Ҳушдори мақомот ба муҳоҷирон: Ё худро дар Русия ба қайд гиред ё ин кишварро тарк намоед

© Sputnik / Максим Блинов / Гузариш ба медиабонкПосетитель в многофункциональном миграционном центре Москвы, архивное фото
Посетитель в многофункциональном миграционном центре Москвы, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.12.2021
Обуна шудан
Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирон хоҳиш кардааст, ҳар чи зудтар худро дар ин кишвар ба қайд гиранд, ба мушкилоти ҳуқуқиву депорт рӯ ба рӯ нашаванд
ДУШАНБЕ, 31 дек — Sputnik. Намояндагии вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия шаҳрвандони Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ огоҳ кардааст, ки муҳлати иҷрои Фармони раисҷумҳури Русия “Дар бораи чораҳои муваққатӣ барои танзими вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар Русия дар давраи рафъи оқибатҳои паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19)” санаи 30 декабри соли равон ба анҷом расид.
Манбаъ қайд кардааст, ки муҳлати қонунигардонии шаҳрвандони хориҷӣ тибқи Фармони раисҷумҳури Русия 30 сентябри соли 2021 ба анҷом расида буд.
Шаҳрвандони хориҷе, ки то санаи 30 сентябри соли равон будубоши худро дар назди мақомотҳои марбутаи Русия ба қайди муҳоҷиратӣ гузоштаанд, новобаста аз мақсади вурудашон (шахсӣ, сайёҳӣ, тиҷоратӣ ва ғ.) тибқи муқарароти фармони мазкур имкон доштанд то санаи 30 декабри соли 2021 бастаи ҳуҷҷатҳои худро барои дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) пешниҳод намоянд.
Стоимость патентов для мигрантов в России на 2022 год - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.12.2021
Мизони пардохти ҳармоҳаи муҳоҷирон бар асоси патент дар Русия барои соли 2022
Таъкид шудааст, ки қабул гардидани Фармони Владимир Путин, роҳбари Русия дар давраи пандемия имконият фароҳам овард, ки шаҳрвандони хориҷе, ки дар ҳолати мушкил гирифтор буданд, будубош ва фаъолияти меҳнатии худро ба расмият дароварда, дар доираи талаботҳои қонунгузории ин кишвар фаъолият намоянд.
Пас аз анҷом расидани муҳлати фармони мазкур дар соли 2022 дар қаламрави Русия будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, ки ба қаламрави ин кишвар меоянд ё дар ҳамин кишвар будубош ва ё фаъолияти меҳнатӣ, таҳсил ва муваққатан зиндагӣ доранд дар доираи қонунҳои амалкунанда бе дарназардошти фармони мазкур амалӣ гардонида мешавад.
Дар ҳамин ҳол намояндагии вазорати меҳнат қайд кардааст, ки шаҳрвандоне, ки дар ин давра натавонистанд, будубоши худро расман ба қайди давлатӣ гузоранд ва ё натавонистанд, барои дарёфти иҷозатномаи фаъолияти меҳнатӣ (патент) бастаи ҳуҷҷатҳои худро пешниҳод намоянд, онҳо метавонанд, то анҷоми муҳлати қонуни мазкур қаламрави Русияро тарк кунед.
Лентаи хабарҳо
0