Рустами Эмомалӣ аз Ожонси зидди фасод хост, кори ҳукуматро санҷад

© Flickr \ Сайт президента ТаджикистанаРустам Эмомали на заседании правительства республики
Рустам Эмомали на заседании правительства республики - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.01.2022
Обуна шудан
Рустами Эмомалӣ, раиси Душанбе хостори санҷиши кори шаҳрдорӣ аз сӯи муборизон бо коррупсия шудааст
ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе дархост барои анҷоми санҷишро унвонии Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия равон кардааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, бо нашри як иттилоия хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ҳадафи Рустами Эмомалӣ аз гузарондани санҷиш таъмини шаффофият мебошад. Аз ҷумла аз Ожонси зидди фасод дархост шудааст, ки шаффофияту самаранокии истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанберо санҷанд.
Рустами Эмомалӣ ва Раҷаббой Аҳмадзода дар Маҷлиси миллии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.12.2021
Тасдиқи хароҷоти солонаи Маҷлиси миллӣ
Санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагидории мақомот дар соли 2021 аз бандҳои дигари дархости Рустами Эмомалӣ аз Ожони зидди фасод мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки Маҷлиси вакилони халқи пойтахт буҷаи шаҳри Душанбе барои соли 2021-ро аз рӯи даромад ва хароҷот ба маблағи беш аз ­2 миллиарду 316 миллион сомонӣ тасдиқ карда буданд.
Рустами Эмомалӣ, ки аз моҳи январи соли 2017 роҳбарии шаҳри Душанберо ба уҳда дорад, мунтазам аз мақомоти зидди фасод даъват ба амал меорад, ки кори мақомоти тобеяшро санҷад то шафофияту самаранокӣ таъмин гардад.
Лентаи хабарҳо
0