https://sputnik.tj/20211202/tayinot-kadr-sughd-tojikstandart-1043882427.html
Таъйиноти кадрӣ дар Суғд: раиси идораи "Тоҷикстандарт" иваз шуд, ӯ кист?
Таъйиноти кадрӣ дар Суғд: раиси идораи "Тоҷикстандарт" иваз шуд, ӯ кист?
Sputnik Тоҷикистон
Раиси Идораи Тоҷикстандарт дар вилояти Суғд нав карда шуд. Ин таъйиноти кадрӣ дирӯз сурат гирифтааст
2021-12-02T10:42+0500
2021-12-02T10:42+0500
2021-12-02T17:08+0500
дар тоҷикистон
суғд
тоҷикстандарт
тағйироти кадрӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/02/1043882682_0:0:2049:1153_1920x0_80_0_0_bdd9a34a86cb54f001f379e22f55b958.jpg
ДУШАНБЕ, 2 дек – Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо имзои қароре Ғайбуллоҳ Муҳиддиновро роҳбари идораи стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар Суғд таъйин намудааст. Маҳкамбой Каримов, масъули матбуотии бахши "Тоҷикстандарт" дар Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки роҳбари нав рӯзи якуми декабр барои ҳайати ҳамкорон муаррифӣ шуд. Дар ин мақом Муҳиддинов Муҳаммадӣ Давлатовро иваз намуд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, Давлатов муовини сардори Раёсати нозироти андоз дар вилояти Суғд таъйин шудааст. Муҳиддинов Ғайбуллоҳ Хайруллоевич 11 феврали соли 1972 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Ӯ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Филиали Донишкадаи технологӣ дар шаҳри Хуҷандро аз рӯи ихтисосҳои информатика ва технологияи ҳиссоббарорӣ ва технологи маҳсулоти хуроки умумӣ хатм намудааст.Мавсуф фаъолияти меҳнатиашро аз соли 2000 минҳайси мутахассис дар "Тоҷикистандарт" оғоз намуда, то вазифаи сардори шуъбаи стандартонӣ ва ба меъёргузории техникӣ расидааст. Муҳиддинов Ғайбулло бародари Ҳабибулло Муҳиддинов, сардори Раёсати тандурустии Суғд аст, ки як моҳи пеш бо фармони вазири тандурустӣ ба ин вазифа таъйин гардид.
https://sputnik.tj/20211129/tayinot-kadr-khoharzoda-rasulzoda-1043819737.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0c/02/1043882682_25:0:1766:1306_1920x0_80_0_0_bf34d4a0e3f892bef86c2af030d8ea11.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таъйинот суғд роҳбар идора тоҷикстандарт
таъйинот суғд роҳбар идора тоҷикстандарт
Таъйиноти кадрӣ дар Суғд: раиси идораи "Тоҷикстандарт" иваз шуд, ӯ кист?
10:42 02.12.2021 (Навсозишуда: 17:08 02.12.2021) Раиси бахши "Тоҷикстандарт" дар вилояти Суғд иваз шуд
ДУШАНБЕ, 2 дек – Sputnik. Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд бо имзои қароре Ғайбуллоҳ Муҳиддиновро роҳбари идораи стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо дар Суғд таъйин намудааст.
Маҳкамбой Каримов, масъули матбуотии бахши "Тоҷикстандарт" дар Суғд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон ин хабарро тасдиқ кард ва гуфт, ки роҳбари нав рӯзи якуми декабр барои ҳайати ҳамкорон муаррифӣ шуд.
“Рӯзи гузашта бо иштироки масъулони ҳукуматӣ, ки дар он аз идораи марказӣ низ намоянда иштирок дошт, ҷаласа баргузор шуд ва дар он Ғайбуллоҳ Муҳиддинов роҳбари нави "Тоҷикстандарт" дар вилояти Суғд расман муаррифӣ гардид”, - гуфт Каримов.
Дар ин мақом Муҳиддинов Муҳаммадӣ Давлатовро иваз намуд. Бино ба иттилои дарёфтӣ, Давлатов муовини сардори Раёсати нозироти андоз дар вилояти Суғд таъйин шудааст.
Муҳиддинов Ғайбуллоҳ Хайруллоевич 11 феврали соли 1972 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Ӯ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ва Филиали Донишкадаи технологӣ дар шаҳри Хуҷандро аз рӯи ихтисосҳои информатика ва технологияи ҳиссоббарорӣ ва технологи маҳсулоти хуроки умумӣ хатм намудааст.
Мавсуф фаъолияти меҳнатиашро аз соли 2000 минҳайси мутахассис дар "Тоҷикистандарт" оғоз намуда, то вазифаи сардори шуъбаи стандартонӣ ва ба меъёргузории техникӣ расидааст.
Муҳиддинов Ғайбулло бародари Ҳабибулло Муҳиддинов, сардори Раёсати тандурустии Суғд аст, ки як моҳи пеш бо фармони вазири тандурустӣ ба ин вазифа таъйин гардид.