https://sputnik.tj/20220102/jkhl-jamshavi-neruho-ukraini-khat-tamos-1044581703.html
Вазъият доғтар мешавад: Дар ҶХЛ аз ҷамъшавии нерӯҳои украинӣ дар хатти тамос гуфтанд
Вазъият доғтар мешавад: Дар ҶХЛ аз ҷамъшавии нерӯҳои украинӣ дар хатти тамос гуфтанд
Sputnik Тоҷикистон
Шибҳанизомиёни Ҷумҳуриҳои худмухтори Луганск мегӯянд, Қувваҳои мусаллаҳи Украина нерӯҳоро ба мактабе, ки дар деҳаи Валуйское ишғол кардаанд, мекашанд
2022-01-02T20:00+0500
2022-01-02T20:00+0500
2022-01-02T20:00+0500
амният ва мудофиа
украина
луганск
донбасс
артиш
низомиён
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/02/1044580580_0:46:3099:1789_1920x0_80_0_0_46f3b6253d7237fa855d3562b7fd9ef2.jpg
ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Артиши Украина мавқеъҳои оташкушоияшро дар як мактаби деҳаи Валуйское дар наздикии хатти тамоси Донбасс муҷаҳҳаз мекунад, гуфт Иван Филипоненко, сухангӯи расмии шибҳанизомиёни Ҷумҳурии худмухтори Луганск. Ба иттилои манбаъ, дар наздикии бино мошинҳои зиёде бо афроди мусаллаҳ, таҷҳизоти иктишофии артиллерӣ, "мушоҳида ва таъини ҳадаф, инчунин радиостансияҳо" сабт шудаанд."Истифодаи Киев аз бинои мактаби миёна дар деҳаи Валуйское барои ҷойгир кардани қароргоҳи воҳиди ҷангӣ ва нуқтаи назорати саҳроӣ барои артиллерияи украинӣ нақзи дағалонаи созишномаи оташбас ва нақзи дағалонаи қонуни байналмилалии башардӯстона мебошад" , — гуфт дар хотима Филипоненко.Ёдовар мешавем, дар Донбасс аз тобистони соли 2020 барои таъмини оташбас чораҳои иловагӣ андешида шуданд. Ба оташбас, комилан манъ кардани тирпарронӣ, дар маҳалҳои аҳолинишин ва наздикии он ҷой додани яроқу аслиҳа, амалиёти хуҷуму иктишофӣ ва харобкорӣ дохил мешавадИнчунин муҷаҳҳаз кардани мавқеъҳо ва истифодаи дронҳо дар наздикии хатти тамос манъ аст.
https://sputnik.tj/20211225/siyosatshinos-putin-ukraina-gharb-1044400478.html
украина
луганск
донбасс
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/02/1044580580_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_d609ebcaa17369caa3083b9ccc4012a6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вазъият доғт ҷхл нерӯҳо украина хатт тамос
вазъият доғт ҷхл нерӯҳо украина хатт тамос
Вазъият доғтар мешавад: Дар ҶХЛ аз ҷамъшавии нерӯҳои украинӣ дар хатти тамос гуфтанд
Шибҳанизомиёни Ҷумҳуриҳои худмухтори Луганск мегӯянд, Қувваҳои мусаллаҳи Украина нерӯҳоро ба мактабе, ки дар деҳаи Валуйское ишғол кардаанд, мекашанд
ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Артиши Украина мавқеъҳои оташкушоияшро дар як мактаби деҳаи Валуйское дар наздикии хатти тамоси Донбасс муҷаҳҳаз мекунад, гуфт Иван Филипоненко, сухангӯи расмии шибҳанизомиёни Ҷумҳурии худмухтори Луганск.
"Рӯзи гузашта дар мактаби деҳаи ин шаҳрак, ки санаи 27 декабр аз ҷониби ҷангиёни миллатгароҳои украинӣ тасарруф шуда буд, истиқрори ситоди воҳиди тактикии миллатгароён ва техника дар синфхонаҳои таълимии мавқеъҳои тирандозӣ идома дорад", - гуфт ӯ.
Ба иттилои манбаъ, дар наздикии бино мошинҳои зиёде бо афроди мусаллаҳ, таҷҳизоти иктишофии артиллерӣ, "мушоҳида ва таъини ҳадаф, инчунин радиостансияҳо" сабт шудаанд.
"Истифодаи Киев аз бинои мактаби миёна дар деҳаи Валуйское барои ҷойгир кардани қароргоҳи воҳиди ҷангӣ ва нуқтаи назорати саҳроӣ барои артиллерияи украинӣ нақзи дағалонаи созишномаи оташбас ва нақзи дағалонаи қонуни байналмилалии башардӯстона мебошад" , — гуфт дар хотима Филипоненко.
Ёдовар мешавем, дар Донбасс аз тобистони соли 2020 барои таъмини оташбас чораҳои иловагӣ андешида шуданд.
Ба оташбас, комилан манъ кардани тирпарронӣ, дар маҳалҳои аҳолинишин ва наздикии он ҷой додани яроқу аслиҳа, амалиёти хуҷуму иктишофӣ ва харобкорӣ дохил мешавад
Инчунин муҷаҳҳаз кардани мавқеъҳо ва истифодаи дронҳо дар наздикии хатти тамос манъ аст.