https://sputnik.tj/20220101/tolibon-amniyat-mintaqa-afghoniston-1044566189.html
Толибон: Амнияти минтақа ва Афғонистон аз баракати мост
Толибон: Амнияти минтақа ва Афғонистон аз баракати мост
Sputnik Тоҷикистон
Довталаби толибон дар курсии СММ гуфт, амнияти Афғонистон ва минтақа аз мавҷудияти Имороти исломӣ (ҳукумати худхондаи толибон) аст
2022-01-01T18:05+0500
2022-01-01T18:05+0500
2022-01-01T18:05+0500
дар ҷаҳон
сиёсат
амният ва мудофиа
афғонистон
толибон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0b/1042197158_0:102:3007:1793_1920x0_80_0_0_4a0851bc9b6cd67522524140256e6f38.jpg
ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Муҳаммадсуҳайл Шоҳин, довталаби толибон ба курсии СММ, дар Twitter навишт, ки амнияти Афғонистон ва минтақа ба мавҷудияти Имороти исломӣ (ҳукумати худхондаи толибон) бастагӣ дорад.Вай таъкид мекунад, ки дар замони ишғол толибон аз як сӯ алайҳи ишғолгарон талошҳои ҷиҳодӣ карда, аз сӯи дигар барои саркӯб кардани дуздону одамрабоён талош мекарданд.Ба гуфтаи ӯ, амният дар шаҳри зебоманзари Кобул дар натиҷаи ҳукмронии толибон имконпазир шудааст, вагарна дар гузашта ин шаҳри зебо шоҳиди ҷангҳои хунин, куштор ва харобиҳо дар натиҷаи задухӯрдҳои байни низомҳо буд."Онҳое, ки то ҳол бо ҳар унвоне нақшаҳои хориҷиёнро дунбол мекунанд ва наметавонанд ин кишвару миллатро водии амну солим бубинанд, бо ин миллати ранҷдидаро ҷафо мекунанд", - гуфтааст Шоҳин.Ин гуфтаи намояндаи толибон дар ҳолест, ки ҳамарӯза расонаҳо аз қатлу куштору зӯгӯиҳои ин гуруҳ дар Афғонистон гузориш медиҳанд.Охирин чунин ҳодиса дар Панҷшер сурат гирифта буд, ки ҷавоне ба дасти аъзои ин гуруҳ эъдом шуд, ки боиси гирдиҳамоиҳои зиёд гардид.Дар пайи ин ҳаводис Ҳамид Хуросонӣ, раҳбари бахши амнияти Панҷшер низ изҳор дошт, ки ҷавон бегуноҳ қатл шудааст.Ҳамзамон толибон қаблан афви умумро эълон кардан, аммо тибқи гузоришҳои расонаҳои Афғонистон ҷангиёни ин гуруҳ собиқ низомиён ва ҳатто афроди мулкиро нобуд кардаанд.
https://sputnik.tj/20211230/kushta-shudan-neruho-afghoniston-tolibon-1044542325.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/0b/1042197158_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_5f3503b2f0c62c76822b46ad99f21d8b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
толибон амнияти минтақа афғонистон баракат
толибон амнияти минтақа афғонистон баракат
Толибон: Амнияти минтақа ва Афғонистон аз баракати мост
Довталаби толибон дар курсии СММ гуфт, амнияти Афғонистон ва минтақа аз мавҷудияти Имороти исломӣ (ҳукумати худхондаи толибон) аст
ДУШАНБЕ, 1 янв — Sputnik. Муҳаммадсуҳайл Шоҳин, довталаби толибон ба курсии СММ, дар Twitter навишт, ки амнияти Афғонистон ва минтақа ба мавҷудияти Имороти исломӣ (ҳукумати худхондаи толибон) бастагӣ дорад.
Вай таъкид мекунад, ки дар замони ишғол толибон аз як сӯ алайҳи ишғолгарон талошҳои ҷиҳодӣ карда, аз сӯи дигар барои саркӯб кардани дуздону одамрабоён талош мекарданд.
Ба гуфтаи ӯ, амният дар шаҳри зебоманзари Кобул дар натиҷаи ҳукмронии толибон имконпазир шудааст, вагарна дар гузашта ин шаҳри зебо шоҳиди ҷангҳои хунин, куштор ва харобиҳо дар натиҷаи задухӯрдҳои байни низомҳо буд.
"Онҳое, ки то ҳол бо ҳар унвоне нақшаҳои хориҷиёнро дунбол мекунанд ва наметавонанд ин кишвару миллатро водии амну солим бубинанд, бо ин миллати ранҷдидаро ҷафо мекунанд", - гуфтааст Шоҳин.
Ин гуфтаи намояндаи толибон дар ҳолест, ки ҳамарӯза расонаҳо аз қатлу куштору зӯгӯиҳои ин гуруҳ дар Афғонистон гузориш медиҳанд.
Охирин чунин ҳодиса дар Панҷшер сурат гирифта буд, ки ҷавоне ба дасти аъзои ин гуруҳ эъдом шуд, ки боиси гирдиҳамоиҳои зиёд гардид.
Дар пайи ин ҳаводис Ҳамид Хуросонӣ, раҳбари бахши амнияти Панҷшер низ изҳор дошт, ки ҷавон бегуноҳ қатл шудааст.
Ҳамзамон толибон қаблан афви умумро эълон кардан, аммо тибқи гузоришҳои расонаҳои Афғонистон ҷангиёни ин гуруҳ собиқ низомиён ва ҳатто афроди мулкиро нобуд кардаанд.