Санаи баргузории иҷлосияи ғайринавбатии СААД эълон шуд: Ҳузури Раҳмон номаълум аст

© Пресс-служба Президента Кыргызской РеспубликиФлаги стран-участниц заседания Совета коллективной безопасности ОДКБ
Флаги стран-участниц заседания Совета коллективной безопасности ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2022
Обуна шудан
Раҳбарони кишварҳои узви СААД тасмим надоранд, ки дар поёни иҷлосия аснод қабул кунанд
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои СААД рӯзи 10 январ дар назар аст. Дар ин бора дар хадамоти матбуоти Кремл хабар доданд.
"Дар сессия масъалаи вазъият дар Қазоқистон ва чораҳои мӯътадил гардондани он муҳокима мешавад", - омадааст дар хабар.
Маълум аст, ки мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви СААД дар шакли видеоконфронс таҳти раёсати Арманистон баргузор мешавад.
Дар чорабинӣ сарвазири ин кишвар Никол Пашинян, президенти Русия Владимир Путин, раҳбари Беларус Александр Лукашенко ва дабири кулли созмон Станислав Зас ширкат мекунанд.
Дар ҷаласа ҳамчунин сарвазири Қирғизистон Оқилбек Жапаров иштирок мекунад.
Президент РФ Владимир Путин и президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.01.2022
Путину Тоқаев вазъи Қазоқистон ва иқдомоти СААД-ро баррасӣ карданд
Ҳанӯз маълум нест, ки раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ё дигар намояндагони мақомоти ҷумҳурӣ дар видеоконфронси СААД ширкат хоҳанд кард ё на.
Ба изҳори сухангӯи Кремл, Дмитрий Песков, дар пайи иҷлосия, созмон қабули ҳеҷ гуна ҳуҷҷатро дар назар надорад.
Қобили зикр аст, ки феълан нерӯҳои посдори сулҳи созмон аз Федератсияи Русия, Тоҷикистон, Қирғизистон, Арманистон ва Беларус дар қаламрави Қазоқистон қарор доранд.

Ноамниҳо дар Қазоқистон

Эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон аз рӯзҳои аввали соли 2022 шурӯъ шуданд. Сокинони шаҳрҳои Жанаозен ва Актау дар ғарби кишвар бинобар гарон шудани нархи гази моеъ даст ба эътироз заданд.
Баъдтар эътирозҳо дар дигар шаҳрҳо, аз ҷумла Алмаато, пойтахти кӯҳна ва калонтарин шаҳри ҷумҳурӣ паҳн шуданд: дар он ҷо ғоратгарӣ оғоз шуд, ҷангҷӯён ба муассисаҳои давлатӣ ҳамла карданд, силоҳро гирифтанд. Дар посух мақомот то 19 январ дар саросари кишвар вазъияти изтирорӣ эълон намуда, амалиёти зиддитеррористӣ оғоз кард.
Ба иттилои СММ, дар ҷараёни эътирозҳо дар Қазоқистон ҳудуди 1000 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, 18 корманди амниятӣ кушта шуданд.
Протесты в Казахстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2022
Дар ошӯбҳои Қазоқистон 164 нафар, аз ҷумла ду кӯдак ҷон бохт
Субҳи 5 январ раисиҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ҳукуматро барканор кард ва раиси Шӯрои Амният шуд. Тоқаев дар нахустин ҷаласаи Шӯрои Амният таҳти раҳбарии ӯ вазъ дар Қазоқистонро поймол кардани якпорчагии давлат хонда ва гуфтааст, ки аз СААД "барои рафъи хатари террористӣ" кумак хостааст.
Рӯзи 7 январ Тоқаев эълон кард, ки террористҳо, аз ҷумла онҳое, ки аз хориҷ омада буданд, муқовиматро идома медиҳанд ва ваъда дод, ки онҳоеро, ки силоҳ нагузоштаанд, нобуд хоҳанд кард. Илова бар ин, президент қайд кард, ки тамоми дархостҳои шаҳрвандон шунида шуданд.
Лентаи хабарҳо
0