Тоқаев зиёни ошӯбҳо ба иқтисоди Қазоқистонро 2-3 миллиард доллар гуфт

© APКасым Токаев
Касым Токаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2022
Обуна шудан
Президенти Қазоқистон ҳадс мезанад, ки ошӯбҳои ахир ба иқтисоди ин кишвар миллиардҳо доллар хисорот ворид кард
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Зиёни иқтисодӣ аз нооромиҳои ахири Қазоқистон метавонад 2-3 миллиард долларро ташкил диҳад, изҳор дошт президенти ин кишвар Қосимҷомарт Тоқаев дар суҳбат бо раиси Шӯрои Аврупо Чарлз Мишел, ки дар шакли маҷозӣ сурат гирифт.
Тоқаев ҳодисаҳои фоҷиабори рухдодаро таҷовузи бесобиқа ба ин давлат номид.
Ба таъкиди ӯ, амалҳои хушунатомези террористон боиси кушта шудани теъдоди кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ҳамчунин мардуми осоишта гардид.
Правоохранители во время протестов в Казахстане  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2022
Сиёсатшинос: вазъи Қазоқистон ба тарҳҳои иқтисодии Тоҷикистон таҳдид мекунад
Ба ҳисоби президент, дар беназмиҳо ахир тақрибан 1300 корхона осеб дида, беш аз 100 маркази савдо ва бонк мавриди ҳамла қарор гирифтаанд. Инчунин 500 мошини кормандони милиса пурра ба коми оташ рафтааст.

"Зарари иқтисодӣ ба давлат метавонад 2-3 миллиард долларро ташкил диҳад", - тахмин зад Тоқаев.

Роҳбари Қазоқистон бар ин бовар аст, ки дар ошӯбҳо ҷангҷӯёни хориҷӣ, асосан аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистону Ховари Миёна ширкат доштанд.
Ёдовар мешавем, 10 январ сарони кишварҳои узви СААД дар робита ба вазъи феълии Қазоқистон нишасти ғайринавбатӣ баргузор намуданд, ки дар ҷараёни он президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чанд пешниҳод ироа намуд.
Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла пешниҳод кард, ки барои таҳкими марзи Тоҷикистону Афғонистон як “камарбанди амниятӣ” дар атрофи Афғонистон эҷод шавад.
Суханронии пурраи Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти СААД - видео
Роҳбари давлат ҳамчунин қайд кард, ки дар наздикии марзҳои ҷанубии СААД ҳудуди шаш ҳазор ҷангҷӯ ва беш аз 40 ячейкаи омӯзишии террористӣ ҷойгир шудаанд.
Эътирозҳо дар Қазоқистон рӯзи панҷуми январ дар пайи гарон шудани арзиши гази моеъ сар заданд. Тибқи иттилои ғайрирасмӣ, дар ошӯбҳои ин кишвар дастикам 164 нафар кушта шуд.
Лентаи хабарҳо
0