https://sputnik.tj/20211106/masud-mashhad-ismoilkhon-muloqot-1043288098.html
Аҳмад Масъуд дар Машҳад бо Амир Исмоилхон мулоқот кард
Аҳмад Масъуд дар Машҳад бо Амир Исмоилхон мулоқот кард
Sputnik Тоҷикистон
Аҳмад Масъуд бо паёми раисиҷумҳури Тоҷикистон барои дидор бо Амир Исмоилхон рафтааст
2021-11-06T04:56+0500
2021-11-06T04:56+0500
2021-11-09T17:09+0500
дар ҷаҳон
афғонистон
аҳмад
машҳад
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/07/1042100008_0:59:1125:692_1920x0_80_0_0_1d257c20efe17699b019b56f57e925b5.jpg
ДУШАНБЕ, 6 ноя – Sputnik. Фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо Амир Исмоилхон, яке аз роҳбарони ҷиҳодӣ ва волии пешини Ҳирот дар Эрон дидору мулоқот кардааст.Дар ин бора Sputnik Афғонистон дар такя ба манбааш дар Машҳад хабар додааст.Ба иттилои манбаъ, дидори Аҳмад Масъуд ва Амир Исмоилхон рӯзи чаҳоршанбеи 3 ноябр дар Машҳад багузор шудааст.Ин манбаъ афзуд, ки Аҳмад Масъуд дар ин дидор паёми Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро барои таъсиси ҳукумати фарогир оварда буд. Манбаи Sputnik Афғонистон таъкид мекунад, ки фармондеҳ Исмоилхон то ҳол ба ин паём посух надодааст. Ҷабҳаи муқовимати миллӣ Афғонистон бошад, то ҳол дар ин бора чизе нагуфтааст. Амир Исмоилхон, волии собиқи Ҳирот ва яке аз раҳбарони аршади ҷиҳодӣ, ки пас аз суқути Ҳирот чанд рӯз дар асорати "Толибон"* қарор дошт, дар мусоҳиба бо Sputnik гуфт, ӯ ҳоло дар Машҳади Эрон аст. Ӯ аз Аҳмад Масъуд ҳимоят карда, таъсиси ҳукумати фарогирро зарур хонда буд.Ба гуфтаи оқои Исмоилхон, таъсиси ҳукумати фарогир дар шароити кунунӣ ба манфиати мардуми Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя аст.Ин чеҳраи маъруфи ҷиҳодӣ қаблан дар изҳороти худ гуфта буд, ки муқовимати Панҷшер густариш меёбад.Вай таъкид кард, ки Ғанӣ маъмури анҷоми кудето дар Афғонистон буд ва давлати қаблӣ ба ҳамин далел суқут кард.Амир Исмоилхон афзуд, муқовимати Панҷшер бо раҳбарии Аҳмад Масъуд танҳо нест ва бо мурури замон дар дигар вилоятҳои Афғонистон низ густариш меёбаду рушд мекунад.* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон
https://sputnik.tj/20211104/jabha-ahmad-masud-tojikiston-nest-afghoniston-ast-1043277007.html
https://sputnik.tj/20210915/ismoilkhon-hukumati-hamashumul-afghoniston-bargardam-1042268189.html
афғонистон
машҳад
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/07/1042100008_63:0:1063:750_1920x0_80_0_0_3763d428045e74066b741d9d3f8208e7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
аҳмади масъуд машҳад амир исмоилхон мулоқот
аҳмади масъуд машҳад амир исмоилхон мулоқот
Аҳмад Масъуд дар Машҳад бо Амир Исмоилхон мулоқот кард
04:56 06.11.2021 (Навсозишуда: 17:09 09.11.2021) Аҳмад Масъуд бо паёми раисҷумҳури Тоҷикистон барои дидор бо Амир Исмоилхон рафтааст
ДУШАНБЕ, 6 ноя – Sputnik. Фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо Амир Исмоилхон, яке аз роҳбарони ҷиҳодӣ ва волии пешини Ҳирот дар Эрон дидору мулоқот кардааст.
Дар ин бора Sputnik Афғонистон дар такя ба манбааш дар Машҳад хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дидори Аҳмад Масъуд ва Амир Исмоилхон рӯзи чаҳоршанбеи 3 ноябр дар Машҳад багузор шудааст.
Ин манбаъ афзуд, ки Аҳмад Масъуд дар ин дидор паёми Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистонро барои таъсиси ҳукумати фарогир оварда буд.
Манбаи Sputnik Афғонистон таъкид мекунад, ки фармондеҳ Исмоилхон то ҳол ба ин паём посух надодааст.
Ҷабҳаи муқовимати миллӣ Афғонистон бошад, то ҳол дар ин бора чизе нагуфтааст.
Амир Исмоилхон, волии собиқи Ҳирот ва яке аз раҳбарони аршади ҷиҳодӣ, ки пас аз суқути Ҳирот чанд рӯз дар асорати "Толибон"* қарор дошт, дар мусоҳиба бо Sputnik гуфт, ӯ ҳоло дар Машҳади Эрон аст. Ӯ аз Аҳмад Масъуд ҳимоят карда, таъсиси ҳукумати фарогирро зарур хонда буд.
Ба гуфтаи оқои Исмоилхон, таъсиси ҳукумати фарогир дар шароити кунунӣ ба манфиати мардуми Афғонистон ва кишварҳои ҳамсоя аст.
Ин чеҳраи маъруфи ҷиҳодӣ қаблан дар изҳороти худ гуфта буд, ки муқовимати Панҷшер густариш меёбад.
Вай таъкид кард, ки Ғанӣ маъмури анҷоми кудето дар Афғонистон буд ва давлати қаблӣ ба ҳамин далел суқут кард.
Амир Исмоилхон афзуд, муқовимати Панҷшер бо раҳбарии Аҳмад Масъуд танҳо нест ва бо мурури замон дар дигар вилоятҳои Афғонистон низ густариш меёбаду рушд мекунад.
* - гурӯҳи террористии мамнуъ дар қаламрави Русия ва Тоҷикистон