"Бахшеду раҳояш кунед": рақиби ашадии Чоршанбе аз Тоҷикистон озодии ӯро хост - видео

© Instagram Чоршанбе ЧоршанбиеваЧоршанбе Чоршанбиев
Чоршанбе Чоршанбиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.01.2022
Обуна шудан
Муҳаммад Ҳайбатӣ мегӯяд, Чоршанбе Чоршанбиев саҳв кард, аммо зуд ислоҳ шуду бахшиши пурсид. Ӯ аз ҳукумати Тоҷикистон даъват намуд. ки размкори тоҷикро бахшанд ва раҳо кунанд
ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Муҳаммад Ҳайбатӣ, ки бештар бо номи Перс машҳур аст, ба ҷонибдорӣ аз Чоршанбе Чоршанбиев садо баланд кард, ҳарчанд рақиби ашадии размкори тоҷик мебошад.
Ҳайбатӣ бо нашри як навор бо забони форсӣ аз мардум ва ҳукумати Тоҷикистон хост, Чоршанбе бахшида ва аз ҷавобгарӣ раҳо шавад. Ба гуфтаи ӯ, Чоршанбе ҳарчанд иштибоҳ карда буд, вале зуд хатогии худро дарк кард ва расман пӯзиш хост.
Ӯ аз фарҳанги ягонаи мардуми форсизабон гуфт ва даъват намуд, ки "биёед аз давлати Тоҷикистон дархост кунем, то Чоршанбе бахшида ва озод шавад".

"Бо ҳамин нишон медиҳем, ки мардуми форс меҳрубон ва доно ҳастанд. Агар мо бо ҳам дӯст набошем, касе бо мо дӯст намешавад", - афзудааст ӯ.

Ёдовар мешавем, размкори шинохтаи тоҷики ширкати "Fight Nights Global промоушн" Чоршанбе Чоршанбиев барои пойга дар нақби Лефортово рӯзи сеюми декабри соли 2021 боздошт гардида буд.
Пас аз 27 рӯз ҳукм алайҳи варзишгар содир шуд ва Чоршанбиевро ба Тоҷикистон ихроҷ карданд. Бо вориди Тоҷикистон шудан варзишкор бо иттиҳоми барангехтани кинаю адовати миллию маҳаллӣ ва даъвати оммавӣ дар ҷиҳати тағйир додани сохти конститутсионии Тоҷикистон боздошт шуд.
Алайҳи ӯ бар асоси моддаҳои 189 ва 307-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парванда боз гардидааст.
Чоршанбе Чоршанбиев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.12.2021
Таҳдиди то 20 соли зиндон ба Чоршанбеев: шарҳи расмии ҳабсу айби размкор ва блогер
Чоршанбиев 26 сол дошта, дар Хоруғ таваллуд шудааст. Ӯ пас аз хатми мактаб ба варзишҳои навъи киокушинкай, каратэ ва баъд ба муҳорибаи омехта рӯй овард.
Варзишгари ҷавон дар мусобиқаҳои дохиликишварӣ ва ҳам хориҷ аз он ширкат кардааст. Вай аз соли 2016 дар Маскав ба сар мебарад. Чоршанбиев як узви "Fight Nights Global", қаҳрамони Ҷоми ҷаҳонии IFFCF-MMA ва размандаи феълии MMA мебошад. Ӯ миёни мардум бо суханони баҳсбарангези худ маъруф аст.
Номбурда дар муҳорибаҳои омехта чаҳор пирӯзӣ, як мусовӣ ва ду бохт дорад. Бори охир ӯ моҳи сентябри соли гузашта дар мусобиқаи "Fight Nights Global" бар Радомир Филиппови рус пирӯз шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0