https://sputnik.tj/20220109/vkd-sabab-sukhtor-yakkasaroy-1044658478.html
ВКД сабаби сӯхтор дар "Яккасарой"-ро гуфт, ҳафт миллион аз сӯхтор эмин монд
ВКД сабаби сӯхтор дар "Яккасарой"-ро гуфт, ҳафт миллион аз сӯхтор эмин монд
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати корҳои дохила сабабби асосии оташсӯзӣ дар тарабхонаи "Яккасарой"- ро дақиқ кард, вале аз хисороти расида чизе нагуфт
2022-01-09T09:00+0500
2022-01-09T09:00+0500
2022-01-10T16:22+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
вкд
сӯхтор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/08/1044657414_0:52:1024:628_1920x0_80_0_0_2ad18dc8b623de3da71aaf8bf2b04257.jpg
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Сабаби сар задани сӯхтор дар яке аз калонтарин ва ҳамзамон гаронтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе маълум шуд.ВУД бо нашри як хабар омили асосии сар задани сӯхтор дар тарабхонаи "Яккасарой"-ро тавзеҳ дод. Бинобар хабари манбаъ, беназорат гузоштани таҷҳизоти гармидиҳандаи барқӣ (кондитсионер) муҷиби оташсӯзӣ дар ин тарабхона гардидааст.Манбаъ меафзояд, бар асари оташсӯзӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст ва наҷотбахшон тавонистанд ба маблағи 7 миллиону 650 ҳазор сомонӣ молу маҳсулотро эмин нигоҳ доранд.Вазорат маблағи маҳсулоти наҷотёфтаро расонаӣ кард, вале нагуфт, ки хисороти ин ҳодисаи нохуш чӣ миқдор аст.Ёдовар мешавем, сӯхтор дар тарабхонаи "Яккасарой" рӯзи ҳафтуми январ, тақриан соати 10:38 дақиқа сар зад.Дар робита ба хомӯш кардани алангаи оташ ВКД менависад, ки ба маҳалли ҳодиса нақлиётҳои асосиву махсуси оташнишонӣ ва ҳайати шахсӣ сафарбар шуда, дар натиҷаи ташкил ва гузаронидани амалиёти фаврӣ сӯхтор бе паҳншавӣ ва дар масоҳати аввалааш ба пуррагӣ хомӯш карда шуд.ВУД зикр намуд, ки таҳқиқи сӯхтор дар тарабхонаи мазкур аз ҷониби гурӯҳи корӣ идома дорад.
https://sputnik.tj/20220107/sharh-khf-sukhtor-yakkasaroy-dushanbe-1044644082.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/08/1044657414_187:0:1024:628_1920x0_80_0_0_252b5337f1c150deafc8e29d6620a820.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сӯхтор тарабхона вкд
ВКД сабаби сӯхтор дар "Яккасарой"-ро гуфт, ҳафт миллион аз сӯхтор эмин монд
09:00 09.01.2022 (Навсозишуда: 16:22 10.01.2022) Вазорати корҳои дохилӣ сабаби асосии оташсӯзӣ дар тарабхонаи "Яккасарой"-ро дақиқ кард, вале аз хисороти он чизе нагуфт
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Сабаби сар задани сӯхтор дар яке аз калонтарин ва ҳамзамон гаронтарин тарабхонаи шаҳри Душанбе маълум шуд.
ВУД бо нашри як хабар омили асосии сар задани сӯхтор дар тарабхонаи "Яккасарой"-ро тавзеҳ дод. Бинобар хабари манбаъ, беназорат гузоштани таҷҳизоти гармидиҳандаи барқӣ (кондитсионер) муҷиби оташсӯзӣ дар ин тарабхона гардидааст.
"Рафти санҷиш ва таҳқиқи ҳодисаи сӯхтор муайян кард, ки сабаби оташ гирифтани бинои тарабхона беназорат гузоштани таҷҳизоти гармидиҳандаи барқӣ (кондитсионер) мебошад", - омадааст дар хабари вазорат.
Манбаъ меафзояд, бар асари оташсӯзӣ талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст ва наҷотбахшон тавонистанд ба маблағи 7 миллиону 650 ҳазор сомонӣ молу маҳсулотро эмин нигоҳ доранд.
Вазорат маблағи маҳсулоти наҷотёфтаро расонаӣ кард, вале нагуфт, ки хисороти ин ҳодисаи нохуш чӣ миқдор аст.
Ёдовар мешавем, сӯхтор дар тарабхонаи "Яккасарой" рӯзи ҳафтуми январ, тақриан соати 10:38 дақиқа сар зад.
Дар робита ба хомӯш кардани алангаи оташ ВКД менависад, ки ба маҳалли ҳодиса нақлиётҳои асосиву махсуси оташнишонӣ ва ҳайати шахсӣ сафарбар шуда, дар натиҷаи ташкил ва гузаронидани амалиёти фаврӣ сӯхтор бе паҳншавӣ ва дар масоҳати аввалааш ба пуррагӣ хомӯш карда шуд.
ВУД зикр намуд, ки таҳқиқи сӯхтор дар тарабхонаи мазкур аз ҷониби гурӯҳи корӣ идома дорад.