Қадрдонии мақомоти тандурустии Русия аз пизишки тоҷик

© InstagramИлҳом Худобердиев - анестезиолог - реаниматологи тоҷики муқими Русия
Илҳом Худобердиев - анестезиолог - реаниматологи тоҷики муқими Русия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2022
Обуна шудан
Мақомоти тандурустии Русия аз табиби тоҷик, барои меҳнати софдилона қадрдонӣ кард
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Кумитаи тандурустии вилояти Волгогради Русия пизишки тоҷик, мутахассиси беҳушӣ ва муроқибатҳои вижа (анестизиолог-реаниматолог) Илҳом Худобердиевро бо ифтихорнома қадрдонӣ кард.
Худобердиев дар саҳифааш дар Instagram акси ифтихорномаро нашр кардааст.

"Ифтихорнома ба Худобердиев Илҳом - пизишки мутахассиси беҳушӣ ва муроқибатҳои вижаи шуъбаи асабшиносии табобатхонаи Марказии ноҳиявии Михайловская барои меҳнати софдилонаи чандинсола дар соҳаи тандурустии вилояти Волгоград супорида мешавад".

Илҳом Худобердиев аз соли 2018 ба ин сӯ дар Беморхонаи марказии ноҳияи Михайловкаи вилояти Волгоград ба ҳайси пизишки мутахассиси беҳушӣ ва муроқибатҳои вижа кор мекунад.
Аз оғози ҳамагирии коронавирус, пизишки тоҷик дар "минтақаи сурх" - и беморхона фаъолият карда бар зидди ин вабои аср мубориза мебарад.
Абдуллоева Сурайё Мамадшоевна, духтури тоҷик, ки дар Русия фаъолият дорад - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.11.2021
Путин ба табиби тоҷик барои корнамоӣ алайҳи COVID-19 дар Русия орден дод
Худобердиев хатмкардаи Донишгоҳии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино мебошад.
Соли 2016 дар Донишгоҳи Дӯстии Халқҳои Маскав бахши ординатураро поён бурда, дар беморхонаҳои марказии пойтахти Русия таҷрибаомӯзӣ кардааст.
Илҳом Худобердиев 1 октябри соли 1989 дар ноҳияи Рӯшони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар хонаводаи табиб ба дунё омадааст. Ӯ оиладор ва соҳиби ду фарзанд аст.
Лентаи хабарҳо
0