https://sputnik.tj/20220112/barkhurd-margbori-mersedes-opel-dushanbe-kulob-1044737332.html
Бархӯрди маргбори "Мерседес" ва "Опел" дар роҳи Душанбе - Кӯлоб
Бархӯрди маргбори "Мерседес" ва "Опел" дар роҳи Душанбе - Кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
Ронандаи "Опел" дар пайи бархӯрд бо худрави "Мерседес" дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст
2022-01-12T12:03+0500
2022-01-12T12:03+0500
2022-01-12T20:01+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
душанбе
кӯлоб
садама
бархӯрд
ҳалокат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102949/29/1029492977_20:0:982:541_1920x0_80_0_0_392c548edb4653c0918e9350d00aafff.jpg
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ноуҳдабароии ронандаи "Опел" боиси сар задани садамаи маргбор дар роҳи Душанбе - Кӯлоб шудааст. Ба иттилои манбаъ, ин ҳодиса рӯзи 11-уми январи соли 2022, тахминан соатҳои 19:00 рух додааст.Мақомот тавзеҳ доданд, ки ронандаи "Опел-Астра", сокини 54-солаи ноҳияи Фархор ҳангоми ҳаракат аз пойтахт ба самти Кӯлоб воситаи нақлиётро идора карда натавониста, ба самти муқобили ҳаракат баромадааст. ВУД афзуд, дар натиҷа "Опел" бо мошини "Мерседес-Бенс", ки таҳти идораи ронандаи 61-сола, сокини шаҳри Хуҷанд қарор доштаст, бархӯрдааст. Дар пайи ин садама ронандаи "Опел" дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мақомот мегӯянд, феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад. Ахиран Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар пайи ба ҷарии 80-метрӣ сарозер шудани "Опел" дар роҳи Ваҳдат - Рашт ва марги ду бонуи 49 ва 67-сола аз ронандаҳо хост, бештар эҳтиёт кунанд. КҲФ таъкид намудааст, боло бурдани суръати ҳаракат дар минтақаҳои кӯҳӣ, бахусус дар фасли зимистон, ки дар роҳҳо барф, ях ва туман мебошад, хатар дорад.Мақомоти умури дохилии Душанбе идораи мошин бе ҳуҷҷати ронандагӣ, бо суръати баланд ва дар ҳолати мастиро аз дағалтарин қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ хонданд, ки бо фоҷиа меанҷоманд.
https://sputnik.tj/20220111/halokat-zan-beehtiyoti-ronanda-vahdat-rasht-1044718499.html
душанбе
кӯлоб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102949/29/1029492977_140:0:861:541_1920x0_80_0_0_b1ab7724989b3c81cac26aba4bb13c7d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бархӯрд, маргбор, мерседес, опел
бархӯрд, маргбор, мерседес, опел
Бархӯрди маргбори "Мерседес" ва "Опел" дар роҳи Душанбе - Кӯлоб
12:03 12.01.2022 (Навсозишуда: 20:01 12.01.2022) Ронандаи "Опел" дар пайи бархӯрд бо худрави "Мерседес" дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ноуҳдабароии ронандаи "Опел" боиси сар задани садамаи маргбор дар роҳи Душанбе - Кӯлоб шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ин ҳодиса рӯзи 11-уми январи соли 2022, тахминан соатҳои 19:00 рух додааст.
Мақомот тавзеҳ доданд, ки ронандаи "Опел-Астра", сокини 54-солаи ноҳияи Фархор ҳангоми ҳаракат аз пойтахт ба самти Кӯлоб воситаи нақлиётро идора карда натавониста, ба самти муқобили ҳаракат баромадааст.
ВУД афзуд, дар натиҷа "Опел" бо мошини "Мерседес-Бенс", ки таҳти идораи ронандаи 61-сола, сокини шаҳри Хуҷанд қарор доштаст, бархӯрдааст. Дар пайи ин садама ронандаи "Опел" дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Мақомот мегӯянд, феълан таҳқиқи ин ҳодиса идома дорад.
Ахиран Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар пайи ба ҷарии 80-метрӣ сарозер шудани "Опел" дар роҳи Ваҳдат - Рашт ва марги ду бонуи 49 ва 67-сола аз ронандаҳо хост, бештар эҳтиёт кунанд.
КҲФ таъкид намудааст, боло бурдани суръати ҳаракат дар минтақаҳои кӯҳӣ, бахусус дар фасли зимистон, ки дар роҳҳо барф, ях ва туман мебошад, хатар дорад.
Мақомоти умури дохилии Душанбе идораи мошин бе ҳуҷҷати ронандагӣ, бо суръати баланд ва дар ҳолати мастиро аз дағалтарин қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ хонданд, ки бо фоҷиа меанҷоманд.