https://sputnik.tj/20220107/tojikiston-firistodan-neru-qazoqiston-rizoiyat-1044642128.html
Парлумони Тоҷикистон барои фиристодани нерӯ ба Қазоқистон ризоият дод
Парлумони Тоҷикистон барои фиристодани нерӯ ба Қазоқистон ризоият дод
Sputnik Тоҷикистон
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон як масъалаи марбут ба амният дар Қазоқистонро баррасӣ карданд 07.01.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-01-07T16:50+0500
2022-01-07T16:50+0500
2022-01-07T16:50+0500
дар тоҷикистон
маҷлиси намояндагон
душанбе
қазоқистон
маҷлиси миллӣ
нишаст
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/0f/1043562751_0:253:3072:1981_1920x0_80_0_0_afbdf60c07ce8e69cb740df777fd3f9b.jpg
ДУШАНБЕ, 7 янв – Sputnik. Дар толори Маҷлиси Олӣ ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".Дар иҷлосияи якҷоя танҳо як масъала баррасӣ шудааст.Пештар маълум шуд, Тоҷикистон ҳудуди 200 низомиро ба Қазоқистон мефиристад.Интизор меравад, ки ин низомиёни тоҷикистонӣ дар ҳайати нерӯҳои муштараки СААД ба таъмини тартибот дар Қазоқистон машғул хоҳанд шуд.Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, омодагии кишварро барои иштирок дар василаҳои сулҳофарии СААД дар Қазоқистон баён дошта, онро ҷузъе аз уҳдадориҳо дар доираи созмон арзёбӣ кард.Раҳмон дар суҳбат бо ҳамтои қазоқаш, Қосимҷомарт Тоқаев изҳори умед кардаст, ки тавассути муколама барқарорсозии субот ва тартиботи ҳуқуқӣ имконпазир хоҳад шуд.Тоқаев зимни дархости кумаки низомӣ аз роҳбарони кишварҳои узви СААД гуфт, дар кишвар гуруҳҳои террористӣ дастбакор шудаанд, ки байналмилалӣ мебошанд, чун омодагии ҷиддиро дар хориҷи кишвар гузаштаанд. Ӯ афзуд, ки ҳамлаи ин гуруҳҳо ба Қазоқистон бояд ҳамчун таҷовуз пазируфта шавад.Маврид ба зикр аст, феълан кишварҳои узви СААД - Тоҷикистон, Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон мебошанд, ки аллакай бархеяшон аллакай интиқоли нерӯро ба Қазоқистон оғоз кардаанд. Ҳадафи ин созмон ҳифзи якҷояи давлатҳои узв аз таҷовузи низомию сиёсии хориҷӣ ва ҳамчунин аз ҳамлаҳои террористӣ арзёбӣ мегардад.Ҳамоишҳои эътирозӣ дар Қазоқистон рӯзҳои аввали соли равон алайҳи болоравии нархи гази моеъ сар зада, баъдан ба бетартибиҳо ва даргириҳо печиданд, ки куштаю маҷруҳ барҷой гузоштаанд. Феълан дар Қазоқистон барои барқарорсозии тартиботи ҷамъиятӣ ҳолати фавқулодда эълон гардидаст.
https://sputnik.tj/20220106/tojikiston-chand-nafar-nizomi-qazoqiston-1044627745.html
душанбе
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/0f/1043562751_221:0:2952:2048_1920x0_80_0_0_aa3d9d7cb7e9d2a779c91941b39a374d.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, маҷлиси намояндагон, душанбе, қазоқистон, маҷлиси миллӣ, нишаст
дар тоҷикистон, маҷлиси намояндагон, душанбе, қазоқистон, маҷлиси миллӣ, нишаст
Парлумони Тоҷикистон барои фиристодани нерӯ ба Қазоқистон ризоият дод
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон як масъалаи марбут ба амният дар Қазоқистонро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 7 янв – Sputnik. Дар толори Маҷлиси Олӣ ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ "Ховар".
Дар иҷлосияи якҷоя танҳо як масъала баррасӣ шудааст.
"Дар ин нишаст барои истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди кишвар барои иҷрои ӯҳдадориҳои байналмиллалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ризоият дода шуд", - омадааст дар хабарнома.
Пештар маълум шуд, Тоҷикистон ҳудуди 200 низомиро ба Қазоқистон мефиристад.
Интизор меравад, ки ин низомиёни тоҷикистонӣ дар ҳайати нерӯҳои муштараки СААД ба таъмини тартибот дар Қазоқистон машғул хоҳанд шуд.
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, омодагии кишварро барои иштирок дар василаҳои сулҳофарии СААД дар Қазоқистон баён дошта, онро ҷузъе аз уҳдадориҳо дар доираи созмон арзёбӣ кард.
Раҳмон дар суҳбат бо ҳамтои қазоқаш, Қосимҷомарт Тоқаев изҳори умед кардаст, ки тавассути муколама барқарорсозии субот ва тартиботи ҳуқуқӣ имконпазир хоҳад шуд.
Тоқаев зимни дархости кумаки низомӣ аз роҳбарони кишварҳои узви СААД гуфт, дар кишвар гуруҳҳои террористӣ дастбакор шудаанд, ки байналмилалӣ мебошанд, чун омодагии ҷиддиро дар хориҷи кишвар гузаштаанд. Ӯ афзуд, ки ҳамлаи ин гуруҳҳо ба Қазоқистон бояд ҳамчун таҷовуз пазируфта шавад.
Маврид ба зикр аст, феълан кишварҳои узви СААД - Тоҷикистон, Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон мебошанд, ки аллакай бархеяшон аллакай интиқоли нерӯро ба Қазоқистон оғоз кардаанд. Ҳадафи ин созмон ҳифзи якҷояи давлатҳои узв аз таҷовузи низомию сиёсии хориҷӣ ва ҳамчунин аз ҳамлаҳои террористӣ арзёбӣ мегардад.
Ҳамоишҳои эътирозӣ дар Қазоқистон рӯзҳои аввали соли равон алайҳи болоравии нархи гази моеъ сар зада, баъдан ба бетартибиҳо ва даргириҳо печиданд, ки куштаю маҷруҳ барҷой гузоштаанд. Феълан дар Қазоқистон барои барқарорсозии тартиботи ҷамъиятӣ ҳолати фавқулодда эълон гардидаст.