Ҳалокати ду зан бар асари ба ҷарии 80-метрӣ афтидани мошин

© PixabayДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2022
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бар асари беэҳтиётии ронанда дар роҳи Ваҳдат - Нуробод ду зан ба ҳалокат расидааст
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Ду зан бар асари сарозер шудани худрав ба як ҷарии 80-метрӣ дар роҳи Нуробод - Ваҳдат ба ҳалокат расидааст.
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, садамаи маргбор баъди зуҳри 10 январ ба вуқуъ пайвастааст.
Ба иттилои ин ниҳод, ронандаи 52-солаи худрави "Опел-Вектра", сокини ноҳияи Нуробод, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Ваҳдат - Нуробод - Рашт, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, мошин ба тарафи рости роҳ чаппа шудааст.
Манбаъ афзуд, ки дар натиҷа мусофирон - занҳои 49 ва 67-сола, сокинони ноҳияи Нуробод дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Ребенок в воде на закате, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2022
Фоҷиа дар Восеъ: ҷасади кӯдаки дусола аз канали назди хонаашон пайдо шуд
Такъид шудааст, ки худи ронанда ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон низ аз ҳалокати ду нафар дар ин садама хабар дода афзуд, ду нафари дигар дар беморхона бистарӣ шудаанд. Яке аз сабабҳои эҳтимолии рух додани ҳодиса ҳаракат бо суръати баланд арзёбӣ мешавад.
ВУД мегӯяд, феълан вобаста ба ҳолати мазкур таҳқиқот идома дорад.
Дар ҳамин ҳол КҲФ таъкид намудааст, боло бурдани суръати ҳаракат дар минтақаҳои кӯҳӣ, бахусус дар фасли зимистон, ки дар роҳҳо барф, ях ва туман мебошад, хатар дорад.
Ин дар ҳолест, ки ахиран мақомоти умури дохилии Душанбе гуфтанд, аз дағалтарин қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, ки бо фоҷиа меанҷоманд, ин идораи мошин бе ҳуҷҷати ронандагӣ, бо суръати баланд ва дар ҳолати мастӣ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0