https://sputnik.tj/20210803/zavqizoda-kambizoati-tojikiston-1041370434.html
Завқизода гуфт, сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон чӣ қадар аст
Завқизода гуфт, сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон чӣ қадар аст
Sputnik Тоҷикистон
Вазири иқтисод ва савдо гуфт дар Тоҷикистон чӣ қадар мардум зери хати фақр зиндагӣ мекунанд
2021-08-03T13:30+0500
2021-08-03T13:30+0500
2021-08-03T19:02+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
коҳиш
вазир
сатҳи камбизоатӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103126/84/1031268448_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_8ccf45d11c1fa4030f7167844b10c5bf.jpg
ДУШАНБЕ, 3 авг – Sputnik. Завқи Завқизода вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон ахиран зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки сатҳи камбизоати дар Тоҷикистон 26,3 дарсадро ташкил медиҳад.Ба гуфтаи вай, тибқи стратегияҳои қабулшуда, аз ҷумла Стратегияи миллии рушд то соли 2030 аз ҳисоби рушди иқтисод, таъмини ҷои кор ва болобурдани бахши иҷтимоӣ, сатҳи камбизоатӣ тадриҷан поин бурда мешавад.Соли гузашта Бонки Ҷаҳонӣ хабар дода буд, ки дар даҳсолаҳои ахир иқтисоди Тоҷикистон сустарин рушдро нишон додааст ва ба ҳамин хотир суръати коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ суст хоҳад шуд.Тибқи иттилои Бонки Ҷаҳонӣ, то паҳншавии вируси корона сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон поин мерафт.Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Завқи Завқизода гуфта буд, ки сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 2000 то ба 26,3 фоиз дар соли 2020 коҳиш ёфт.Тибқи иттилои хабаргузории “Авеста” аз соли 2018 то соли 2019 дар вилояти Хатлон, ВМКБ болоравии сатҳи камбизоатӣ мушоҳида мешуд, аммо дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Суғд поинравии сатҳи камбизоатӣ мушоҳида шуда буд.Дар минтақаҳои деҳотӣ коҳишёбии сатҳи камбизоатӣ суст шуд, дар ҳоле, ки дар солҳои 2018 то 2019 сатҳи камбизоатӣ миёни сокинони шаҳрнишин коҳиш ёфтааст аз 21,5 дарсад то 18,4 дарсад. камбизоатӣ дар деҳот 30,2 дарсадро ташкил медод.Эҳтимол дорд бинобар паҳншавии вируси корона дар саросари ҷаҳон дар солҳои наздик коҳишёбии сатҳи камбизоатӣ мушоҳида нашавад.
https://sputnik.tj/20210611/bonki-jahoni-tojikiston-honavodahoi-kambizoat-kumaki-moli-1040163520.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2021
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103126/84/1031268448_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_a4e3dcd418e7d39b4e0b7ce0cd0feecd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, сатҳи камбизоатӣ, вазорати иқтисод, фақр
тоҷикистон, сатҳи камбизоатӣ, вазорати иқтисод, фақр
Завқизода гуфт, сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон чӣ қадар аст
13:30 03.08.2021 (Навсозишуда: 19:02 03.08.2021) Вазири иқтисод ва савдо гуфт дар Тоҷикистон чӣ қадар мардум зери хати фақр зиндагӣ мекунанд
ДУШАНБЕ, 3 авг – Sputnik. Завқи Завқизода вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон ахиран зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки сатҳи камбизоати дар Тоҷикистон 26,3 дарсадро ташкил медиҳад.
Ба гуфтаи вай, тибқи стратегияҳои қабулшуда, аз ҷумла Стратегияи миллии рушд то соли 2030 аз ҳисоби рушди иқтисод, таъмини ҷои кор ва болобурдани бахши иҷтимоӣ, сатҳи камбизоатӣ тадриҷан поин бурда мешавад.
Соли гузашта Бонки Ҷаҳонӣ хабар дода буд, ки дар даҳсолаҳои ахир иқтисоди Тоҷикистон сустарин рушдро нишон додааст ва ба ҳамин хотир суръати коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ суст хоҳад шуд.
Тибқи иттилои Бонки Ҷаҳонӣ, то паҳншавии вируси корона сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон поин мерафт.
Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Завқи Завқизода гуфта буд, ки сатҳи камбизоатӣ аз 83 фоизи соли 2000 то ба 26,3 фоиз дар соли 2020 коҳиш ёфт.
Тибқи иттилои хабаргузории “Авеста” аз соли 2018 то соли 2019 дар вилояти Хатлон, ВМКБ болоравии сатҳи камбизоатӣ мушоҳида мешуд, аммо дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ ва вилояти Суғд поинравии сатҳи камбизоатӣ мушоҳида шуда буд.
Дар минтақаҳои деҳотӣ коҳишёбии сатҳи камбизоатӣ суст шуд, дар ҳоле, ки дар солҳои 2018 то 2019 сатҳи камбизоатӣ миёни сокинони шаҳрнишин коҳиш ёфтааст аз 21,5 дарсад то 18,4 дарсад. камбизоатӣ дар деҳот 30,2 дарсадро ташкил медод.
Эҳтимол дорд бинобар паҳншавии вируси корона дар саросари ҷаҳон дар солҳои наздик коҳишёбии сатҳи камбизоатӣ мушоҳида нашавад.