Дар соли гузашта беш аз 12 ҳазор муҳоҷири кории тоҷик натавонист вориди Русия шавад

© Sputnik / Сергей Пятаков / Гузариш ба медиабонкМигранты на Красной площади
Мигранты на Красной площади - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.01.2022
Обуна шудан
Мақомоти Тоҷикистон шумори дақиқи шаҳрвандони мамнуъулвуруд ба Русия дар соли гузаштаро эълон карданд
ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Бинобар иттилои дафтари матбуотии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, ҳангоми санҷиши шаҳрвандоне, ки қасди рафтан ба Русияро доштанд, 12441 нафар бинобар сабти исмашон дар руйхати афроди мамнуъулвуруди махзани маълумоти Хадамоти муҳоҷират аз сафари бебарор баргардонида шуданд.
Манбаъ хабар додааст, ки тибқи муқаррарот, ба 10544 нафар тавсия ба касбомӯзӣ ва ба 904 нафар барои ҷойи кор дар дохили кишвар ироа шудааст.
Ҳамзамон қайд шудааст, ки дар натиҷа 958 нафар дорои касб гардида, 856 нафар дар дохили кишвар бо ҷойи кор таъмин гардидаанд.
Посетитель в многофункциональном миграционном центре Москвы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.12.2021
Ҳушдори мақомот ба муҳоҷирон: Ё худро дар Русия ба қайд гиред ё ин кишварро тарк намоед
Ҳамзамон тибқи иттилои манбаъ, ширкатҳое, ки иҷозатнома барои ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба ҷумҳурӣ доранд, дар баробари ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ бояд таносуби бакортаъминкунии шаҳрвандон кишварро риоя намоянд ва ба ҳолати имрӯза 39 041 нафар дар ин ширкатҳо бо кор таъмин шуда фаъолият менамоянд.

“Дар маҷмуъ, дар давраи ҳисоботӣ 39 897 нафар бо ҷойҳои корӣ дар дохили кишвар таъмин шудаанд”, - иттилоъ додааст манбаъ.

Дар ҳамин ҳол Нодирӣ Шаҳноза Анвар, муовини Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар як ҷаласаи вазарат дар бораи ҳарчи зудтар ба низоми электронии рафтуомади муҳоҷирони меҳнатӣ гузаштан, мушкилот, ҳалли проблемаҳои ҷойдошта дар соҳаи муҳоҷирати дохилӣ ва экологӣ, беҳтар намудани фаъолияти марказҳои машваратӣ, ҷоннок намудани кор бо ширкатҳои интиқолдиҳандаи қувва корӣ, пурзӯр намудани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва иттилоотӣ дар байни муҳоҷирони меҳнатӣ дар хусуси пешгирӣ аз вуруди шаҳрвандон ба ҳар гуна ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ғайра ишора кардааст.
Лентаи хабарҳо
0