https://sputnik.tj/20220111/begona-in-jo-nest-ima-mutavajjeh-ehyo-ijshs-shudaast-1044715045.html
Бегонае ин ҷо нест: ИМА мутаваҷҷеҳи эҳёи ИҶШС шудааст
Бегонае ин ҷо нест: ИМА мутаваҷҷеҳи эҳёи ИҶШС шудааст
Sputnik Тоҷикистон
Ҳодисаҳои Қазоқистонро наметавон берун аз он чизе, ки Ғарб "ултиматуми Путин" номид
2022-01-11T15:20+0500
2022-01-11T15:20+0500
2022-01-11T15:31+0500
дар ҷаҳон
има
қазоқистон
иттиҳод
кремл
ссср
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0b/1044707460_0:77:1507:925_1920x0_80_0_0_fa41418b1d84814ab094a02889e57cf1.jpg
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik, Петр Акопов. Ҳодисаҳои Қазоқистонро аллакай омодагӣ ба як муомилоти бузурги Маскаву Вашингтон арзёбӣ мекунанд: Ғарб кӯшиш кард, ки нооромиҳои ин ҷумҳуриро ба манфиати худ истифода барад, сенарияи худро иҷро кунад, аммо Русия дарҳол ба кумаки мақомоти ин кишвар омад. Ин ҷо баҳсе матраҳ аст, ки дар ниҳоят вазъи Қазоқистон ба манфиати кӣ рақам хӯрд: Русияе, ки нуфузи худро дар фазои пасошӯравӣ тасдиқ кардааст ё ИМА-е, ки имкони изофӣ гирифт, то Маскавро ҳамчун таҷовузкор муаррифӣ кунад?Аммо ҳарчанд Иёлоти Муттаҳида ҳоло аз мавзуи "рафъи нерӯҳои Русия хеле душвор аст" истифода мекунад, маънои аслии рӯйдодҳои Қазоқистон барои онҳо дигар аст: онҳо дар ниҳоят итминон доранд, ки Русия нуфузи худро дар фазои пасошӯравӣ барқарор мекунад.Яъне "ултиматуми Путин" тасодуфию дурӯғ нест, аз ин рӯ амрикоиҳо дар фазои нороҳату номуайян музокирот бо Маскавро оғоз мекунанд. Натиҷа чӣ мешавад, русҳо чӣ кор карда истодаанд? ИҶШС-ро барқарор мекунанд? Рӯзи якшанбе ба CNN дар ин бора котиби давлатӣ Энтони Блинкенро суол кард ва ӯ дар ин маврид посухи мусбат дод:"Ман фикр мекунам, ҳамин тавр аст. Ин яке аз аҳдофи президент Путин аст. Ва ин маънои барқарор кардани доираи нуфуз бар кишварҳоеро дорад, ки қаблан дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ буданд".Аммо чунон ки Блинкен илова намуд, "эҳёи ИҶШС қобили қабул нест". Яъне чунон ки онҳо дар давоми даҳ соли охир дар Вашингтон такрор кардан мехоханд, "мо ба шумо иҷозат намедиҳем, ки ин корро кунед".Стратеги асосии сиёсати хориҷии ҳукумати қаблии Амрико, мушовири собиқи амнияти миллии Трамп Ҷон Болтон аз он натиҷаи вокуниши нодурусташ ба рӯйдодҳои Қазоқистон метарсад. Дар матлаби рӯзи якшанбеи рӯзномаи “The Wall Street Journal” таҳти унвони "Оё буҳрон дар Қазоқистон эҳёи Иттиҳоди Шӯравӣ аст?" Болтон ҳушдор дод: Барои пешгирӣ аз бозгашти ИҶШС Болтон хоҳиш мекунад, ки "ба талабҳои Путин таслим нашаванд, бахусус исрори ӯ, ки НАТО уҳдадор мешавад, ба Шарқ густариш наёбад". Вай талаб намекунад, ки Украина фавран ба НАТО пазируфта шавад, балки пешниҳод мекунад, "ба таври фаврӣ стратегияи ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ, ки аъзои ин паймон нестанд, таҳия шавад.Маълум мешавад, ба андешаи ӯ, кафолати пеш нарафтан ба Шарқро набояд қабул ва стратегияи ҳифзи фазои пасошӯравиро аз русҳо таҳия бояд кард, вагарна онҳо Иттиҳоди Шӯравиро эҳё мекунанд.Бале, Болтон ба қобилияти атлантикҳо барои нигоҳ доштани як бахше аз фазои пасошӯравӣ (ҳадди ақал Украина, Гурҷистон ва Молдова) бовар дорад ва барои ин лозим аст, ки Путинро бо қудрати худ "фиристод". Аъзои НАТО аз он метарсанд, ки ба атлантизатсияи Украина худи Ғарб раванди бозсозии фазои пасошӯравиро метезонад. Охир, Маскав дар ниҳоят мутмаин хоҳад шуд, ки онҳо мутлақан намехоҳанд манофеи худро ба назар бигиранд ва ҳар кореро анҷом медиҳанд, то иттиҳодро аз фурсатҳои бозӣ бо корти Украина маҳрум созанд.Ман дар ин ҷо чӣ гуфта метавонам? Барқарор кардани назорати геополитикии Русия бар фазои пасошӯравӣ воқеан сурат хоҳад гирифт. Шумо метавонед онро эҳёи Иттиҳоди Шӯравӣ хонед, аммо мо дар бораи бунёди Иттиҳоди Авруосиё суҳбат хоҳем кард. Ғарб метавонад ба ин монеъ шавад, метавонад алайҳи ин иқдом изҳорот диҳад ва ҳамаро аз Русия тарсонад, аммо ин ҳама чандон муҳим нестанд.Чунки мо давлати воқеан коро ва анъанаи давлатдорӣ,ҳамбастагии тақдиру манофеъ бо давлатҳои ҳамсоя, ҳатто масъулияте дар баробари онҳо дорем. Зеро оромии онҳо масъалаи амнияти мосту аз он ҷо миллионҳо муҳоҷир дорем ва мо дарк мекунем, ки шароити ҷаҳонӣ барои ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ имкони "танҳо мустақил, новобаста аз касе"-ро пешбинӣ намекунад.Аммо худи мардуми мамлакатҳои сотсиалистии собиқ инро то чӣ андоза хуб дарк мекунанд? Охир, чанд сол аст, ки нухбагони маҳаллӣ ва ҳам нерӯҳои беруна ба онҳо таълим медиҳанд, ки бузургтарин, мустақил ва сазовори зиндагии беҳтаранд ва баъзе бозигарони беруна ҳамаи мушкилотро ба ишғоли рус ва ё фитнагариҳои ҷангҷӯёнаи Кремл рабт медиҳанд. Таблиғ, албатта, ба як қисми ҷомеа таъсир мерасонад ва мо бояд элитаи маҳаллиро пайваста ба ислоҳи идеология ва тарбия, аз ҷумла дар масъалаҳои муаррифии гузаштаи умумии мо водор кунем, зеро вақте ки лаҳзаи ҳақиқат фаро мерасад, аз Маскав ёрӣ талаб мешавад, чунки он фиреб намедиҳад, таҳдидҳои умумӣ вуҷуд доранд. Новобаста аз он ки бадхоҳони мо чӣ гуна кӯшишҳое мекунанд, то ва хотираи таърихию ояндаи муштараки моро ба ихлол мувоҷеҳ кунанд, муваффақ намешаванд.
https://sputnik.tj/20211223/putin-okhirin-nuqta-suqut-ijshs-guzosht-1044355619.html
https://sputnik.tj/20211211/nazarboev-sabab-poshkhuri-sssr-guft-1044094517.html
https://sputnik.tj/20211209/gharb-metarsad-putin-ijshs-barqaror-mekunad-1044053409.html
има
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0b/1044707460_25:0:1258:925_1920x0_80_0_0_8625043b43a0e8c83ebfc352a744d130.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
има русия иттиҳод қазоқистон идм иҷшс амрико украина
има русия иттиҳод қазоқистон идм иҷшс амрико украина
Бегонае ин ҷо нест: ИМА мутаваҷҷеҳи эҳёи ИҶШС шудааст
15:20 11.01.2022 (Навсозишуда: 15:31 11.01.2022) Ҳодисаҳои Қазоқистонро наметавон берун аз он чизе, ки Ғарб "ултиматуми Путин" номид, яъне тақозоҳои Русия аз Иёлоти Муттаҳида дар бораи даст кашидан аз Украина, фазои пасошӯравӣ ва музокироти шуруъшудаи Русияву Амрико таҳлилу арзёбӣ кард
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik, Петр Акопов. Ҳодисаҳои Қазоқистонро аллакай омодагӣ ба як муомилоти бузурги Маскаву Вашингтон арзёбӣ мекунанд: Ғарб кӯшиш кард, ки нооромиҳои ин ҷумҳуриро ба манфиати худ истифода барад, сенарияи худро иҷро кунад, аммо Русия дарҳол ба кумаки мақомоти ин кишвар омад.
Ин ҷо баҳсе матраҳ аст, ки дар ниҳоят вазъи Қазоқистон ба манфиати кӣ рақам хӯрд: Русияе, ки нуфузи худро дар фазои пасошӯравӣ тасдиқ кардааст ё ИМА-е, ки имкони изофӣ гирифт, то Маскавро ҳамчун таҷовузкор муаррифӣ кунад?
Аммо ҳарчанд Иёлоти Муттаҳида ҳоло аз мавзуи "рафъи нерӯҳои Русия хеле душвор аст" истифода мекунад, маънои аслии рӯйдодҳои Қазоқистон барои онҳо дигар аст: онҳо дар ниҳоят итминон доранд, ки Русия нуфузи худро дар фазои пасошӯравӣ барқарор мекунад.
Яъне "ултиматуми Путин" тасодуфию дурӯғ нест, аз ин рӯ амрикоиҳо дар фазои нороҳату номуайян музокирот бо Маскавро оғоз мекунанд. Натиҷа чӣ мешавад, русҳо чӣ кор карда истодаанд? ИҶШС-ро барқарор мекунанд? Рӯзи якшанбе ба CNN дар ин бора котиби давлатӣ Энтони Блинкенро суол кард ва ӯ дар ин маврид посухи мусбат дод:
"Ман фикр мекунам, ҳамин тавр аст. Ин яке аз аҳдофи президент Путин аст. Ва ин маънои барқарор кардани доираи нуфуз бар кишварҳоеро дорад, ки қаблан дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ буданд".
Аммо чунон ки Блинкен илова намуд, "эҳёи ИҶШС қобили қабул нест". Яъне чунон ки онҳо дар давоми даҳ соли охир дар Вашингтон такрор кардан мехоханд, "мо ба шумо иҷозат намедиҳем, ки ин корро кунед".
Стратеги асосии сиёсати хориҷии ҳукумати қаблии Амрико, мушовири собиқи амнияти миллии Трамп Ҷон Болтон аз он натиҷаи вокуниши нодурусташ ба рӯйдодҳои Қазоқистон метарсад. Дар матлаби рӯзи якшанбеи рӯзномаи “The Wall Street Journal” таҳти унвони "Оё буҳрон дар Қазоқистон эҳёи Иттиҳоди Шӯравӣ аст?" Болтон ҳушдор дод:
"Сахтии НАТО ҳоло метавонад ҳадафҳои тавсеаталабонаи Путинро дастнорас созад. Аммо агар НАТО танҳо бо риторика дар бораи "тартиботи байналмилалие, ки бар қоидаҳо асос ёфтааст", маҳдуд шавад ва ҳама ҷонибҳоро ба "худдорӣ" даъват кунад, пас таърихшиносон метавонанд буҳрони Қазоқистонро бархостани Иттиҳоди Шӯравӣ аз хокистар унвон кунанд".
Барои пешгирӣ аз бозгашти ИҶШС Болтон хоҳиш мекунад, ки "ба талабҳои Путин таслим нашаванд, бахусус исрори ӯ, ки НАТО уҳдадор мешавад, ба Шарқ густариш наёбад". Вай талаб намекунад, ки Украина фавран ба НАТО пазируфта шавад, балки пешниҳод мекунад, "ба таври фаврӣ стратегияи ҷумҳуриҳои собиқи шӯравӣ, ки аъзои ин паймон нестанд, таҳия шавад.
Маълум мешавад, ба андешаи ӯ, кафолати пеш нарафтан ба Шарқро набояд қабул ва стратегияи ҳифзи фазои пасошӯравиро аз русҳо таҳия бояд кард, вагарна онҳо Иттиҳоди Шӯравиро эҳё мекунанд.
Бале, Болтон ба қобилияти атлантикҳо барои нигоҳ доштани як бахше аз фазои пасошӯравӣ (ҳадди ақал Украина, Гурҷистон ва Молдова) бовар дорад ва барои ин лозим аст, ки Путинро бо қудрати худ "фиристод".
Аъзои НАТО аз он метарсанд, ки ба атлантизатсияи Украина худи Ғарб раванди бозсозии фазои пасошӯравиро метезонад. Охир, Маскав дар ниҳоят мутмаин хоҳад шуд, ки онҳо мутлақан намехоҳанд манофеи худро ба назар бигиранд ва ҳар кореро анҷом медиҳанд, то иттиҳодро аз фурсатҳои бозӣ бо корти Украина маҳрум созанд.
Ман дар ин ҷо чӣ гуфта метавонам? Барқарор кардани назорати геополитикии Русия бар фазои пасошӯравӣ воқеан сурат хоҳад гирифт. Шумо метавонед онро эҳёи Иттиҳоди Шӯравӣ хонед, аммо мо дар бораи бунёди Иттиҳоди Авруосиё суҳбат хоҳем кард. Ғарб метавонад ба ин монеъ шавад, метавонад алайҳи ин иқдом изҳорот диҳад ва ҳамаро аз Русия тарсонад, аммо ин ҳама чандон муҳим нестанд.
Чунки мо давлати воқеан коро ва анъанаи давлатдорӣ,ҳамбастагии тақдиру манофеъ бо давлатҳои ҳамсоя, ҳатто масъулияте дар баробари онҳо дорем. Зеро оромии онҳо масъалаи амнияти мосту аз он ҷо миллионҳо муҳоҷир дорем ва мо дарк мекунем, ки шароити ҷаҳонӣ барои ҷумҳуриҳои пасошӯравӣ имкони "танҳо мустақил, новобаста аз касе"-ро пешбинӣ намекунад.
Аммо худи мардуми мамлакатҳои сотсиалистии собиқ инро то чӣ андоза хуб дарк мекунанд? Охир, чанд сол аст, ки нухбагони маҳаллӣ ва ҳам нерӯҳои беруна ба онҳо таълим медиҳанд, ки бузургтарин, мустақил ва сазовори зиндагии беҳтаранд ва баъзе бозигарони беруна ҳамаи мушкилотро ба ишғоли рус ва ё фитнагариҳои ҷангҷӯёнаи Кремл рабт медиҳанд.
Таблиғ, албатта, ба як қисми ҷомеа таъсир мерасонад ва мо бояд элитаи маҳаллиро пайваста ба ислоҳи идеология ва тарбия, аз ҷумла дар масъалаҳои муаррифии гузаштаи умумии мо водор кунем, зеро вақте ки лаҳзаи ҳақиқат фаро мерасад, аз Маскав ёрӣ талаб мешавад, чунки он фиреб намедиҳад, таҳдидҳои умумӣ вуҷуд доранд. Новобаста аз он ки бадхоҳони мо чӣ гуна кӯшишҳое мекунанд, то ва хотираи таърихию ояндаи муштараки моро ба ихлол мувоҷеҳ кунанд, муваффақ намешаванд.