Маълум шуд, ки Тоҷикистон чанд нафар низомиро ба Қазоқистон мефиристад

© Sputnik / Максим Богодвид / Гузариш ба медиабонкВоеннослужащие миротворческих сил Таджикистана во время построения после окончания заключительного этапа учений ОДКБ "Нерушимое братство-2021"
Военнослужащие миротворческих сил Таджикистана во время построения после окончания заключительного этапа учений ОДКБ Нерушимое братство-2021 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.01.2022
Обуна шудан
Манобеъ аз мақомоти қудратии Тоҷикистон теъдоди низомиёни посдори сулҳро, ки дар ҳайати нерӯҳои муштараки СААД ба Қазоқистон фиристода мешаванд, эълом кардаанд
ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Тоҷикистон ҳудуди 200 низомиро ба Қазоқистон мефиристад, хабар додааст РИА Новости бо такя ба манобеяш аз мақомоти қудратӣ.
Интизор меравад, ки ин шумор низомиёни тоҷикистонӣ дар ҳайати нерӯҳои муштараки СААД ба таъмини тартибот дар Қазоқистон машғул хоҳанд шуд.
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, омодагии кишварро барои иштирок дар василаҳои сулҳофарии СААД дар Қазоқистон баён дошта, онро ҷузъе аз уҳдадориҳо дар доираи созмон арзёбӣ кард.
Раҳмон дар суҳбат бо ҳамтои қазоқаш, Қосим-Ҷомарт Тоқаев изҳори умед кардаст, ки тавассути муколама барқарорсозии субот ва тартиботи ҳуқуқӣ имконпазир хоҳад шуд.
Официальный визит Президента Касым-Жомарт Токаева и Президента Таджикистана Эмомали Рахмона в Душанбе   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.01.2022
Суҳбати Раҳмон бо Тоқаев, Мирзиёев ва Пашинян: аз умеди муколама то розигӣ ба ирсоли нерӯ
Тоқаев зимни дархости кумаки низомӣ аз роҳбарони кишварҳои узви СААД гуфт, дар кишвар гуруҳҳои террористӣ дастбакор шудаанд, ки байналмилалӣ мебошанд, чун омодагии ҷиддиро дар хориҷи кишвар гузаштаанд. Ӯ афзуд, ки ҳамлаи ин гуруҳҳо ба Қазоқистон бояд ҳамчун таҷовуз пазируфта шавад.
Маврид ба зикр аст, феълан кишварҳои узви СААД - Тоҷикистон, Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон мебошанд, ки аллакай бархеяшон аллакай интиқоли нерӯро ба Қазоқистон оғоз кардаанд. Ҳадафи ин созмон ҳифзи якҷояи давлатҳои узв аз таҷовузи низомию сиёсии хориҷӣ ва ҳамчунин аз ҳамлаҳои террористӣ арзёбӣ мегардад.
Ҳамоишҳои эътирозӣ дар Қазоқистон рӯзҳои аввали соли равон алайҳи болоравии нархи гази моеъ сар зада, баъдан ба бетартибиҳо ва даргириҳо печиданд, ки куштаю маҷруҳ барҷой гузоштаанд. Феълан дар Қазоқистон барои барқарорсозии тартиботи ҷамъиятӣ ҳолати фавқулодда эълон гардидаст.
Лентаи хабарҳо
0