https://sputnik.tj/20220110/qarantin-uzbekiston-mariz-omikron-dubay-1044690042.html
Қарантини 200 ӯзбекистоние, ки бо маризи омикрон аз Дубай омаданд
Қарантини 200 ӯзбекистоние, ки бо маризи омикрон аз Дубай омаданд
Sputnik Тоҷикистон
Маълум шуд, ки штамми нави коронавирус - омикрон ба Ӯзбекистон чӣ гуна роҳ ёфт
2022-01-10T18:55+0500
2022-01-10T18:55+0500
2022-01-10T23:41+0500
коронавирус дар русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
тандурустӣ
ӯзбекистон
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/0e/1031898530_0:172:3027:1875_1920x0_80_0_0_abafa7a6abe4bce2785705197538d05e.jpg.webp
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Омикрон, ки онро СҶБ "нигаронкунанда" номидааст, ба Ӯзбекистон роҳ ёфт ва Вазорати тандурустии ин кишвар низ расман ин хабарро тасдиқ кард."Telegram-канал"-и Sputnik Ӯзбекистон аз қавли муовини сардори раёсати тандурустӣ, Анвар Алимов хабар медиҳад, ки вирусро ба ин ҷумҳурӣ як шаҳрванди хориҷӣ аз Дубай ворид кардааст.Манбаъ омили роҳ ёфтани мусофири гирифтори штамми омикрон ба ҳавопайморо чунин шарҳ дод, ки "ё ташхиси сиҳатии ӯ аз коронавирус тақаллубӣ ё бемории ӯ дар марҳилае қарор доштааст, ки пайдо кардани вирус ғайриимкон буд".Гуфта мешавад, ҳоло ҳамаи мусофироне, ки ҳамроҳ бо он нафари гирифтори омикрон дар як ҳавопаймо парвоз карданд, дар қарантин қарор доранд.Зикр гардид, ки 130 ӯзбекистонӣ дар хона ва 70 нафари дигар дар меҳмонхона қарантин шудаанд.Алимов тавзеҳ дод, ки маризи омикрон дар бемористони сироятии Зангиоба зери назоати табибон қарор дорад.Ёдовар мешавем, Ӯзбекистон пас аз роҳ ёфтани вируси омикрон қоидаҳои вуруд ба ин кишварро тағйир дод.Ҳамин тариқ аз 15 январ хоҳишмандони сафар ба Ӯзбекистон бояд ба ҷои 72-соати қаблӣ 48 соат пеш аз рафтан аз санҷиши ПСР гузаранд.Вазорати тандурустӣ афзуд, дар сурати мавҷуд набудани шаҳодатномаи санҷиши манфии ПСР барои COVID ҳамаи меҳмонон бояд дар фурудгоҳҳо, вокзалу гузаргоҳҳои сарҳадӣ аз экспресс-санҷиши коронавирус гузаранд.
https://sputnik.tj/20220109/omikron-uzbekiston-qavonin-vurud-taghyir-dod-1044664765.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/0e/1031898530_149:0:2878:2047_1920x0_80_0_0_b4b01e7491e675f33b5bd6bcf16351c1.jpg.webpSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қарантин ӯзбекистон омикрон
қарантин ӯзбекистон омикрон
Қарантини 200 ӯзбекистоние, ки бо маризи омикрон аз Дубай омаданд
18:55 10.01.2022 (Навсозишуда: 23:41 10.01.2022) Маълум шуд, ки штамми нави коронавирус - омикрон ба Ӯзбекистон чӣ гуна роҳ ёфт
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Омикрон, ки онро СҶБ "нигаронкунанда" номидааст, ба Ӯзбекистон роҳ ёфт ва Вазорати тандурустии ин кишвар низ расман ин хабарро тасдиқ кард.
"Telegram-канал"-и Sputnik Ӯзбекистон аз қавли муовини сардори раёсати тандурустӣ, Анвар Алимов хабар медиҳад, ки вирусро ба ин ҷумҳурӣ як шаҳрванди хориҷӣ аз Дубай ворид кардааст.
"Вирус дар як шаҳрванди хориҷӣ, ки аз Дубай ба Тошканд парвоз кард, ошкор гардид", - омадааст дар хабар.
Манбаъ омили роҳ ёфтани мусофири гирифтори штамми омикрон ба ҳавопайморо чунин шарҳ дод, ки "ё ташхиси сиҳатии ӯ аз коронавирус тақаллубӣ ё бемории ӯ дар марҳилае қарор доштааст, ки пайдо кардани вирус ғайриимкон буд".
Гуфта мешавад, ҳоло ҳамаи мусофироне, ки ҳамроҳ бо он нафари гирифтори омикрон дар як ҳавопаймо парвоз карданд, дар қарантин қарор доранд.
Зикр гардид, ки 130 ӯзбекистонӣ дар хона ва 70 нафари дигар дар меҳмонхона қарантин шудаанд.
Алимов тавзеҳ дод, ки маризи омикрон дар бемористони сироятии Зангиоба зери назоати табибон қарор дорад.
Ёдовар мешавем, Ӯзбекистон пас аз роҳ ёфтани вируси омикрон қоидаҳои вуруд ба ин кишварро тағйир дод.
Ҳамин тариқ аз 15 январ хоҳишмандони сафар ба Ӯзбекистон бояд ба ҷои 72-соати қаблӣ 48 соат пеш аз рафтан аз санҷиши ПСР гузаранд.
Вазорати тандурустӣ афзуд, дар сурати мавҷуд набудани шаҳодатномаи санҷиши манфии ПСР барои COVID ҳамаи меҳмонон бояд дар фурудгоҳҳо, вокзалу гузаргоҳҳои сарҳадӣ аз экспресс-санҷиши коронавирус гузаранд.