Тоқаев: Бо кумаки Назарбоев табақаи бойҳо пайдо шуд, аммо акнун пулро тақсим кунед

© Пресс-служба Президента Кыргызской РеспубликиПрезидент Казахстана Касым-Жомарт Токаев
Президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2022
Обуна шудан
Дар Қазоқистон бунёди "Барои мардуми Қазоқистон" таъсис дода мешавад, ки бояд онро шаҳрвандони сарватманди кишвар сарпарастӣ кунанд
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев аз шаҳрвандони сарватманди Қазоқистон даъват кард, ки ба таври мунтазам пасандозҳои молии худро бо ҳамватанонашон тақсим кунанд.
"Ба шарофати президенти нахустин - элбасӣ дар кишвар як гурӯҳ ширкатҳои хеле сердаромад ва табақаи одамони сарватманд, ҳатто аз рӯи меъёрҳои байналмилалӣ доротар пайдо шуданд. Фикр мекунам, вақти он расидааст, ки ба мардуми Қазоқистон арҷгузорӣ ва ба онҳо мунтазам кумак кунем", - гуфт Тоқаев зимни муроҷиаташ ба парлумон ва мардуми ин кишвар.
Президент гуфт, дар Қазоқистон хазинаи "Барои мардуми Қазоқистон" таъсис мешавад ва дастур дод, ки афроде барои сарпарастии доимии ин бунёд пайдо карда шаванд.
"Ин хазинаи президент ё ҳукумат ё ягон ниҳоди дигари давлатӣ нест. Ин хазинаи тамоми қазоқистониён аст. Ин хазинаи мардумист. Он дар назди ҳукумат фаъолият намекунад. Шӯрои нозирони бонуфуз таъсис мешавад. Раҳбари ростқавл, масъулиятшинос таъйин шуд”, - таъкид кард Тоқаев.
Ин кишвардор изҳор дошт, шаффофияти пурраи фаъолияти ин бунёд, ҳисоботдиҳӣ ва назорат аз болои ҷомеа таъмин мешавад. Нақшаҳо, буҷа ва тарҳҳои хазина дар торнамо нашр хоҳанд шуд.
Алихан Смаилов, фото из архива - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2022
Сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд: ӯ кист?
Фонд аз ҳисоби сарчашмаҳои хусусӣ ва давлатӣ маблағгузорӣ мешавад. Қарор аст, кумак аз созмонҳои байналмилалии хайрия ба он низ ҷалб шавад. Маблағгузории операторони бозиҳои бурднок ва дигар монополиистҳо ба ин бунёд иҷозат дода мешавад.
Маболиғи ин хазина барои ҳалли мушкилоти соҳаи тандурустӣ, маориф, иҷтимоӣ масраф мешавад.
"Мо ба кӯдакони лаёқатманд кумак хоҳем кард. Фарҳангро дастгирӣ мекунем. Мо ба Алмаато кумак мекунем, то аз фоҷеаи мудҳиш раҳо шавад. Аз ин хазина мо ба хонаводаҳои пулис ва низомиёни кушташуда кумак хоҳем кард. Ва инҳо танҳо чанд мисоланд", — гуфт ӯ.
"Албатта, мо аз тиҷорати бузург саҳми назаррас ва мунтазам интизорем. Ҳукумат бояд доираи ширкатҳоро муайян кунад ва бо онҳо ҳаҷми саҳмияҳои солона ба фондро мувофиқа кунад. Илова бар ин, ман аз онҳое, ки маблағҳои бузург доранд ва зери соя рафтаанд, иштироки ҷиддӣ интизорам" , - гуфт Тоқаев дар ҷаласа.
Сарвари Қазоқистон итминон дорад, ки ин фонд метавонад як василаи дигари муттаҳидсозии ҷомеа ва таҳкими ҳисси адолати иҷтимоӣ дар ин кишвар гардад.
Лентаи хабарҳо
0