Врачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2021
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Созмони ҷаҳонии беҳдошт моҳи марти соли 2020 пандемияи коронавирус эълон кард

СҶБ: Пандемия ба наздикӣ поён меёбад, аммо дар се моҳи оянда вазъ мушкил мешавад

© Sputnik / Виталий Тимкив / Гузариш ба медиабонкЛечение больных Covid-19 в ККБ №2 Краснодара
Лечение больных Covid-19 в ККБ №2 Краснодара  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2022
Обуна шудан
Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ҳушдор додааст, ки вазъияти коронавирус дар се моҳи оянда мушкил мешавад
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Замони поёни пандемияи коронавирус дар саросари ҷаҳон аллакай дида мешавад, аммо дар се моҳи оянда вазъи ҷаҳонии тандурустӣ вазнин боқӣ хоҳад монд.
Дар ин бора намояндаи вижаи Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт Дэвид Набарро хабар дод.
Ӯ дар мусоҳиба бо "Sky News" изҳор кардааст, ки анҷоми пандемия дур нест. Ин намояндаи СҶБ ҳушдор дод, ки дар ояндаи наздик штаммҳои нави коронавирус пайдо мешаванд.
Набарро илова кард, ки гарчанде системаҳои тандурустии Аврупои Ғарбӣ бо пандемия мубориза мебаранд, аммо "дар бисёр қисматҳои дигари ҷаҳон" вазъ ба ҳолати вазнин наздик аст.
Ситуация в связи с коронавирусом  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2022
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Қарантини 200 ӯзбекистоние, ки бо маризи омикрон аз Дубай омаданд
Тавре намояндаи вижаи созмони мазкур таъкид кард, мубориза бо COVID-19 аз он сабаб мушкил шудааст, ки кишварҳои рӯ ба тараққӣ наметавонанд чораҳои қатъии маҳдудкунанда андешанд, зеро дар чунин ҳол ба иқтисоди миллии онҳо зарари ҷиддӣ мерасад.
"Ҳадди ақал се моҳи оянда душвор хоҳад буд", - ҳушдор додааст Набарро.
Вай қайд кард, ки бо сабаби пайдоиши штаммҳои нав дар ҳар се-чор моҳ эҳтимоли хуруҷи беморӣ вуҷуд дорад.
Ёдовар мешавем, моҳи декабр коршиноси СҶБ Мария Ван Керхове изҳори умедворӣ карда буд, ки пандемияи коронавирус дар соли 2022 хотима меёбад.
Феълан штамми навтарине, ки раванди тавсеаи он ниҳоят сареъ аст, буруз намудааст ва он аллакай ба Ӯзбекистону Қазоқистон роҳ ёфтааст.
Дар Тоҷикистон вазъи коронавирус феълан муътадил аст, вале намояндаи Вазорати тандурустӣ Наврӯз Ҷаъфаров қаблан изҳор карда буд, ки эҳтимол штамми омикрон ҳам ба Тоҷикистон роҳ ёбад.
Лентаи хабарҳо
0