https://sputnik.tj/20220108/putinu-toqaev-vazi-qazoqiston-iqdomoti-saad-barrasi-1044649648.html
Путину Тоқаев вазъи Қазоқистон ва иқдомоти СААД-ро баррасӣ карданд
Путину Тоқаев вазъи Қазоқистон ва иқдомоти СААД-ро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин бо ҳамтои қазоқаш Қосимҷомарт Тоқаев чанд гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод
2022-01-08T10:00+0500
2022-01-08T10:00+0500
2022-01-10T12:10+0500
қазоқистон
владимир путин
баррасӣ
осиёи марказӣ
вазъ
суҳбати телефонӣ
дар русия
қосим -жомарт тоқаев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102860/35/1028603510_0:0:3109:1748_1920x0_80_0_0_4cbbb098c82d5cb93baf3387545080df.jpg
ДУШАНБЕ, 8 янв – Sputnik. Тибқи иттилои сомонаи Кремлин, раисҷумҳури Русия бо ҳамтои қазоқаш вазъи Қазоқистон ва иқдомоти СААД дар доираи салоҳияти ин созмонро баррасӣ кард.Илова бар ин Владимир Путин бо раҳбарони дигари кишварҳои СААД, руасои ҷумҳурҳои Қирғизистон, Беларус ва Тоҷикистон Содир Ҷабборов, Александр Лукашенко ва Эмомалӣ Раҳмон гуфтугӯ кардааст. Вай инчунин бо сарвазири Арманистон Никол Пашинян низ гуфтугӯи телефонӣ доштааст.Бояд гуфт, дафтари матбуотии Кремл ҷузъиёти суҳбатҳои телефониро шарҳ надодааст.Ба гузориши шабакаи "Telegram"-и “Пул Первого”, як шабакаи наздик ба раисҷумҳури Беларус, раҳбарони кишварҳо ҷилавгирӣ аз вуруди гурӯҳҳои ҷинояткор ба ин кишварро яке аз вазифаҳои аслии нерӯҳои посдорони сулҳи СААД дар Қазоқистон унвон кардаанд.Ин шабака гуфтаааст, ки Путин, Лукашенко ва Пашинян таъкид кардаанд, ки қазоқистониён бояд мушкилоти дохилии кишварашонро мустақилона ҳал кунанд.Ёдовар мешавем, эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон аз аввали соли 2022 идома доранд. Ду баробар боло рафтани қимати гази моеъ ба ин тазоҳурот сабаб шуд, ки хашми шаҳрвандони ин кишварро барангехт.Комиссияи ташкилшудаи ҳукуматӣ омодагии худро барои паст кардани нарх эълон кард, аммо эътирозҳо ба шаҳрҳои дигар доман паҳн карданд. Аз ҷумла дар Алмаато рӯзҳои чаҳоруму панҷуми январ миёни сокинону маъмурони амниятӣ задухӯрди шадид рух дод.
https://sputnik.tj/20220107/rahmon-pashinyan-qazoqiston-1044647255.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102860/35/1028603510_85:0:2816:2048_1920x0_80_0_0_57fe345b3e8ffb93de7861c3f724956f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
владимир путин, тоқаев, суҳбат, телефонӣ, вазъ қазоқистон, баррасӣ
владимир путин, тоқаев, суҳбат, телефонӣ, вазъ қазоқистон, баррасӣ
Путину Тоқаев вазъи Қазоқистон ва иқдомоти СААД-ро баррасӣ карданд
10:00 08.01.2022 (Навсозишуда: 12:10 10.01.2022) Раисҷумҳури Русия Владимир Путин бо ҳамтои қазоқаш Қосимҷомарт Тоқаев чанд гуфтугӯи телефонӣ анҷом дод
ДУШАНБЕ, 8 янв – Sputnik. Тибқи иттилои сомонаи Кремлин, раисҷумҳури Русия бо ҳамтои қазоқаш вазъи Қазоқистон ва иқдомоти СААД дар доираи салоҳияти ин созмонро баррасӣ кард.
"Онҳо вазъ дар ҷумҳурӣ, иқдомоти муштарак дар чаҳорчӯби салоҳияти СААД дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ ва таъмини тартиботу амнияти шаҳрвандони Қазоқистонро баррасӣ карданд", - омадааст дар хабари Кремлин.
Илова бар ин Владимир Путин бо раҳбарони дигари кишварҳои СААД, руасои ҷумҳурҳои Қирғизистон, Беларус ва Тоҷикистон Содир Ҷабборов, Александр Лукашенко ва Эмомалӣ Раҳмон гуфтугӯ кардааст. Вай инчунин бо сарвазири Арманистон Никол Пашинян низ гуфтугӯи телефонӣ доштааст.
Бояд гуфт, дафтари матбуотии Кремл ҷузъиёти суҳбатҳои телефониро шарҳ надодааст.
Ба гузориши шабакаи "Telegram"-и “Пул Первого”, як шабакаи наздик ба раисҷумҳури Беларус, раҳбарони кишварҳо ҷилавгирӣ аз вуруди гурӯҳҳои ҷинояткор ба ин кишварро яке аз вазифаҳои аслии нерӯҳои посдорони сулҳи СААД дар Қазоқистон унвон кардаанд.
Ин шабака гуфтаааст, ки Путин, Лукашенко ва Пашинян таъкид кардаанд, ки қазоқистониён бояд мушкилоти дохилии кишварашонро мустақилона ҳал кунанд.
Ёдовар мешавем, эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон аз аввали соли 2022 идома доранд. Ду баробар боло рафтани қимати гази моеъ ба ин тазоҳурот сабаб шуд, ки хашми шаҳрвандони ин кишварро барангехт.
Комиссияи ташкилшудаи ҳукуматӣ омодагии худро барои паст кардани нарх эълон кард, аммо эътирозҳо ба шаҳрҳои дигар доман паҳн карданд. Аз ҷумла дар Алмаато рӯзҳои чаҳоруму панҷуми январ миёни сокинону маъмурони амниятӣ задухӯрди шадид рух дод.