https://sputnik.tj/20220110/didori-muttaqi-ismoilkhon-sheri-hirot-peshnihodi-tolibonr-1044672575.html
Ҷузъиёти дидори Муттақӣ бо Исмоилхон: Шери Ҳирот пешниҳоди толибонро мепазирад?
Ҷузъиёти дидори Муттақӣ бо Исмоилхон: Шери Ҳирот пешниҳоди толибонро мепазирад?
Sputnik Тоҷикистон
Фармондеҳи нерӯҳои Муҳаммад Исмоилхон таъкид кардааст, ки токунун Шери Ҳирот ба толибон ҳеҷ пешниҳоде накардааст
2022-01-10T12:45+0500
2022-01-10T12:45+0500
2022-01-10T20:34+0500
ҳирот
афғонистон
осиёи марказӣ
пешниҳод
музокирот
толибон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/03/1041373192_0:5:960:545_1920x0_80_0_0_37e0255ae941394ea699e898d6f09265.jpg
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Зубайр Усмонӣ, фармондеҳи нерӯҳои Муҳаммад Исмоилхон, фармондеҳи ҷиҳодии ҳавзаи ғарбии Афғонистон дар як мусоҳибаи вижа ба хабаргузории Sputnik Афғонистон гуфт, ки Амирхон Муттақӣ рӯзи гузашта бо Муҳаммад Исмоилхон дидор доштааст.Инчунин вай илова кардааст, ки Исмоилхон имрӯз низ бо яке аз роҳбарони аршади толибон дидоре хоҳад дошт.Ин фармондеҳ таъкид кардааст, ки Исмоилхон бо толибон рӯи ҳукумати ҳамашумул гуфтугӯ мекунад.Оқои Усмонӣ таъкид мекунад, Муҳаммад Исмоилхон то кунун ҳеҷ пешниҳодеро аз ҷониби худ ба толибон надодааст.Қобили зикр аст, дирӯз як манбаи хабаргузории Sputnik Афғонистон хабар дод, ки Амирхон Муттақӣ, сарпарасти Вазорати умури хориҷии Толибон бо Муҳаммад Исмоилхон, фармондеҳи ҷиҳодӣ дар ҳузури вазири умури хориҷии Эрон дар Теҳрон дидору гуфтугӯ кардааст.Гуфта мешавад, толибон ба Исмоилхон дар ҳукумати нав мансаб пешниҳод кардаанд. Ҳамчунин толибон омодаанд, 20 намояндаи Исмоилхонро ба ҳукумати ҷадид ворид намоянд.Зубайр Усмонӣ қайд кардааст, ки Исмоилхон тасмимашро баъд аз ду моҳ мегирад. Вай гуфт, ӯ ин тасмимашро баъд аз мулоқот бо дигар чеҳраҳои сиёсии Афғонистон, аз ҷумла Атомуҳаммади Нур, Абдуррашид Дӯстум, Муҳаққиқ, Сайфӣ, Аҳмад Масъуд эълон хоҳад кард. Танҳо дар сурати розигии онҳо Шери Ҳирот пешниҳоди толибонро мепазирад.
https://sputnik.tj/20211106/masud-mashhad-ismoilkhon-muloqot-1043288098.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/08/03/1041373192_59:0:912:640_1920x0_80_0_0_5e94a579cd1b8e61782789b3b8239c96.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, исмоилхон, толибон, дидор, мулоқот, ҳирот
афғонистон, исмоилхон, толибон, дидор, мулоқот, ҳирот
Ҷузъиёти дидори Муттақӣ бо Исмоилхон: Шери Ҳирот пешниҳоди толибонро мепазирад?
12:45 10.01.2022 (Навсозишуда: 20:34 10.01.2022) Фармондеҳи нерӯҳои Муҳаммад Исмоилхон таъкид кардааст, ки токунун Шери Ҳирот ба толибон ҳеҷ пешниҳоде накардааст
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Зубайр Усмонӣ, фармондеҳи нерӯҳои Муҳаммад Исмоилхон, фармондеҳи ҷиҳодии ҳавзаи ғарбии Афғонистон дар як мусоҳибаи вижа ба хабаргузории Sputnik Афғонистон гуфт, ки Амирхон Муттақӣ рӯзи гузашта бо Муҳаммад Исмоилхон дидор доштааст.
Инчунин вай илова кардааст, ки Исмоилхон имрӯз низ бо яке аз роҳбарони аршади толибон дидоре хоҳад дошт.
“Онҳо дирӯз ҳам дидоре доштанд ва имрӯз ҳам дидор хоҳанд кард”, - гуфт Зубайр Усмонӣ.
Ин фармондеҳ таъкид кардааст, ки Исмоилхон бо толибон рӯи ҳукумати ҳамашумул гуфтугӯ мекунад.
"Рӯи ҳукумати мушорикати миллӣ музокира доранд, ҳоло ҳамчунон баҳс рӯи худи омир-соҳиб Исмоилхон низ мебошад”, - гуфт ӯ
Оқои Усмонӣ таъкид мекунад, Муҳаммад Исмоилхон то кунун ҳеҷ пешниҳодеро аз ҷониби худ ба толибон надодааст.
Қобили зикр аст, дирӯз як манбаи хабаргузории Sputnik Афғонистон хабар дод, ки Амирхон Муттақӣ, сарпарасти Вазорати умури хориҷии Толибон бо Муҳаммад Исмоилхон, фармондеҳи ҷиҳодӣ дар ҳузури вазири умури хориҷии Эрон дар Теҳрон дидору гуфтугӯ кардааст.
Гуфта мешавад, толибон ба Исмоилхон дар ҳукумати нав мансаб пешниҳод кардаанд. Ҳамчунин толибон омодаанд, 20 намояндаи Исмоилхонро ба ҳукумати ҷадид ворид намоянд.
Зубайр Усмонӣ қайд кардааст, ки Исмоилхон тасмимашро баъд аз ду моҳ мегирад. Вай гуфт, ӯ ин тасмимашро баъд аз мулоқот бо дигар чеҳраҳои сиёсии Афғонистон, аз ҷумла Атомуҳаммади Нур, Абдуррашид Дӯстум, Муҳаққиқ, Сайфӣ, Аҳмад Масъуд эълон хоҳад кард. Танҳо дар сурати розигии онҳо Шери Ҳирот пешниҳоди толибонро мепазирад.