Дидори толибон бо вазири хориҷаи Эрон - акс

© Твиттер/Hafiz Zia AhmadВстреча главы МИД Ирана с представителями талибана
Встреча главы МИД Ирана с представителями талибана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2022
Обуна шудан
Сарпарасти Вазорати умури хориҷии давлати толибон музокирот бо вазири умури хориҷаи Эронро мусбату созанда арзёбӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Ҳофиз Зиё Аҳмад, муовини сухангӯи Вазорати хориҷаи давлати муваққати толибон дар саҳифаи твиттериаш дар бораи дидори Амирхон Муттақӣ, сарпарасти Вазорати умури хориҷии давлати толибон бо Ҳусейн Амирабдулоҳиён, вазири хориҷаи Эрон хабар дод.
Вай дар саҳифааш навиштааст, ки дар ин дидор рӯи масоили иқтисодӣ байни Афғонистон ва Эрон баҳсу табодули назар шуд.
Номбурда қайд кард, ки дар ин дидор равобит, тиҷорат, иқтисод, фаровардҳои нафтӣ, транзит ва масоили амниятӣ ба сурати мусбат ва созанда мавриди баҳс қарор гирифт.
Ҳофиз Зиё Аҳмад гуфт, Эрон метавонад тавассути Афғонистон молҳои содиротии худро ба соири кишварҳои минтақа интиқол диҳад ва Афғонистон низ метавонад аз имкониятҳои транзитии Эрон истифода намояд.
Байни ҷонибайн баҳсҳои мусбӣ ва созанда дар масоили тиҷорат, маводи нафтӣ, транзит ва масоили амниятӣ сурат гирифт. Ҷонибҳо ҳамчунин мавқеияти арзии Афғонистонро роҳи иттисоли Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ хонданд, ки аз тариқи он Эрон метавонад содироти худро ба соири кишварҳои минтақа бирасонад ва Афғонистон низ аз транзити Эрон баҳра бардорад.
Қаблан Вазорати хориҷаи Эрон эълом карда буд, ки Мавлавӣ Амирхон Муттақӣ, сарпарасти Вазорати умури хориҷии Афғонистон шаби гузашта бо як ҳайати бузурги иқтисодӣ ва сиёсӣ вориди Теҳрон шудааст.
Сохайль Шахин, представитель политического офиса движения Талибан  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.01.2022
Толибон: Амнияти минтақа ва Афғонистон аз баракати мост
Дар ин ҳайат сарпарастҳои вазоратҳои иқтисод ва саноат, тиҷорати Афғонистон ва муовинони чандин вазир ҳузур доранд. Қарор аст, тарафҳо дар бораи ҳамкориҳои иқтисодии байни ду кишвар музокира кунанд.
Равобити умумии Вазорати хориҷаи Эрон таъкид кард: “Эрон ҳамеша бар зарурати нигоҳдории равобити иқтисодӣ ва тиҷории ду кишвар ба манофеи мардуми кишвари ҳамсоя, бавижа дар шароити феълӣ таъкид мекунад”.
Лентаи хабарҳо
0