https://sputnik.tj/20220108/mullo-barodar-avzoi-afghoniston-hassosu-noguvor-1044652984.html
Мулло Абдулғанӣ Бародар авзои Афғонистонро ҳассосу ногувор медонад
Мулло Абдулғанӣ Бародар авзои Афғонистонро ҳассосу ногувор медонад
Sputnik Тоҷикистон
Муовини аввали нахуствазири давлати толибон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ мехоҳад то бидуни дарназардошт масоили сиёсӣ, кумакҳои башариро ба кишвар фароҳам бисозанд
2022-01-08T13:40+0500
2022-01-08T13:40+0500
2022-01-10T13:31+0500
афғонистон
толибон
кӯмаки башардӯстона
вазъ
ҷомеаи ҷаҳонӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042298687_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_828d407ea7339ff66f2f79c1944e6d48.jpg
ДУШАНБЕ, 8 янв – Sputnik. Мулло Абдулғанӣ Бародар дар як паёмаш ба кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ гуфтааст, ки сокинони бисёре аз манотиқи Афғонистон ба таври оҷил ниёз ба ғизо, манзил ва кумаки пулӣ доранд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба сойти “Ҳоф”."Дар ин вазъияти сангин мардуми Афғонистон ба кумакҳои фаврии башардӯстонаи ҷаҳон ниёз доранд ва баста шудани дороиҳои кишвар дар бонкҳои Амрико вазъро мушкилтар кардааст ва ҳоло мардум ба ғизову сарпаноҳ ниёз доранд, ки бояд фавран таъмин карда шаванд”, -гуфт ин мақомдори аршади давлати толибон.Муовини аввали нахуствазири давлати толибон ҳамчунин аз кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ даъват кардааст, ки дар вазъияти буҳронии кунунӣ мардуми нодори Афғонистонро фаромӯш накунанд.Ин дар ҳолест, ки боришоти зиёди ахир умедвориҳоро барои коҳиши хушксолӣ дар кишвар бештар сохтаанд, аммо боришоти барф ва сарозер шудани селобҳо зиёнҳое ба бошандагони бархе аз манотиқ расондааст.Ҳофиз Муҳаммади Яъқуб, сарпарсати Раёсати ҳолатҳои изтирории Вазорати фавоиди омма гуфт: "Дар пайи боришоти ахир дар бархе аз вилоятҳо мардум хисороти молӣ дида ва пулу пулчаҳо хароб шудаанд, аммо ба зудтарин фурсат барояшон кумакҳо расонида шудааст".Дар ҳамин ҳол Абдунносир Раштиё, коршиноси сиёсӣ гуфт, агар ҷаҳон ба иҷрои шартҳояш, ки дар назди толибон гузоштааст, пойбанд бошад ва кумакҳои худро ба Афғонистон нафиристад, дар ояндаи наздик шоҳиди як фалокати башарӣ хоҳем шуд.Созмонҳои башарӣ ҳушдор медиҳанд, ки зимистони феълӣ шароити зиндагии беш аз 20 миллион нафар дар Афғонистонро бадтар кардааст.Дар ҳамин ҳол Созмони Милали Муттаҳид ахиран эълом кард, аз 8 миллиард долларе, ки барои кумак ба Афғонистон дархост кардааст, аллакай 1,5 миллиард доллараш ҷамъ шудааст.
https://sputnik.tj/20220101/tolibon-amniyat-mintaqa-afghoniston-1044566189.html
афғонистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042298687_244:0:2975:2048_1920x0_80_0_0_cd9ecf63cfbb3d3e66d3ff09f5185236.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, кумаки башарӣ, ҷомеаи ҷаҳонӣ, толибон, ҳассос, ногувор
афғонистон, кумаки башарӣ, ҷомеаи ҷаҳонӣ, толибон, ҳассос, ногувор
Мулло Абдулғанӣ Бародар авзои Афғонистонро ҳассосу ногувор медонад
13:40 08.01.2022 (Навсозишуда: 13:31 10.01.2022) Муовини аввали нахуствазири давлати толибон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ мехоҳад, то бидуни дарназардошти масоили сиёсӣ кумакҳои башариро ба Афғонистон фароҳам бисозанд
ДУШАНБЕ, 8 янв – Sputnik. Мулло Абдулғанӣ Бародар дар як паёмаш ба кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ гуфтааст, ки сокинони бисёре аз манотиқи Афғонистон ба таври оҷил ниёз ба ғизо, манзил ва кумаки пулӣ доранд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон дар истинод ба сойти “Ҳоф”.
"Дар ин вазъияти сангин мардуми Афғонистон ба кумакҳои фаврии башардӯстонаи ҷаҳон ниёз доранд ва баста шудани дороиҳои кишвар дар бонкҳои Амрико вазъро мушкилтар кардааст ва ҳоло мардум ба ғизову сарпаноҳ ниёз доранд, ки бояд фавран таъмин карда шаванд”, -гуфт ин мақомдори аршади давлати толибон.
Муовини аввали нахуствазири давлати толибон ҳамчунин аз кишварҳо ва созмонҳои байналмилалӣ даъват кардааст, ки дар вазъияти буҳронии кунунӣ мардуми нодори Афғонистонро фаромӯш накунанд.
“Акнун ҷаҳон бояд новобаста аз ангезаҳои сиёсӣ ба ниёзмандони Афғонистон кумаки башардӯстона расонад ва бо фаро расидани фасли зимистон ниёзҳои мардум афзоиш ёфтааст”, - гуфт Мулло Абдулғанӣ Бародар,
Ин дар ҳолест, ки боришоти зиёди ахир умедвориҳоро барои коҳиши хушксолӣ дар кишвар бештар сохтаанд, аммо боришоти барф ва сарозер шудани селобҳо зиёнҳое ба бошандагони бархе аз манотиқ расондааст.
Ҳофиз Муҳаммади Яъқуб, сарпарсати Раёсати ҳолатҳои изтирории Вазорати фавоиди омма гуфт: "Дар пайи боришоти ахир дар бархе аз вилоятҳо мардум хисороти молӣ дида ва пулу пулчаҳо хароб шудаанд, аммо ба зудтарин фурсат барояшон кумакҳо расонида шудааст".
Дар ҳамин ҳол Абдунносир Раштиё, коршиноси сиёсӣ гуфт, агар ҷаҳон ба иҷрои шартҳояш, ки дар назди толибон гузоштааст, пойбанд бошад ва кумакҳои худро ба Афғонистон нафиристад, дар ояндаи наздик шоҳиди як фалокати башарӣ хоҳем шуд.
Созмонҳои башарӣ ҳушдор медиҳанд, ки зимистони феълӣ шароити зиндагии беш аз 20 миллион нафар дар Афғонистонро бадтар кардааст.
Дар ҳамин ҳол Созмони Милали Муттаҳид ахиран эълом кард, аз 8 миллиард долларе, ки барои кумак ба Афғонистон дархост кардааст, аллакай 1,5 миллиард доллараш ҷамъ шудааст.