https://sputnik.tj/20220108/bozdoshti-raisi-kumitai-amniyati-milii-qazoqiston-1044653905.html
Боздошти раиси собиқи Кумитаи амнияти милии Қазоқистон
Боздошти раиси собиқи Кумитаи амнияти милии Қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
Дар ҳоли ҳозир, раиси собиқи Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон дар боздоштгоҳи муваққатӣ мебошад
2022-01-08T14:55+0500
2022-01-08T14:55+0500
2022-01-12T12:24+0500
қазоқистон
кдам
осиёи марказӣ
боздошт
карим масимов
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/08/1044651626_0:0:2642:1486_1920x0_80_0_0_32242efe9520751d3c72fd71e2c9b3a8.jpg
ДУШАНБЕ, 8 январ — Sputnik. Раиси пешини Кумитаи амнияти миллӣ ва нахуствазири собиқи Қазоқистон Карим Масимов бо иттиҳоми хиёнат ба давлат боздошт шудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон.Дар баёнияи расмӣ ҳамчунин омадааст: “Ҳамон рӯз бо гумони содир кардани ин ҷиноят Масимов, раиси собиқи Кумитаи амнияти миллӣ ва шахсони дигар дастгир шуданд".Ёдовар мешавем, Масимови 56-сола рӯзи шашуми январ аз мақоми раиси КНБ барканор шуд. Ҳамон рӯз ӯ дар ҷаласаи Шӯрои амният, ки таҳти раёсати президент ва раиси Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ Қосимҷомарт Тоқаев баргузор мешуд, ширкат мекард.Раиси собиқи Кумитаи амнияти миллӣ моҳи сентябри соли 2016 ба ин мансаб таъйин шуда буд. Ӯ ҳафт сол дар мансаби сарвазирии Қазоқистон ҳам кор кардааст.Эътирозҳо дар ҚазоқистонЭътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон дар авоили моҳи январи соли 2022 оғоз шуданд. Сабаби эътирози мардум ду баробар боло рафтани қимати гази моеъ гуфта мешуд.Комиссияи ташкилшудаи ҳукуматӣ омодагии худро барои коҳиш додани нарх эълон кард, аммо эътирозҳо ба шаҳрҳои дигар паҳн шуданд. Онҳо ба зудӣ ба бетартибиҳо, куштору ғорат ва ҳамла ба муассисаҳои давлатӣ табдил ёфтанд.Дар пасманзари тезутунд шудани вазъ дар Қазоқистон вазъияти изтирорӣ ва манъи рафтуомад ҷорӣ, ҳамоишҳои оммавӣ ва фурӯши аслиҳа мамнуъ эълон шуд.Раисҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ҳукуматро барканор карда, раёсати Шӯрои амнияти ҷумҳуриро бар уҳда гирифт, нахустин президенти ин кишвар Нурсултон Назарбоев аз ин мақом барканор шуд.Илова бар ин бо дархости Тоқаев як гурӯҳ аз низомиёни кишварҳои узви СААД ба қаламрави ин кишвар ворид шуд.Дар натиҷаи задухӯрдҳо талафоти зиёде дида мешавад, мақомоти қудратии ин кишвар аз боздошти аъзои гурӯҳҳои террористӣ хабар медиҳанд.Ба иттилои СММ, дар ҷараёни эътирозҳо тақрибан 1000 нафар ҷароҳат бардошта ва зарар аз ин эътирозҳо аз 200 миллион доллар ҳам бештар гуфта мешавад.Вазорати корҳои хориҷии Русия ҳодисаҳои Қазоқистонро як кӯшиши зӯроварӣ барои халалдор кардани амният ва якпорчагии давлат арзёбӣ мекунад.Ҳамчунин гуфта мешавад, ки гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ дар пасманзари нооромиҳо дар ин кишвар ба фаъолият шуруъ кардаанд.Парвозҳо аз Алмаато ба Душанбе мавқуф шудТо нуҳуми январ 508 нафар аз иштирокчиёни ҳамлаҳои террористӣ, ғоратгарӣ ва ҷиноятҳои дигар боздошт ва 22 аслиҳаи оташфишону 1412 дона тир мусодира шудааст.Дар Қазоқистон кӯдакистону мактабҳо барои кӯдакони нобино таътил ва ҳамчунин таътили зимистонаи мактаббачагон то 17 январ ва донишҷӯён то 24 январ тамдид шуд.Дар ошӯбҳо дар Қазоқистон ҳудуди 400 мақомдори қудратӣ ҷароҳат бардошт. 10 январ дар Қазоқистон рӯзи мотами миллӣ эълон гашт.
https://sputnik.tj/20220108/siposi-toqaev-rahmon-firistodani-nizomiyonash-qazoqiston-1044651988.html
https://sputnik.tj/20220108/toqaev-terroriston-biduni-ogohi-shilik-kuned-1044649453.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/08/1044651626_0:0:2642:1982_1920x0_80_0_0_d9734f02abf938ad498fa93060252c00.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қазоқистон, раиси кумитаи амнияти миллӣ, боздошт, боздоштгоҳ
қазоқистон, раиси кумитаи амнияти миллӣ, боздошт, боздоштгоҳ
Боздошти раиси собиқи Кумитаи амнияти милии Қазоқистон
14:55 08.01.2022 (Навсозишуда: 12:24 12.01.2022) Дар ҳоли ҳозир раиси собиқи Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон дар боздоштгоҳи муваққатӣ мебошад
ДУШАНБЕ, 8 январ — Sputnik. Раиси пешини Кумитаи амнияти миллӣ ва нахуствазири собиқи Қазоқистон Карим Масимов бо иттиҳоми хиёнат ба давлат боздошт шудааст, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон.
"Рӯзи 6-уми январ тафтишот бар асоси моддаи хиёнат ба давлат шуруъ шуд", - таъкид кардааст ин ниҳоди қудратӣ.
Дар баёнияи расмӣ ҳамчунин омадааст: “Ҳамон рӯз бо гумони содир кардани ин ҷиноят Масимов, раиси собиқи Кумитаи амнияти миллӣ ва шахсони дигар дастгир шуданд".
Ёдовар мешавем, Масимови 56-сола рӯзи шашуми январ аз мақоми раиси КНБ барканор шуд. Ҳамон рӯз ӯ дар ҷаласаи Шӯрои амният, ки таҳти раёсати президент ва раиси Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ Қосимҷомарт Тоқаев баргузор мешуд, ширкат мекард.
Раиси собиқи Кумитаи амнияти миллӣ моҳи сентябри соли 2016 ба ин мансаб таъйин шуда буд. Ӯ ҳафт сол дар мансаби сарвазирии Қазоқистон ҳам кор кардааст.
Эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон дар авоили моҳи январи соли 2022 оғоз шуданд. Сабаби эътирози мардум ду баробар боло рафтани қимати гази моеъ гуфта мешуд.
Комиссияи ташкилшудаи ҳукуматӣ омодагии худро барои коҳиш додани нарх эълон кард, аммо эътирозҳо ба шаҳрҳои дигар паҳн шуданд. Онҳо ба зудӣ ба бетартибиҳо, куштору ғорат ва ҳамла ба муассисаҳои давлатӣ табдил ёфтанд.
Дар пасманзари тезутунд шудани вазъ дар Қазоқистон вазъияти изтирорӣ ва манъи рафтуомад ҷорӣ, ҳамоишҳои оммавӣ ва фурӯши аслиҳа мамнуъ эълон шуд.
Раисҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ҳукуматро барканор карда, раёсати Шӯрои амнияти ҷумҳуриро бар уҳда гирифт, нахустин президенти ин кишвар Нурсултон Назарбоев аз ин мақом барканор шуд.
Илова бар ин бо дархости Тоқаев як гурӯҳ аз низомиёни кишварҳои узви СААД ба қаламрави ин кишвар ворид шуд.
Дар натиҷаи задухӯрдҳо талафоти зиёде дида мешавад, мақомоти қудратии ин кишвар аз боздошти аъзои гурӯҳҳои террористӣ хабар медиҳанд.
Ба иттилои СММ, дар ҷараёни эътирозҳо тақрибан 1000 нафар ҷароҳат бардошта ва зарар аз ин эътирозҳо аз 200 миллион доллар ҳам бештар гуфта мешавад.
Вазорати корҳои хориҷии Русия ҳодисаҳои Қазоқистонро як кӯшиши зӯроварӣ барои халалдор кардани амният ва якпорчагии давлат арзёбӣ мекунад.
Ҳамчунин гуфта мешавад, ки гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ дар пасманзари нооромиҳо дар ин кишвар ба фаъолият шуруъ кардаанд.
То нуҳуми январ 508 нафар аз иштирокчиёни ҳамлаҳои террористӣ, ғоратгарӣ ва ҷиноятҳои дигар боздошт ва 22 аслиҳаи оташфишону 1412 дона тир мусодира шудааст.
Дар Қазоқистон кӯдакистону мактабҳо барои кӯдакони нобино таътил ва ҳамчунин таътили зимистонаи мактаббачагон то 17 январ ва донишҷӯён то 24 январ тамдид шуд.
Дар ошӯбҳо дар Қазоқистон ҳудуди 400 мақомдори қудратӣ ҷароҳат бардошт. 10 январ дар Қазоқистон рӯзи мотами миллӣ эълон гашт.