Ӯ террорист нест: ҷонибдории Тошиев аз шаҳрванди боздоштшудаи ин кишвар дар Қазоқистон

© Sputnik / Гузариш ба медиабонкПарламент Киргизии утвердил назначение С. Жапарова на пост премьер-министра
Парламент Киргизии утвердил назначение С. Жапарова на пост премьер-министра - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2022
Обуна шудан
Қирғизистон аз боздошт шудани як шаҳрвандаш дар ошӯбҳои Қазоқистон вокуниш нишон дод
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Қирғизистоние, ки дар ошӯби Қазоқистон боздошт шудааст, террорист нест. Дар ин бора раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев дар ҳузури шаҳрвандони ин кишвар, ки барои ҷонибдорӣ аз ҳамватани худ даст ба эътироз задаанд, хабар дод

"Ӯ террорист нест. Фақат он нафароне, ки тафтишот мебаранд ё иштибоҳ кардаанд ва ё мехостанд бо ин роҳ манфиат ба даст оранд", - таъкид кард Тошиев.

Ба боварии Тошиев, шаҳрванди Қирғизистон "дар вақти нодуруст дар ҷои нодуруст қарор гирифтааст". Ӯ қайд намуд, ки ягон ҳамлагар аз қаламрави ҷумҳурии ҳамсоя ба Қазоқистон нагузаштааст.
"Дар Қирғизистон ягон террорист вуҷуд надорад, агар бошад ҳам, тибқи қонунгузории мо, ҷазо мегиран", - афзуд Тошиев.
Зимнан, раиси КДАМ Қирғизистон зикр намуд, ки ҳоло ҷониби Қазоқистон расман ба онҳо муроҷиат накардааст.
Протесты в Казахстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2022
Боздошти қирғизе, ки дар ошӯбҳои Қазоқистон ширкат кард: ӯ аз ҳузури тоҷикон гуфт - видео
Қаблан шабакаи телевизионии давлатии Қазоқистон видеои бозпурсии як шаҳрванди Қирғизистонро нашр кард, ки дар он боздоштшуда иқрор намуд, бар ивази 200 доллар мехост дар ошӯбҳои ин кишвар иштирок кунад.
Ӯ ҳамчунин тавзеҳ дод, дар манзиле, ки қарор дошт, шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон низ ҳузур доштанд.
Ба иттилои баъзе манобеъ, боздоштшуда аслан ҳунарманд аст ва дар Қазоқистон барномаи консертӣ баргузор мекард. Вале феълан ин маълумот ба таври расмӣ тасдиқ нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0