05T16:54+0500
2022-01-06T15:09+0500
дар тоҷикистон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
дилшод назаров
кумитаи миллии олимпии ҷт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103069/14/1030691456_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_b8d094791e64708a26ec7b3dd3d4f45d.jpg
ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Аҳтам Абдуллозода ва Шамсулло Соҳибов, ки ноибони президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон буданд, дар ҷаласаи ахири интихоботӣ - ҳисоботӣ барои даври дигар интихоб нагардидаанд. Ба ҳайси ноибони нави президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Дилшод Назаров ва Абдулло Раҳмонзода интихоб шудаанд, ки яке муовин ва дигаре раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумат мебошад. Вазифаи президенти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳуриро Эмомалӣ Раҳмон ба дӯш дорад. Дар ҳамин ҳол Дилшод Назаров сарусадо дар бораи истеъфояш аз мақоми ноиби раиси Кумитаи ҷавонону варзиш ва комилан гузаштан ба кор дар Кумитаи миллии олимпиро рад карда, изҳор дошт, ки ин салоҳияти ҳукумат мебошад. Қаҳрамони олимпӣ, Дилшод Назаров 8 соли охир дар вазифаи ноиби раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш фаъолият дорад. Абдулло Раҳмонзода моҳи январи соли 2020 раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон таъин гардида буд. Маврид ба зикр аст, ки Дилшод Назаров иштирокчии Бозиҳои олимпии Афина-2004, Пекин-2008, Лондон-2012 ва Рио-де-Жанейро-2016 мебошад.Ӯ қаҳрамони бозиҳои олимпӣ-2016, барандаи медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук-Пекин-2015, барандаи 3 медали тилло ва медали нуқраи Бозиҳои Осиё, 5 карат чемпиони Осиё, ғолиби аввалин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ аст.То ҳол Дилшод Назаров расман дар мавриди анҷоми фаъолияти варзишияш хабар надодааст. Ӯ қаблан бо иттиҳоми допинг аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳо маҳрум шуда буд ва муҳлати ин маҳдудият моҳи октябри соли гузашта ба анҷом расид.
https://sputnik.tj/20210322/dilshod-nazarov-doping-vazifa-1033045508.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103069/14/1030691456_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_df374e800075ca14414188294798c2db.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
назаров, овоза, истеъфо, барканор, шарҳ
назаров, овоза, истеъфо, барканор, шарҳ
Барканории Шамсулло Соҳибову Абдуллозода: Назаров овозаҳои истеъфояшро шарҳ дод
16:54 05.01.2022 (Навсозишуда: 15:09 06.01.2022) Шамсулло Соҳибов, соҳибкори тоҷик ва домоди раисҷумҳури Тоҷикистон аз мақомаш дар Кумитаи миллии олимпии кишвар канор рафтааст. Дилшод Назаров ноиби нави президенти ин Кумита мебошад
ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Аҳтам Абдуллозода ва Шамсулло Соҳибов, ки ноибони президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон буданд, дар ҷаласаи ахири интихоботӣ - ҳисоботӣ барои даври дигар интихоб нагардидаанд.
Ба ҳайси ноибони нави президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Дилшод Назаров ва Абдулло Раҳмонзода интихоб шудаанд, ки яке муовин ва дигаре раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумат мебошад. Вазифаи президенти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳуриро Эмомалӣ Раҳмон ба дӯш дорад.
Дар ҳамин ҳол Дилшод Назаров сарусадо дар бораи истеъфояш аз мақоми ноиби раиси Кумитаи ҷавонону варзиш ва комилан гузаштан ба кор дар Кумитаи миллии олимпиро рад карда, изҳор дошт, ки ин салоҳияти ҳукумат мебошад.
"Айни ҳол ягон қарори ҳукумат дар ин бора нест. Ман корамро дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш идома дода истодаам, ба корҳои ҷамъбастӣ машғулам", - изҳор дошт Назаров дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Қаҳрамони олимпӣ, Дилшод Назаров 8 соли охир дар вазифаи ноиби раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш фаъолият дорад. Абдулло Раҳмонзода моҳи январи соли 2020 раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди ҳукумати Тоҷикистон таъин гардида буд.
Маврид ба зикр аст, ки Дилшод Назаров иштирокчии Бозиҳои олимпии Афина-2004, Пекин-2008, Лондон-2012 ва Рио-де-Жанейро-2016 мебошад.
Ӯ қаҳрамони бозиҳои олимпӣ-2016, барандаи медали нуқраи Чемпионати ҷаҳон оид ба варзиши сабук-Пекин-2015, барандаи 3 медали тилло ва медали нуқраи Бозиҳои Осиё, 5 карат чемпиони Осиё, ғолиби аввалин Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ аст.
То ҳол Дилшод Назаров расман дар мавриди анҷоми фаъолияти варзишияш хабар надодааст. Ӯ қаблан бо иттиҳоми допинг аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳо маҳрум шуда буд ва муҳлати ин маҳдудият моҳи октябри соли гузашта ба анҷом расид.