https://sputnik.tj/20220110/darguzasht-hokimi-aziz-ruznomanigor-maruf-1044673788.html
Даргузашти Ҳокими Азиз, муалллифи "Суҳбати мардона"
Даргузашти Ҳокими Азиз, муалллифи "Суҳбати мардона"
Sputnik Тоҷикистон
Ҳокимбек Ҳомидов, маъруф ба Ҳокими Азиз, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик, дар синни 62-солагӣ олами фониро падруд гуфт
2022-01-10T13:03+0500
2022-01-10T13:03+0500
2022-01-10T18:59+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
рӯзноманигор
телевизион
суҳбат
даргузашт
радио
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0a/1044675258_0:0:1024:577_1920x0_80_0_0_05fb0886cbf92758891137529fb112a0.jpg
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Ҳокими Азиз, ки аз худ осори зиёди маҳфуз дар "Хазинаи тилоӣ"-и радиои Тоҷикистонро боқӣ гузошт, солҳои охир аз фишорбаландию дарди қалб ранҷ мекашид. Бобоҷони Шафеъ, яке аз ҳамкурсони Ҳокими Азиз, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, марҳум ба далели фишорбаландӣ маҷбур буд, солҳои охир дар шифохонаҳо бистарӣ шавад. Марҳум дар қабристони маҳаллаи 33-и шаҳри Душанбе ба хок супорида шуд.Ҳокими Азиз 20 майи соли 1960 дар деҳаи Сағирдашти ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таввалуд ёфта, факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда буд.Вай аз соли 1986 дар бахши радиои Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуда, аз хабарнигори одӣ то вазифаи сармуҳаррир иҷрои вазифа кардааст. Бахусус ӯ яке аз муҳаррирони варзида дар идораи барномаҳои адабию драмавӣ ба ҳисоб меравад, ки беш аз 30 силсилагуфтори "Дар суҳбати адиб"-аш дар "Хазинаи тиллоӣ"-и радиои Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад. Солҳои 1997- 2005 ӯ ба бахши телевизиони Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ба кор омада, муҳаррир, муовини сармуҳаррири идораи фарҳангу маънавиёт ва сармуҳаррири идораи барномаҳои мусиқӣ буд. Марҳум муаллифи барномаи "Суҳбати мардона" (1997-2000) буд, ки дар масоили тафреҳӣ ва иҷтимоӣ хеле камназир ва мутафовит маҳсуб мешуд. Вай як мудат ба фаъолият дар матбуоти даврӣ гузашта, сармуҳаррири маҷаллаи "Маорифи Тоҷикистон"-и Вазорати маорифи кишвар низ буд. Ӯ солҳои охир бо навиштани романҳояш машғул буд, ки як маҷмуаеро аз онҳо ба номи "Бо навои борон" нашр кардааст.
https://sputnik.tj/20211221/motam-oila-prezident-mullo-tabib-2021-1043924065.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0a/1044675258_133:0:1024:668_1920x0_80_0_0_50f7ab413778c3d78555e9e7c4a93d30.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рӯзноманигор, шинохта, даргузашт, тоҷик
рӯзноманигор, шинохта, даргузашт, тоҷик
Даргузашти Ҳокими Азиз, муалллифи "Суҳбати мардона"
13:03 10.01.2022 (Навсозишуда: 18:59 10.01.2022) Ҳокимбек Ҳомидов, маъруф ба Ҳокими Азиз, рӯзноманигори шинохтаи тоҷик дар синни 62-солагӣ олами фониро падруд гуфт
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Ҳокими Азиз, ки аз худ осори зиёди маҳфуз дар "Хазинаи тилоӣ"-и радиои Тоҷикистонро боқӣ гузошт, солҳои охир аз фишорбаландию дарди қалб ранҷ мекашид.
Бобоҷони Шафеъ, яке аз ҳамкурсони Ҳокими Азиз, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, марҳум ба далели фишорбаландӣ маҷбур буд, солҳои охир дар шифохонаҳо бистарӣ шавад.
"Сактаи қалбӣ ҳам аз ин беморӣ гирифта буд. Охирин бор тақрибан моҳи сентябр дар шифохонаи "Советский" ду рӯз дар реаниматсия буд. Рӯзи 9-уми январ хабар доданд, ки ӯ дар манзилаш, дар Душанбе вафот кард”, - гуфт Бобоҷони Шафеъ.
Марҳум дар қабристони маҳаллаи 33-и шаҳри Душанбе ба хок супорида шуд.
Ҳокими Азиз 20 майи соли 1960 дар деҳаи Сағирдашти ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таввалуд ёфта, факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм карда буд.
Вай аз соли 1986 дар бахши радиои Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ба фаъолият оғоз намуда, аз хабарнигори одӣ то вазифаи сармуҳаррир иҷрои вазифа кардааст. Бахусус ӯ яке аз муҳаррирони варзида дар идораи барномаҳои адабию драмавӣ ба ҳисоб меравад, ки беш аз 30 силсилагуфтори "Дар суҳбати адиб"-аш дар "Хазинаи тиллоӣ"-и радиои Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад.
Солҳои 1997- 2005 ӯ ба бахши телевизиони Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ба кор омада, муҳаррир, муовини сармуҳаррири идораи фарҳангу маънавиёт ва сармуҳаррири идораи барномаҳои мусиқӣ буд.
Марҳум муаллифи барномаи "Суҳбати мардона" (1997-2000) буд, ки дар масоили тафреҳӣ ва иҷтимоӣ хеле камназир ва мутафовит маҳсуб мешуд. Вай як мудат ба фаъолият дар матбуоти даврӣ гузашта, сармуҳаррири маҷаллаи "Маорифи Тоҷикистон"-и Вазорати маорифи кишвар низ буд.
Ӯ солҳои охир бо навиштани романҳояш машғул буд, ки як маҷмуаеро аз онҳо ба номи "Бо навои борон" нашр кардааст.