https://sputnik.tj/20211124/farmoni-putin-orden-tabib-tojik-muboriza-rusiya-1043726818.html
Путин ба табиби тоҷик барои корнамоӣ алайҳи COVID-19 дар Русия орден дод
Путин ба табиби тоҷик барои корнамоӣ алайҳи COVID-19 дар Русия орден дод
Sputnik Тоҷикистон
Владимир Путин табиби тоҷикро, ки дар Русия кор мекунад, барои корнамоиҳояш дар мубориза бо коронавирус бо орден қадрдонӣ кардааст 24.11.2021, Sputnik Тоҷикистон
2021-11-24T11:00+0500
2021-11-24T11:00+0500
2021-11-24T12:29+0500
тандурустӣ
раисҷумҳур
корманди тиб
корманд
дар русия
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/18/1043727273_0:181:720:586_1920x0_80_0_0_0e19bbb741a9f6369e437a38e2dc43b6.jpg
ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik. Абдуллоева Сурайё Мамадшоевна, пизишки собиқадори тоҷик, ки дар Русия фаъолият мекунад, бо фармони Владимир Путин бо ордени Пирогов қадрдонӣ шуд. Орден ба Сурайё Абдуллоева барои хизматҳояш дар мубориза бо коронавирус тақдим гардида, дар маҷмуъ ин мукофоти давлатиро ҳудуди 60 корманди соҳаи тиб сазовор шудаанд, хабар додаанд расонаҳои Маскав. Абдуллоева, табиби кӯдакон хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино буда, феълан дар беморхонаи марказии ноҳияи Шатури вилояти Маскав фаъолият мекунад. Ӯ ҳудуди 35 сол собиқаи корӣ дорад. Ордени Пирогов ҷоизаи давлатии Русия мебошад, ки бо фармони раисҷумҳури ин кишвар аз 19 июни соли 2020 таъсис дода шуда, ба исми олиму ҷарроҳи рус Николай Иванович Пирогов номгузорӣ шудааст. Ин ҷоиза барои корнамоиҳо дар зимни ироаи кумаки тиббӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда, эпидемия, амалиёти ҷангӣ ва дигар ҳолатҳои хатарнок ба табибони Русия тақдим мешавад.
https://sputnik.tj/20211119/siroyatshinos-zamon-kohish-margumir-odamon-koronavirus-1043645443.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/18/1043727273_0:113:720:653_1920x0_80_0_0_ec0e32ee9bf24fa34f4d72834ea7d90b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тандурустӣ, раисҷумҳур, корманди тиб, корманд, дар русия, коронавирус
тандурустӣ, раисҷумҳур, корманди тиб, корманд, дар русия, коронавирус
Путин ба табиби тоҷик барои корнамоӣ алайҳи COVID-19 дар Русия орден дод
11:00 24.11.2021 (Навсозишуда: 12:29 24.11.2021) Владимир Путин табиби тоҷикро, ки дар Русия кор мекунад, барои корнамоиҳояш дар мубориза бо коронавирус бо орден қадрдонӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 24 ноя - Sputnik. Абдуллоева Сурайё Мамадшоевна, пизишки собиқадори тоҷик, ки дар Русия фаъолият мекунад, бо фармони Владимир Путин бо ордени Пирогов қадрдонӣ шуд.
Орден ба Сурайё Абдуллоева барои хизматҳояш дар мубориза бо коронавирус тақдим гардида, дар маҷмуъ ин мукофоти давлатиро ҳудуди 60 корманди соҳаи тиб сазовор шудаанд,
хабар додаанд расонаҳои Маскав.
Абдуллоева, табиби кӯдакон хатмкардаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино буда, феълан дар беморхонаи марказии ноҳияи Шатури вилояти Маскав фаъолият мекунад. Ӯ ҳудуди 35 сол собиқаи корӣ дорад.
Ордени Пирогов ҷоизаи давлатии Русия мебошад, ки бо фармони раисҷумҳури ин кишвар аз 19 июни соли 2020 таъсис дода шуда, ба исми олиму ҷарроҳи рус Николай Иванович Пирогов номгузорӣ шудааст. Ин ҷоиза барои корнамоиҳо дар зимни ироаи кумаки тиббӣ ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда, эпидемия, амалиёти ҷангӣ ва дигар ҳолатҳои хатарнок ба табибони Русия тақдим мешавад.