https://sputnik.tj/20220108/jalbi-sarmoya-khoriji-tojikiston-1044649934.html
Ҷалби беш аз 601 миллион доллар сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон дар соли 2021
Ҷалби беш аз 601 миллион доллар сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон дар соли 2021
Sputnik Тоҷикистон
Дар соли гузашта 601,7 миллион доллар сармояи хориҷӣ ба ҳавзаҳои мухталифи иқтисоди миллии Тоҷикистон ҷалб шуд
2022-01-08T11:30+0500
2022-01-08T11:30+0500
2022-01-10T12:23+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
ҷалб
сармоя
хориҷӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102794/81/1027948123_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_21f027dae1004c367b52b5318c39c8d5.jpg
ДУШАНБЕ, 8 янв – Sputnik. Дар соли гузашта 6,8 миллиард сомонӣ, муодили 601,7 миллион доллар сармояи хориҷӣ ба бахшҳои мухталифи иқтисоди миллии Тоҷикистон ҷалб шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”.Ҳамчунин бо идораҳои марбута дастур дода шуд, то иқдомотеро барои густариши ҷазби сармояи хориҷӣ, бавижа сармоягузории мустақим барои саноати фароварӣ анҷом диҳанд.Тибқи иттилои манбаъ, дар панҷ соли оянда барномарезӣ шуд, ки ҳаҷми сармоягузории мустақим ба 10 дарсад нисбат ба тавлиди нохолиси дохилӣ бирасад.Дар ҳоли ҳозир ин кишвар дар ҳоли иҷрои 82 тарҳи сармоягузории давлатӣ ба арзиши беш аз 42 миллиард сомонӣ, муодили 3,7 миллиард доллар аст.Ёдрас мешавем, чанде пеш мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки сармоягузори бузурги Тоҷикистон Чин аст.Ҳаҷми сармоягузориҳои Чин ба иқтисоди Тоҷикистон дар охири соли 2020 ба 3 миллиарду 15 миллион доллари амрикоӣ расид.Вуруди сармоягузорӣ аз Чин дар соли 2020 152 миллион долларро ташкил дод, ки 120 миллион доллар аз он сармоягузориҳои мустақим мебошанд.Тибқи иттилои манбаъ, саҳми сармоягузории Чин ба иқтисоди Тоҷикистон соли гузашта 35,5% аз ҳаҷми умумии сармоягузориҳои ҷалбшудаи хориҷиро ташкил кард.Маҷмуан соли 2020 вуруди сармоягузории хориҷӣ 428,4 миллион долларро ташкил кард, ки аз онҳо 162,5 миллион доллар сармоягузориҳои мустақим ва 265,9 миллион доллар сармоягузориҳои дигар (қарзҳои имтиёзнок ва маблағгузориҳои дигари молиявӣ) мебошанд.Солҳои 2007-2020 аз 65 давлати ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 10,3 миллиард доллар ҷалб карда шуд, ки тақрибан 30 фоизи он ба Чин рост меояд.Пас аз он Русия (1,6 миллиард), Амрико (703 миллион), Бритониё (694 миллион), Қазоқистон (577 миллион) қарор доранд.Бояд гуфт, ки сармоягузориҳои чинӣ тақрибан дар тамоми соҳаҳои иқтисоди Тоҷикистон мушоҳида шуда, иктишоф ва истеҳсоли канданиҳои фоиданок, алоқа, сохтмон, хадамоти молиявӣ, нерӯи барқ, инфрасохтор, саноати кимиё ва бофандагӣ, инчунин кишоварзӣ ва фароварии маҳсулоти кишоварзиро шомил мешаванд.
https://sputnik.tj/20211231/zavqizoda-naqshai-ziddibuhroni-tasiri-koronavirus-iqtisodi-1044557024.html
https://sputnik.tj/20210803/zavqizoda-kambizoati-tojikiston-1041370434.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102794/81/1027948123_254:0:1694:1080_1920x0_80_0_0_187a948c8f7841e3405f9c366d2073ff.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сармоягузорӣ, ҷалб, сармоя, хориҷӣ, иқтисод
тоҷикистон, сармоягузорӣ, ҷалб, сармоя, хориҷӣ, иқтисод
Ҷалби беш аз 601 миллион доллар сармояи хориҷӣ ба Тоҷикистон дар соли 2021
11:30 08.01.2022 (Навсозишуда: 12:23 10.01.2022) Дар соли гузашта 601,7 миллион доллар сармояи хориҷӣ ба ҳавзаҳои мухталифи иқтисоди миллии Тоҷикистон ҷалб шуд
ДУШАНБЕ, 8 янв – Sputnik. Дар соли гузашта 6,8 миллиард сомонӣ, муодили 601,7 миллион доллар сармояи хориҷӣ ба бахшҳои мухталифи иқтисоди миллии Тоҷикистон ҷалб шудааст, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”.
Ҳамчунин бо идораҳои марбута дастур дода шуд, то иқдомотеро барои густариши ҷазби сармояи хориҷӣ, бавижа сармоягузории мустақим барои саноати фароварӣ анҷом диҳанд.
Тибқи иттилои манбаъ, дар панҷ соли оянда барномарезӣ шуд, ки ҳаҷми сармоягузории мустақим ба 10 дарсад нисбат ба тавлиди нохолиси дохилӣ бирасад.
Дар ҳоли ҳозир ин кишвар дар ҳоли иҷрои 82 тарҳи сармоягузории давлатӣ ба арзиши беш аз 42 миллиард сомонӣ, муодили 3,7 миллиард доллар аст.
Ёдрас мешавем, чанде пеш мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки сармоягузори бузурги Тоҷикистон Чин аст.
Ҳаҷми сармоягузориҳои Чин ба иқтисоди Тоҷикистон дар охири соли 2020 ба 3 миллиарду 15 миллион доллари амрикоӣ расид.
Вуруди сармоягузорӣ аз Чин дар соли 2020 152 миллион долларро ташкил дод, ки 120 миллион доллар аз он сармоягузориҳои мустақим мебошанд.
Тибқи иттилои манбаъ, саҳми сармоягузории Чин ба иқтисоди Тоҷикистон соли гузашта 35,5% аз ҳаҷми умумии сармоягузориҳои ҷалбшудаи хориҷиро ташкил кард.
Маҷмуан соли 2020 вуруди сармоягузории хориҷӣ 428,4 миллион долларро ташкил кард, ки аз онҳо 162,5 миллион доллар сармоягузориҳои мустақим ва 265,9 миллион доллар сармоягузориҳои дигар (қарзҳои имтиёзнок ва маблағгузориҳои дигари молиявӣ) мебошанд.
Солҳои 2007-2020 аз 65 давлати ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон беш аз 10,3 миллиард доллар ҷалб карда шуд, ки тақрибан 30 фоизи он ба Чин рост меояд.
Пас аз он Русия (1,6 миллиард), Амрико (703 миллион), Бритониё (694 миллион), Қазоқистон (577 миллион) қарор доранд.
Бояд гуфт, ки сармоягузориҳои чинӣ тақрибан дар тамоми соҳаҳои иқтисоди Тоҷикистон мушоҳида шуда, иктишоф ва истеҳсоли канданиҳои фоиданок, алоқа, сохтмон, хадамоти молиявӣ, нерӯи барқ, инфрасохтор, саноати кимиё ва бофандагӣ, инчунин кишоварзӣ ва фароварии маҳсулоти кишоварзиро шомил мешаванд.