Қазоқистон ҳимояи нафташро ба нерӯҳои Тоҷикистон бовар кард

© Foto / Хадамоти матбуоти Вазорати мудофиаи Русия / Гузариш ба медиабонкВоенные Таджикистана и Армении из состава миротворцев ОДКБ вылетают в Казахстан
Военные Таджикистана и Армении из состава миротворцев ОДКБ вылетают в Казахстан - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2022
Обуна шудан
Маълум гардид, ки нерӯҳои тоҷики сулҳофари мустақар дар Қазоқистон дар ин кишвар чиро ҳимоя мекунанд
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Нерӯҳои сулҳофари Тоҷикистон, ки дар доираи як миссияи посдори сулҳ вориди Қазоқистон шудаанд, анборҳои нафтиро посбонӣ мекунанд.
Шабакаи телевизионии "Россия 24" хабар медиҳад, ки нерӯҳои посдори сулҳи СААД, ки ба Қазоқистон ирсол шудаанд, барои ҳифзи иншооти мухталиф қисмат шудаанд ва ба таври шабонарӯзӣ дар хидмат ҳастанд.
Манбаъ меафзояд, Қазоқистон ҳимояи анборҳои нафтро ба дӯши нерӯҳои Тоҷикистон вогузор кардааст.
Кадры вылета миротворцев РФ в Казахстан в рамках миссии ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.01.2022
Интиқоли нерӯҳои СААД ба Қазоқистон: Онҳо чӣ кор мекунанд? - видео
Гуфта мешавад, нерӯҳои сулҳофари Беларус фурудгоҳи ин кишвар, низомиёни қирғизистонӣ аз Маркази барқу гармидиҳӣ, нерӯҳои Русияву Арманистон фурудгоҳи шаҳри Алмаато ва як қатор иншооти дигари стратегитро посбонӣ мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки Тоҷикистон ҳудуди 200 низомиро ба Қазоқистон ирсол кард.
Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон омодагии кишварро барои иштирок дар василаҳои сулҳофарии СААД дар Қазоқистон баён дошта, онро ҷузъе аз уҳдадориҳои кишвар дар доираи ин созмон арзёбӣ карда буд.
Раҳмон дар суҳбат бо ҳамтои қазоқаш Қосимҷомарт Тоқаев изҳори умед кардааст, ки тавассути муколама барқарорсозии субот ва тартиботи ҳуқуқӣ имконпазир хоҳад шуд.
Феълан Тоҷикистон, Русия, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон кишварҳои узви СААД мебошанд.
Сгоревший автомобиль перед зданием мэрии, которое было подожжено во время протестов в Алматы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2022
Дар Қазоқистон чӣ гузашт: изҳороти расмии мақомот
Ҳамоишҳои эътирозӣ дар Қазоқистон рӯзҳои аввали соли равон алайҳи болоравии нархи гази моеъ сар зада, баъдан ба бетартибиҳо ва даргириҳо печиданд, ки куштаю маҷруҳ бар ҷой гузоштаанд.
Расонаҳо хабар доданд, ки бар асари ин ошӯбҳо дастикам 164 нафар дар Қазоқистон кушта шуд, вале ҳукумати ин кишвар шумори кушташудагонро дур аз воқеият хонд ва изҳор дошт, ки маълумот дар бораи теъдоди қурбониён иштибоҳан нашр шудааст.
Лентаи хабарҳо
0