https://sputnik.tj/20220110/ozhons-fasod-mardum-muboriza-dastajami-davat-1044690539.html
Ожонси зидди фасод мардумро ба муборизаи дастаҷамъӣ бо коррупсия даъват кард
Ожонси зидди фасод мардумро ба муборизаи дастаҷамъӣ бо коррупсия даъват кард
Sputnik Тоҷикистон
Ожонсӣ мубориза бо коррупсия аз шаҳрвандон даъват намуд, дар ҳамкорӣ шиддати ин зуҳуроти номатлуб дар Тоҷикистон коҳиш дода шавад.
2022-01-10T18:30+0500
2022-01-10T18:30+0500
2022-01-10T20:12+0500
дар тоҷикистон
сиёсат
ҳамкорӣ
мубориза
мақомот
коррупсия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1d/1032719123_0:161:3069:1887_1920x0_80_0_0_6995a7e0f95ed9e055d012925bef32ad.jpg
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Ожонси мубориза бо коррупсия аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки бо ин ниҳод ҳамкории зич намоянд, то шиддати ин зуҳуроти номатлуб дар Тоҷикистон коҳиш дода шавад.Ба ин нукта дар матлаби роҳбарияти ин ниҳод, ки дар 10 январ - Рӯзи касбии кормандони мақомоти мубориза бо коррупсия дар сомонаи ожонсӣ нашр шуд, таъкид гардидааст. Ожонси зидди фасод мегӯяд, муқовимат бо ин зуҳурот бояд ба монанди муборизаи дастаҷамъона бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷинояткорӣ амалӣ шавад.Зикр гардидааст, ки дар мубориза бо коррупсия ғайр аз мақомоти давлатӣ ҳар як фарди ҷомеа низ бояд саҳмгузор бошад.Барои вусъати мубориза бо коррупсия муҳим хонда шудааст, ки такрори функсияву ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ бартараф гардаду шаффофияти фаъолияти онҳо таъмин шавад. Ба гузориши роҳбарияти ожонсӣ, ин ниҳод дар ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷаи давлатӣ, пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст. Илова шудааст, ки кормандони ин ниҳод минбаъд низ ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия аҳамияти махсус дода, муқовимати маҷмуиро дар ин бахш тақвият медиҳанд.Ожонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон 10 январи соли 2007 таъсис дода шуда ва ҳоло аз ин рӯз ба унвони иди касбии кормандони ин бахш таҷлил мешавад.
https://sputnik.tj/20220106/rustami-emomali-ozhonsi-fasod-hukumat-1044619597.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1d/1032719123_168:0:2899:2048_1920x0_80_0_0_3592a5f6578c4c8b2d3b78bd9b83335b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
даъват, ожонси зидди фасод, мубориза, дастаҷамъӣ, фасод
даъват, ожонси зидди фасод, мубориза, дастаҷамъӣ, фасод
Ожонси зидди фасод мардумро ба муборизаи дастаҷамъӣ бо коррупсия даъват кард
18:30 10.01.2022 (Навсозишуда: 20:12 10.01.2022) Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, ки роҳбарии онро генерал Сулаймон Султонзода ба уҳда дорад, бо нашри як матлаб шаҳрвандони кишварро ба муборизаи дастаҷамъӣ бо фасод даъват намуд
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Ожонси мубориза бо коррупсия аз шаҳрвандон даъват намудааст, ки бо ин ниҳод ҳамкории зич намоянд, то шиддати ин зуҳуроти номатлуб дар Тоҷикистон коҳиш дода шавад.
Ба ин нукта дар матлаби роҳбарияти ин ниҳод, ки дар 10 январ - Рӯзи касбии кормандони мақомоти мубориза бо коррупсия дар сомонаи ожонсӣ нашр шуд, таъкид гардидааст.
Ожонси зидди фасод мегӯяд, муқовимат бо ин зуҳурот бояд ба монанди муборизаи дастаҷамъона бо терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷинояткорӣ амалӣ шавад.
Зикр гардидааст, ки дар мубориза бо коррупсия ғайр аз мақомоти давлатӣ ҳар як фарди ҷомеа низ бояд саҳмгузор бошад.
Барои вусъати мубориза бо коррупсия муҳим хонда шудааст, ки такрори функсияву ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ бартараф гардаду шаффофияти фаъолияти онҳо таъмин шавад.
Ба гузориши роҳбарияти ожонсӣ, ин ниҳод дар ғанӣ гардонидани қисми даромади буҷаи давлатӣ, пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Илова шудааст, ки кормандони ин ниҳод минбаъд низ ба пешгирӣ ва мубориза бо коррупсия аҳамияти махсус дода, муқовимати маҷмуиро дар ин бахш тақвият медиҳанд.
Ожонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон 10 январи соли 2007 таъсис дода шуда ва ҳоло аз ин рӯз ба унвони иди касбии кормандони ин бахш таҷлил мешавад.