https://sputnik.tj/20220110/qazoqiston-izhorot-rasmi-maqomot-1044673430.html
Дар Қазоқистон чӣ гузашт: изҳороти расмии мақомот
Дар Қазоқистон чӣ гузашт: изҳороти расмии мақомот
Sputnik Тоҷикистон
Мақомот гуфтанд, ки дар рӯзҳои таътили моҳи январ чӣ рух дод ва кӣ эътирозҳоро ба як ҳамлаи мустақар табдил додааст
2022-01-10T13:15+0500
2022-01-10T13:15+0500
2022-01-11T13:37+0500
сиёсат
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
қазоқистон
гирдиҳамоӣ
эътироз
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/07/1044640205_0:320:3073:2048_1920x0_80_0_0_0c62d2c8653c651727eb6ce4d2f533ac.jpg
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Пас аз ба эътидол омадани вазъ дар Қазоқистон ҷузъиёт ва сабабҳои ошӯбҳои сартосарӣ дар Қазоқистон ифшо шуд. Дар ин бора котиби давлатии Қазоқистон Ерлан Карин ба хабарнигорон иттилоъ дод. Вай гуфт, дар кишвар ҳамлаи террористии гибридӣ бо ҳадафи ноором кардани субот ва табаддулоти давлатӣ роҳандозӣ шуд. Намояндаи мақомот афзуд, ки тамоми намуди аслиҳа алайҳи Қазоқистон барои аз байн бурдани якпорчагии давлат истифода шудааст. Вай ин ҳодисаро падидаи нав номид, ки барои хадамоти вижа як чолишҳои воқеӣ шуд. Ҳамаи нақшаҳои ноором кардани вазъ дар Қазоқистон бо амалҳои қатъии президенти ҷумҳурӣ Қосимҷомарт Тоқаев ва кумаки СААД хунсо шуданд. "Дар нигоҳдории якпорчагии давлат вазъияти хеле вазнин ба миён омад. Гап сари дақиқаҳо мерафт, бидуни муболиға. Бояд чораҳои қатъӣ андешида мешуд. Ва президент ин тасмимро гирифт", - гуфт мансабдор. Карин афзуд, таҳдид ба Қазоқистон, хатарҳои ҷиддӣ боқӣ монда ва тамоми нерӯҳо дар ҳолати омодабош қарор доранд. Котиби давлатии Қазоқистон ҳодиса дар ин кишварро як тавтеаи нерӯҳои дохиливу хориҷӣ номид, ки дар он ҳам шаҳрвандони Қазоқистон ва ҳам шаҳрвандони хориҷӣ ширкат доштанд. Ерлан Карин афзуд, ки дар лаҳзаи душвор шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои дифоъ аз зодгоҳи худ омодагӣ гирифтанд. Эътирозҳо дар ҚазоқистонЭътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон дар авоили моҳи январи соли 2022 оғоз шуданд. Сабаби эътирози мардум ду баробар боло рафтани қимати гази моеъ гуфта мешуд.Комиссияи ташкилшудаи ҳукуматӣ омодагии худро барои коҳиш додани нарх эълон кард, аммо эътирозҳо ба шаҳрҳои дигар паҳн шуданд. Онҳо ба зудӣ ба бетартибиҳо, куштору ғорат ва ҳамла ба муассисаҳои давлатӣ табдил ёфтанд.Субҳи панҷуми январ раисҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ҳукуматро барканор кард ва раиси Шӯрои амният шуд. Тоқаев дар нахустин ҷаласаи Шӯрои амният вазъ дар Қазоқистонро поймол кардани якпорчагии давлат хонда ва аз СААД "барои рафъи хатари террористӣ" кумак хост.Рӯзи ҳафтуми январ Тоқаев эълон кард, ки бо террористҳо, аз ҷумла онҳое, ки аз хориҷ омада буданд, муқовиматро идома медиҳанд ва ваъда дод, онҳоеро, ки силоҳ ба замин нагузоштаанд, нобуд хоҳанд кард. Илова бар ин президент қайд кард, ки тамоми дархостҳои шаҳрвандон шунида шудаанд.Парвозҳо аз Алмаато ба Душанбе мавқуф шудТо 9 январ 508 нафар аз иштирокчиёни ҳамлаҳои террористӣ, ғоратгарӣ ва ҷиноятҳои дигар боздошт шудаанд. 22 аслиҳаи оташфишон ва 1412 дона тир мусодира шуд. Дар Қазоқистон кори кӯдакистонҳо ва мактабҳо барои кӯдакони нобино таътил ва таътили зимистонаи мактаббачагон то 17 январ, аз донишҷӯён то 24 январ тамдид шуд. Дар ошӯбҳо дар Қазоқистон ҳудуди 400 мақомдори қудратӣ ҷароҳат бардошт. 10 январ дар Қазоқистон рӯзи мотами миллӣ эълон шуд.
https://sputnik.tj/20220109/qazoqiston-noamniho-zarar-did-1044660555.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/07/1044640205_131:0:2862:2048_1920x0_80_0_0_013a000c3efd9f05826e0e0e0b564a98.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қазоқистон, амалиёт, изҳороти нрасмӣ,
қазоқистон, амалиёт, изҳороти нрасмӣ,
Дар Қазоқистон чӣ гузашт: изҳороти расмии мақомот
13:15 10.01.2022 (Навсозишуда: 13:37 11.01.2022) Мақомот гуфтанд, ки дар рӯзҳои таътили моҳи январ чӣ рух дод ва кӣ эътирозҳоро ба ҳамлаи хунин табдил дод
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Пас аз ба эътидол омадани вазъ дар Қазоқистон ҷузъиёт ва сабабҳои ошӯбҳои сартосарӣ дар Қазоқистон ифшо шуд. Дар ин бора котиби давлатии Қазоқистон Ерлан Карин ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Вай гуфт, дар кишвар ҳамлаи террористии гибридӣ бо ҳадафи ноором кардани субот ва табаддулоти давлатӣ роҳандозӣ шуд. Намояндаи мақомот афзуд, ки тамоми намуди аслиҳа алайҳи Қазоқистон барои аз байн бурдани якпорчагии давлат истифода шудааст.
"Ман 20 сол боз бо мушкилоти терроризм сарукор дорам, аммо ҳатто дар ёд надорам, ки чӣ гуна чанд гурӯҳ тавониста бошанд ба шаҳрҳо ҳамла кунанд ва қасдан бинову муассисаҳоро тасарруф намоянд", - гуфт Карин.
Вай ин ҳодисаро падидаи нав номид, ки барои хадамоти вижа як чолишҳои воқеӣ шуд. Ҳамаи нақшаҳои ноором кардани вазъ дар Қазоқистон бо амалҳои қатъии президенти ҷумҳурӣ Қосимҷомарт Тоқаев ва кумаки СААД хунсо шуданд.
"Дар нигоҳдории якпорчагии давлат вазъияти хеле вазнин ба миён омад. Гап сари дақиқаҳо мерафт, бидуни муболиға. Бояд чораҳои қатъӣ андешида мешуд. Ва президент ин тасмимро гирифт", - гуфт мансабдор.
Карин афзуд, таҳдид ба Қазоқистон, хатарҳои ҷиддӣ боқӣ монда ва тамоми нерӯҳо дар ҳолати омодабош қарор доранд.
Котиби давлатии Қазоқистон ҳодиса дар ин кишварро як тавтеаи нерӯҳои дохиливу хориҷӣ номид, ки дар он ҳам шаҳрвандони Қазоқистон ва ҳам шаҳрвандони хориҷӣ ширкат доштанд.
Ерлан Карин афзуд, ки дар лаҳзаи душвор шаҳрвандони ҷумҳурӣ барои дифоъ аз зодгоҳи худ омодагӣ гирифтанд.
Эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон дар авоили моҳи январи соли 2022 оғоз шуданд. Сабаби эътирози мардум ду баробар боло рафтани қимати гази моеъ гуфта мешуд.
Комиссияи ташкилшудаи ҳукуматӣ омодагии худро барои коҳиш додани нарх эълон кард, аммо эътирозҳо ба шаҳрҳои дигар паҳн шуданд. Онҳо ба зудӣ ба бетартибиҳо, куштору ғорат ва ҳамла ба муассисаҳои давлатӣ табдил ёфтанд.
Субҳи панҷуми январ раисҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ҳукуматро барканор кард ва раиси Шӯрои амният шуд. Тоқаев дар нахустин ҷаласаи Шӯрои амният вазъ дар Қазоқистонро поймол кардани якпорчагии давлат хонда ва аз СААД "барои рафъи хатари террористӣ" кумак хост.
Рӯзи ҳафтуми январ Тоқаев эълон кард, ки бо террористҳо, аз ҷумла онҳое, ки аз хориҷ омада буданд, муқовиматро идома медиҳанд ва ваъда дод, онҳоеро, ки силоҳ ба замин нагузоштаанд, нобуд хоҳанд кард. Илова бар ин президент қайд кард, ки тамоми дархостҳои шаҳрвандон шунида шудаанд.
То 9 январ 508 нафар аз иштирокчиёни ҳамлаҳои террористӣ, ғоратгарӣ ва ҷиноятҳои дигар боздошт шудаанд. 22 аслиҳаи оташфишон ва 1412 дона тир мусодира шуд.
Дар Қазоқистон кори кӯдакистонҳо ва мактабҳо барои кӯдакони нобино таътил ва таътили зимистонаи мактаббачагон то 17 январ, аз донишҷӯён то 24 январ тамдид шуд.
Дар ошӯбҳо дар Қазоқистон ҳудуди 400 мақомдори қудратӣ ҷароҳат бардошт. 10 январ дар Қазоқистон рӯзи мотами миллӣ эълон шуд.