Сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд: ӯ кист?

© Sputnik / Абзал КалиевАлихан Смаилов, фото из архива
Алихан Смаилов, фото из архива - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2022
Обуна шудан
Палатаи поёнии парлумони Қазоқистон номзадии нахуствазири навро тасдиқ кард
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Раисиҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 11 январ фармон дар бораи таъйини нахуствазири навро имзо кард. Дар ин бора хадамоти матбуотии президенти Қазоқистон хабар медиҳад.
Акнун мақоми нахуствазирии ин кишварро Алихон Исмоилов ишғол мекунад.

"Исмоилов Алихон Асханович сарвазири Қазоқистон таъйин шавад", — омадааст дар фармони президент.

Тоқаев номзадии ин сиёсатмадорро зимни суханронии худ дар маҷлис тавассути видеоконфронс пешниҳод кард.
Алихон Исмоилов 49 сол дошта, аз моҳи майи соли 2020 то кунун муовини аввали нахуствазири Қазоқистон буд. Қабл аз ин ӯ дар солҳои гуногун дар вазифаи вазири молия ва ёвари раисҷумҳур кор карда буд.
Рӯзи панҷуми январ, пас аз эътирозҳо Тоқаев истеъфои сарвазири собиқ Аскар Мамин ва тамоми ҳукуматро пазируфт.
Аз он лаҳза вазирон корро то таъйини кобинаи нав ба сифати сарпараст давом доданд. Иҷрокунандаи вазифаи сарвазири Қаазоқистон ба ҷои Мамин Исмоилов таъйин шуда буд.

Эътирозҳо дар Қазоқистон

Эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон авоили моҳи январи соли 2022 оғоз шуданд. Сабаби эътирози мардум ду баробар боло рафтани қимати гази моеъ гуфта мешуд.
Комиссияи ташкилшудаи ҳукуматӣ омодагии худро барои коҳиш додани нарх эълон кард, аммо эътирозҳо ба шаҳрҳои дигар паҳн шуданд. Онҳо ба зудӣ ба бетартибиҳо, куштору ғорат ва ҳамла ба муассисаҳои давлатӣ табдил ёфтанд.
Дар пасманзари тезутунд шудани вазъ дар Қазоқистон вазъияти изтирорӣ эълон шуду ҳамоишҳои оммавӣ ва фурӯши аслиҳа мамнуъ гардид.
Раисҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ҳукуматро барканор карда, раёсати Шӯрои амнияти ҷумҳуриро бар уҳда гирифт, нахустин президенти ин кишвар Нурсултон Назарбоев аз ин мақом барканор шуд.
Военнослужащие на оперативно-стратегических учениях коллективных сил Организации Договора о коллективной безопасности (ОДКБ) - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2022
Маълум шуд, ки кай нерӯҳои Тоҷикистон аз Қазоқистон хориҷ мешаванд
Илова бар ин бо дархости Тоқаев як гурӯҳ аз низомиёни кишварҳои узви СААД ба қаламрави ин кишвар ворид шуд.
Дар натиҷаи задухӯрдҳо талафоти зиёде дида мешавад, мақомоти қудратии ин кишвар аз боздошти аъзои гурӯҳҳои террористӣ хабар медиҳанд.
Ба иттилои СММ, дар ҷараёни эътирозҳо тақрибан 1000 нафар ҷароҳат бардошта ва зарар аз ин эътирозҳо аз 200 миллион доллар ҳам бештар гуфта мешавад.
Гуфта мешавад, ки гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ дар пасманзари нооромиҳо дар ин кишвар ба фаъолият шуруъ кардаанд.
Касым Токаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2022
Тоқаев зиёни ошӯбҳо ба иқтисоди Қазоқистонро 2-3 миллиард доллар гуфт
Вазорати корҳои хориҷии Русия ҳодисаҳои Қазоқистонро як кӯшиши зӯроварӣ барои халалдор кардани амният ва якпорчагии давлат арзёбӣ мекунад.
Парвозҳо аз Алмаато ба Душанбе мавқуф шуд
То нуҳуми январ 508 нафар аз иштирокчиёни ҳамлаҳои террористӣ, ғоратгарӣ ва ҷиноятҳои дигар боздошт ва 22 аслиҳаи оташфишону 1412 дона тир мусодира шудааст.
Дар Қазоқистон таътили зимистонаи мактаббачагон то 17 январ ва аз донишҷӯёни коллеҷҳо то 24 январ тамдид шуд.
Дар ошӯбҳо дар Қазоқистон ҳудуди 400 мақомдори қудратӣ ҷароҳат бардошт. 10 январ дар Қазоқистон рӯзи мотами миллӣ эълон гашт.
Лентаи хабарҳо
0