Боздошти қирғизе, ки дар ошӯбҳои Қазоқистон ширкат кард: ӯ аз ҳузури тоҷикон гуфт - видео

© REUTERS \ PAVEL MIKHEYEVПротесты в Казахстане
Протесты в Казахстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2022
Обуна шудан
Яке аз боздоштшудаҳо, ки шаҳрванди Қирғизистон мебошад, изҳор кард, бар ивази пул дар ошӯбҳои Қазоқистон иштирок намуд. Ӯ аз ҳузури шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон низ дар ин воқеот гуфт
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Шаҳрвандони Тоҷикистон мумкин дар ошӯбҳои Қазоқистон ширкат доштанд. Дар ин бора як боздоштшуда, ки шаҳрванди Қирғизистон аст, хабар дод.
Видеои бозпурсии ӯ дар шабакаи телевизионии давлатии Қазоқистон пахш шуд. Ба гуфтаи боздоштшуда, рӯзи якуми январ афроди ношинос ба ӯ занг зада, барои ширкат дар гирдиҳамоӣ бо маблағи 200 доллар пешниҳод кардаанд. Ӯ розӣ шудааст, зеро дар Қирғизистон бекор будааст.

"Онҳо ба ман чипта хариданд, рӯзи дуюми январ ба Алмаато парвоз кардам, маро ба манзиле бурданд, ки дар он ҷо шаҳрвандони Тоҷикистону Ӯзбекистон ҳам буданд. Ман нафаҳмидам, ки онҳо дар бораи чӣ гап мезананд", - гуфт ин мард.

Вай таъкид кард, ки дар ҷараёни гирдиҳамоӣ тарсид ва тасмим гирифт, ки ба манзилаш баргардад, аммо ӯро маъмурони интизомӣ боздошт карданд.
Дар манзил ба ҷуз аз қирғизҳо тақрибан 10 нафари дигар ҳам ҳузур дошт.
Нерӯҳои амниятӣ аз боздоштшудаҳо машрубот, силоҳ, таппонча, пулемёт ва "коктейли Молотов" мусодира карданд. Дар видео инчунин шиносномаҳои кишварҳои хориҷӣ дида мешавад.
Эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон аз рӯзҳои аввали соли 2022 шурӯъ шуданд. Сокинони шаҳрҳои Жанаозен ва Актау дар ғарби ин кишвар бинобар гарон шудани нархи гази моеъ даст ба эътироз заданд.
Протесты в Казахстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2022
Қазоқистон аз ошӯбҳои ахир 210 миллион доллар зарар дид
Баъдтар эътирозҳо дар дигар шаҳрҳо, аз ҷумла Алмаато, пойтахти куҳна ва калонтарин шаҳри ин ҷумҳурӣ паҳн шуданд: дар он ҷо ғоратгарӣ оғоз шуд, ҷангҷӯён ба муассисаҳои давлатӣ ҳамла карданд, силоҳ гирифтанд. Дар посух мақомот то 19 январ дар саросари кишвар вазъияти изтирорӣ эълон намуда, амалиёти зиддитеррористӣ оғоз карданд.
Ба иттилои СММ, дар ҷараёни эътирозҳо дар Қазоқистон ҳудуди 1000 нафар ҷароҳат бардошт. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ин ҷумҳурӣ, 18 корманди амниятӣ кушта шуд.
Лентаи хабарҳо
0