https://sputnik.tj/20220108/nazarboev-muloqoti-lukoshenko-raisjumhuri-qazoqiston-1044649798.html
Нахустин хабар аз Назарбоев: мулоқоти Лукошенко бо аввалин раисҷумҳури Қазоқистон
Нахустин хабар аз Назарбоев: мулоқоти Лукошенко бо аввалин раисҷумҳури Қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
Раисҷумҳури Беларус бо нахустин президенти Қазоқистон дар як суҳбати телефонӣ вазъи ин кишварро баррасӣ кард
2022-01-08T11:00+0500
2022-01-08T11:00+0500
2022-01-10T12:18+0500
қазоқистон
беларус
нурсултон назарбоев
александр лукашенко
осиёи марказӣ
суҳбати телефонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102886/48/1028864851_0:0:2714:1528_1920x0_80_0_0_9a0d68cf64fc98823372c9f5cff54410.jpg
ДУШАНБЕ, 8 янв – Sputnik. Александр Лукашенко, роҳбари Беларус дар суҳбати телефонӣ бо Нурсултон Назарбоев, аввалин раисҷумҳури Қазоқистон, вазъи ин кишварро баррасӣ кард, иттилоъ додааст Sputnik Беларус.Бояд гуфт, дар аз оғози нооромиҳо дар Қазоқистон ин аввалин хабар аз Нурсултон Назарбоев аст. Қаблан расонаҳо аз фирори ӯ ва аҳли хонаводааш хабар дода буданд. Дар рӯзҳои аввали эътрозҳо расонаҳои Қазоқистон навишта буданд, ки оқои Назарбоев дар кишвар ҳузур надорад ва ӯ дар хориҷ аз ин кишвар табобат мегирад.Ёдовар мешавем, эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон аз аввали соли 2022 идома доранд. Ду баробар боло рафтани қимати гази моеъ ба ин тазоҳурот сабаб шуд, ки хашми шаҳрвандони ин кишварро барангехт.Комиссияи ташкилшудаи ҳукуматӣ омодагии худро барои паст кардани нарх эълон кард, аммо эътирозҳо ба шаҳрҳои дигар доман паҳн карданд. Аз ҷумла дар Алмаато рӯзҳои чаҳоруму панҷуми январ миёни сокинону маъмурони амниятӣ задухӯрди шадид рух дод.
https://sputnik.tj/20220107/qazoqiston-omodabosh-khatar-surkh-1044639582.html
қазоқистон
беларус
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102886/48/1028864851_0:0:2714:2036_1920x0_80_0_0_e1ae6087221f15c6db4f015cbcf14e48.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
лукашенко, назарбоев, суҳбати телефонӣ, вазъ, қазоқистон, баррасӣ, беларус
лукашенко, назарбоев, суҳбати телефонӣ, вазъ, қазоқистон, баррасӣ, беларус
Нахустин хабар аз Назарбоев: мулоқоти Лукошенко бо аввалин раисҷумҳури Қазоқистон
11:00 08.01.2022 (Навсозишуда: 12:18 10.01.2022) Раисҷумҳури Беларус бо нахустин президенти Қазоқистон дар як суҳбати телефонӣ вазъи ин кишварро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 8 янв – Sputnik. Александр Лукашенко, роҳбари Беларус дар суҳбати телефонӣ бо Нурсултон Назарбоев, аввалин раисҷумҳури Қазоқистон, вазъи ин кишварро баррасӣ кард, иттилоъ додааст Sputnik Беларус.
"Имрӯз як гуфтугӯи телефонии Александр Лукашенко бо раисҷумҳури нахустини Қазоқистон Нурсултон Назарбоев баргузор ва зимни ин суҳбат вазъи Қазоқистон ба таври муфассал баррасӣ шуд", — омадааст дар хабар.
Бояд гуфт, дар аз оғози нооромиҳо дар Қазоқистон ин аввалин хабар аз Нурсултон Назарбоев аст. Қаблан расонаҳо аз фирори ӯ ва аҳли хонаводааш хабар дода буданд. Дар рӯзҳои аввали эътрозҳо расонаҳои Қазоқистон навишта буданд, ки оқои Назарбоев дар кишвар ҳузур надорад ва ӯ дар хориҷ аз ин кишвар табобат мегирад.
Ёдовар мешавем, эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон аз аввали соли 2022 идома доранд. Ду баробар боло рафтани қимати гази моеъ ба ин тазоҳурот сабаб шуд, ки хашми шаҳрвандони ин кишварро барангехт.
Комиссияи ташкилшудаи ҳукуматӣ омодагии худро барои паст кардани нарх эълон кард, аммо эътирозҳо ба шаҳрҳои дигар доман паҳн карданд. Аз ҷумла дар Алмаато рӯзҳои чаҳоруму панҷуми январ миёни сокинону маъмурони амниятӣ задухӯрди шадид рух дод.