https://sputnik.tj/20220107/rahmon-pashinyan-qazoqiston-1044647255.html
Раҳмон ва Пашинян вазъи Қазоқистонро баррасӣ карданд
Раҳмон ва Пашинян вазъи Қазоқистонро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон бо Никол Пашинян телефонӣ суҳбат кард
2022-01-07T20:34+0500
2022-01-07T20:34+0500
2022-01-07T20:54+0500
амният ва мудофиа
қазоқистон
владимир путин
дар русия
қосим -жомарт тоқаев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102693/19/1026931988_0:106:2048:1258_1920x0_80_0_0_081378a57276a17abd1c4db5d80ff91d.jpg
ДУШАНБЕ, 7 янв – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Арманистон, раиси Шӯрои амнияти СААД Никол Пашинян телефонӣ суҳбат кардааст, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.Дар ҷараёни суҳбат ду ҷониб оид ба раванди рушди вазъият дар Қазоқистон табодули афкор кардаанд.Гуфта мешавад, ки дар рафти ин суҳбат сиёсатмадорон, ҷонибдории худро дар ростои талошҳои роҳбарияти кишвари дӯст ҷиҳати барқарор намудани сулҳу оромӣ таъкид намуданд.Дар ин зимн ҷонибҳо ҷараёни татбиқи қарори СААД-ро дар бораи ирсоли ҳайати муттаҳидаи сулҳофари Созмон ба Қазоқистон барои мусоидат ба ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини субот баррасӣ намудаанд.Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон ҳудуди 200 низомиро тариқи ҳавопаймои Русия ба Қазоқистон фиристод.Интизор меравад, ки тоҷикистонӣ дар ҳайати нерӯҳои муштараки СААД ба таъмини тартибот дар Қазоқистон машғул хоҳанд шуд.Маврид ба зикр аст, феълан кишварҳои узви СААД - Тоҷикистон, Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон мебошанд, ки аллакай бархеяшон интиқоли нерӯро ба Қазоқистон оғоз кардаанд. Ҳадафи ин созмон ҳифзи якҷояи давлатҳои узв аз таҷовузи низомию сиёсии хориҷӣ ва ҳамчунин аз ҳамлаҳои террористӣ арзёбӣ мегардад.Қазоқистон дар ҳолати омодабош: эълони хатари дараҷаи сурхҲамоишҳои эътирозӣ дар Қазоқистон рӯзҳои аввали соли равон алайҳи болоравии нархи гази моеъ сар зада, баъдан ба бетартибиҳо ва даргириҳо печиданд, ки куштаю маҷруҳ барҷой гузоштаанд. Феълан дар Қазоқистон барои барқарорсозии тартиботи ҷамъиятӣ хатари дараҷаи сурх эълон гардидаст.
https://sputnik.tj/20220107/tojikiston-neru-qazoqiston-parvoz-1044643101.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102693/19/1026931988_116:0:1933:1363_1920x0_80_0_0_057d4262b037381708a6b8c7084c28d3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
суҳбат, раҳмон, пашинян, қазоқистон
суҳбат, раҳмон, пашинян, қазоқистон
Раҳмон ва Пашинян вазъи Қазоқистонро баррасӣ карданд
20:34 07.01.2022 (Навсозишуда: 20:54 07.01.2022) Эмомалӣ Раҳмон бо Никол Пашинян телефонӣ суҳбат карда, вазъи Қазоқистонро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 7 янв – Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сарвазири Арманистон, раиси Шӯрои амнияти СААД Никол Пашинян телефонӣ суҳбат кардааст, хабар медиҳад котиботи раисиҷумҳури Тоҷикистон.
Дар ҷараёни суҳбат ду ҷониб оид ба раванди рушди вазъият дар Қазоқистон табодули афкор кардаанд.
Гуфта мешавад, ки дар рафти ин суҳбат сиёсатмадорон, ҷонибдории худро дар ростои талошҳои роҳбарияти кишвари дӯст ҷиҳати барқарор намудани сулҳу оромӣ таъкид намуданд.
Дар ин зимн ҷонибҳо ҷараёни татбиқи қарори СААД-ро дар бораи ирсоли ҳайати муттаҳидаи сулҳофари Созмон ба Қазоқистон барои мусоидат ба ҳифзи тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини субот баррасӣ намудаанд.
Ёдрас мешавем, ки Тоҷикистон ҳудуди 200 низомиро тариқи ҳавопаймои Русия ба Қазоқистон фиристод.
Интизор меравад, ки тоҷикистонӣ дар ҳайати нерӯҳои муштараки СААД ба таъмини тартибот дар Қазоқистон машғул хоҳанд шуд.
Маврид ба зикр аст, феълан кишварҳои узви СААД - Тоҷикистон, Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон мебошанд, ки аллакай бархеяшон интиқоли нерӯро ба Қазоқистон оғоз кардаанд. Ҳадафи ин созмон ҳифзи якҷояи давлатҳои узв аз таҷовузи низомию сиёсии хориҷӣ ва ҳамчунин аз ҳамлаҳои террористӣ арзёбӣ мегардад.
Ҳамоишҳои эътирозӣ дар Қазоқистон рӯзҳои аввали соли равон алайҳи болоравии нархи гази моеъ сар зада, баъдан ба бетартибиҳо ва даргириҳо печиданд, ки куштаю маҷруҳ барҷой гузоштаанд. Феълан дар Қазоқистон барои барқарорсозии тартиботи ҷамъиятӣ хатари дараҷаи сурх эълон гардидаст.