https://sputnik.tj/20220107/qazoqiston-omodabosh-khatar-surkh-1044639582.html
Қазоқистон дар ҳолати омодабош: эълони хатари дараҷаи сурх
Қазоқистон дар ҳолати омодабош: эълони хатари дараҷаи сурх
Sputnik Тоҷикистон
Барои ба эътидол овардани вазъ бо нооромиҳо дар тамоми минтақаҳои кишвар низоми махсуси хатар ҷорӣ карда шудааст - мақомот чораҳои дахлдор меандешанд.
2022-01-07T15:17+0500
2022-01-07T15:17+0500
2022-01-07T15:33+0500
амният ва мудофиа
қазоқистон
осиёи марказӣ
хатар
омодабош
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/07/1044636483_0:1:848:478_1920x0_80_0_0_f7088eaa283e7e2337d8ad0c0016b2d3.jpg
ДУШАНБЕ, 7 янв – Sputnik. Феълан дар саросари Қазоқистон хатари дараҷаи баланд ҷорӣ шудааст, хабар медиҳад Кумитаи амнияти миллии ин кишвар.Тибқи изҳорот, раиси КДАМ, дар мувофиқа бо президент дастур додааст, дар саросари Қазоқистон дараҷаи шадиди хатари террористӣ ҷорӣ карда шавад. Дар тамоми манотиқи кишвар низоми амалиёти зиддитеррористӣ ба кор шурӯъ кардааст. Вобаста ба вазъияти ба амаломада сарони аввали мақомоти давлатӣ барои ба эътидол овардани вазъ дар кишвар ва рафъи хатари террористӣ саъй доранд - барои ин аллакай чораҳои зарурӣ андешида шудаанд. Бо ҷорӣ шудани дараҷаи сурхи хатари террористӣ, хадамоти махсус ҳақ доранд кофтукови шахсӣ, азназаргузаронии ашё ва воситаҳои нақлиёт, инчунин ҳаракати онҳоро маҳдуд ё манъ кунанд, қайд мекунад хабаргузории Tengrinews-и Қазоқистон. Илова бар ин, ба кормандони истихборотӣ иҷозат дода мешавад, ки бидуни мамониат ба ҳама гуна биноҳо, аз ҷумла ба манзилҳои истиқоматӣ дастрасӣ пайдо кунанд. Ҳамчунин, ба феҳристи тадбирҳои рафъ кардани таҳдиди терроризм назорати гуфтушунидҳо ва дигар иттилооте, ки тавассути каналҳои низоми алоқа интиқол дода мешаванд, дохил карда шудаанд. Илова бар ин, сафарбаркунии пурра ва омодагии ҷангии тамоми ҳайати шахсии хадамоти махсус ва пурзӯр намудани чораҳои амниятӣ дар назар аст. Ёдовар мешавем, ки эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон аз аввали соли 2022 идома доранд. Ба ин тазоҳурот ду баробар боло рафтани қимати гази моеъ сабаб шуд, ки хашми шаҳрвандони кишварро барангехт. Комиссияи ташкилшудаи ҳукуматӣ омодагии худро барои паст кардани нархҳо эълон кард, аммо эътирозҳо ба шаҳрҳои дигар доман паҳн кард. Аз ҷумла, дар Алмаато рӯзҳои 4 ва 5 январ миёни сокинон ва маъмурони амниятӣ задухӯрди шадид рух дод.
https://sputnik.tj/20220107/qazoqiston-panj-guzargoh-bast-1044637266.html
https://sputnik.tj/20220107/gharb-ishghol-qazoqiston-safsata-1044635662.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/07/1044636483_104:0:744:480_1920x0_80_0_0_c4b9bb28f49ea69bbcfdad9f360d6d93.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хатари сурх, қазоқистон. эълон,
хатари сурх, қазоқистон. эълон,
Қазоқистон дар ҳолати омодабош: эълони хатари дараҷаи сурх
15:17 07.01.2022 (Навсозишуда: 15:33 07.01.2022) Барои ба эътидол овардани вазъ, дар саросари Қазоқистон, низоми махсуси хатар ҷорӣ шудааст
ДУШАНБЕ, 7 янв – Sputnik. Феълан дар саросари Қазоқистон хатари дараҷаи баланд ҷорӣ шудааст, хабар медиҳад Кумитаи амнияти миллии ин кишвар.
"6 январи соли 2022 дар шаҳри Нурсултон раиси Кумитаи амнияти миллӣ, генерал-майор Ермек Сагимбоев ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявии оперативӣ оид ба мубориза бо терроризмро (РОШ) баргузор кард",-омадааст дар хабарномаи ин ниҳод.
Тибқи изҳорот, раиси КДАМ, дар мувофиқа бо президент дастур додааст, дар саросари Қазоқистон дараҷаи шадиди хатари террористӣ ҷорӣ карда шавад.
Дар тамоми манотиқи кишвар низоми амалиёти зиддитеррористӣ ба кор шурӯъ кардааст.
Вобаста ба вазъияти ба амаломада сарони аввали мақомоти давлатӣ барои ба эътидол овардани вазъ дар кишвар ва рафъи хатари террористӣ саъй доранд - барои ин аллакай чораҳои зарурӣ андешида шудаанд.
Бо ҷорӣ шудани дараҷаи сурхи хатари террористӣ, хадамоти махсус ҳақ доранд кофтукови шахсӣ, азназаргузаронии ашё ва воситаҳои нақлиёт, инчунин ҳаракати онҳоро маҳдуд ё манъ кунанд, қайд мекунад хабаргузории Tengrinews-и Қазоқистон.
Илова бар ин, ба кормандони истихборотӣ иҷозат дода мешавад, ки бидуни мамониат ба ҳама гуна биноҳо, аз ҷумла ба манзилҳои истиқоматӣ дастрасӣ пайдо кунанд.
Ҳамчунин, ба феҳристи тадбирҳои рафъ кардани таҳдиди терроризм назорати гуфтушунидҳо ва дигар иттилооте, ки тавассути каналҳои низоми алоқа интиқол дода мешаванд, дохил карда шудаанд.
Илова бар ин, сафарбаркунии пурра ва омодагии ҷангии тамоми ҳайати шахсии хадамоти махсус ва пурзӯр намудани чораҳои амниятӣ дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон аз аввали соли 2022 идома доранд. Ба ин тазоҳурот ду баробар боло рафтани қимати гази моеъ сабаб шуд, ки хашми шаҳрвандони кишварро барангехт.
Комиссияи ташкилшудаи ҳукуматӣ омодагии худро барои паст кардани нархҳо эълон кард, аммо эътирозҳо ба шаҳрҳои дигар доман паҳн кард. Аз ҷумла, дар Алмаато рӯзҳои 4 ва 5 январ миёни сокинон ва маъмурони амниятӣ задухӯрди шадид рух дод.