Шарҳи ВУД Тоҷикистон аз ҳалокати се узви як хонавода дар як садамаи нақлиётӣ

© Sputnik / Стас ЭтвешДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.01.2022
Обуна шудан
Ахиран дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ бар асари садамаи ду нақлиёти сабукрави "Мерседес Бенс" ва "Опел" усе зви як хонавода ба ҳалокат расид
ДУШАНБЕ, 8 янв – Sputnik. Дафтари матбуотии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ин садамаи пурқурбониро, ки дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд - Чаноқ рух дода буд, шарҳ додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, ронандаи нақлиёти сабукрави "Мерседес Бенс", сокини ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд - Чаноқ, дар ҳудуди ноҳияи Деваштич аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба нақлиёти сабукрави “Опел-Зафира”, таҳти идораи сокини 46-солаи деҳаи Нурободи ноҳияи Деваштич бархурдааст.
Манбаъ хабар додааст, ки дар натиҷаи ин садама се узви як хонавода ба ҳалокат расидааст.
Дар натиҷаи садама ронандаи мошини “Опел-Зафира” ва се мусофири он, сокинони деҳаи Нурободи ҳамин ноҳия ҷароҳатҳои вазнин бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.01.2022
Садамаи пурқурбонӣ дар роҳи Душанбе - Хуҷанд: се ҳалокшуда аъзои як хонавода
Дар ҳоли ҳозир аз ҷониби кормандони милитсияи Тоҷикистон таҳқиқоти ин ҳодиса идома дорад.
Ёдрас мешавем, чанде пеш КҲФ хабар дода буд, ки дар ин садама чаҳор кас ҳалок ва ду нафари дигар захмдор шудааст.
Ба иттилои ин ниҳод, ронанда ва мусофири 58-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ дар дохили мошини боркаши "Mercedes Atego" будаанду ронанда ва се мусофир - аъзои як хонавода дар худрави "Opel Zafira" будаанд.
"Бар асари садама ронанда ва се мусофири мошини "Opel Zafira" дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, ронанда ва мусофири "Mercedes Atego" ҷароҳат бардоштаанд", - омадааст дар хабар.
Лентаи хабарҳо
0