Ҳавои Душанбе тира шуд: Шарҳи КҲФ дар бораи сӯхтори мудҳиш дар "Яккасарой"

© КҲФ ТоҷикистонСӯхтор дар тарабхонаи "Яккасарой"
Сӯхтор дар тарабхонаи Яккасарой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.01.2022
Обуна шудан
То ҳол сабаби сӯхтори мудҳиш дар тарабхонаи "Яккасарой" муайян нашудааст
ДУШАНБЕ, 7 янв – Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода сӯхтори тарабхонаи "Яккасарой" - ро шарҳ дода гуфтааст, ки алангаи оташ ба ҳадде баланд буд, ки аз дуриҳои дур дида мешуд.
Манбаъ афзуда, ки дуди ғализ фазои атрофро тира карда буд.
Тибқи гузориши КФҲ, сӯхтор субҳи ҷумъа рух додааст. Тахминан соати 11:00 дақиқа навбатдори Сарраёсати хадамоти давлати оташнишонӣ хабар додааст, ки дар ноҳияи Фирдавсӣ, кӯчаи Саъдии Шерозӣ 16, шафати КВД "КТН Нашриёти шарқи озод", дар тарабхонаи "Яккасарой" сўхтор ба амал омадааст.
Баъд аз дарёфти хабар роҳбарияти Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе дар ҳайати 5 нафар, Дастаи махсуси зудамали наҷот дар ҳайати 5 нафар ба ҷойи ҳодиса сафарбар карда шудаанд.
Пожарная машина в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.01.2022
Сӯхтор дар тарабхонаи "Яккасарой" - видео
Гуфта мешавад, ки барои бартараф намудани ҳолати ба амаломада, 15- адад техникаи махсуси сӯхторхомушкунии ҷузву томҳои хадамоти оташнишонии шаҳри Душанбе, 5 - адад техникаҳои обкашони Раёсати истифодабарии роҳҳои шаҳри Душанбе, 2- адад техникаи ёрии таъҷилӣ тиббӣ ва зиёда аз 40 нафар ҳайати шахсии ШВКД-и 1 ва 2-и ноҳияи Фирдавсӣ ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардида тахминан соати 12:10 сӯхтор ба пуррагӣ хомўш карда шудааст.
Сӯхтори ба толори мебели “Истиқбол”, ки дар ошёнаи якуми тарабхонаи мазкур ҷойгир аст, қисман зарар расонидааст.
Дар сўхтори ба амал омада талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст, сабаб ва масоҳати сўхтори ба амал омада аз ҷониби мақомотҳои дахлдор муайян карда мешавад.
Ба иттилои КҲФ, иллати аслии сӯхтор то ҳоло эълон нашудааст ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳолати бавуҷудомадаро меомӯзанд.
Лентаи хабарҳо
0