Таркиш дар маркази табобатии шаҳри Ваҳдат шаш нафарро ҷароҳатдор кард

© PixabayОгонь
Огонь - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.01.2022
Обуна шудан
Оби табобатгоҳ дар шаҳри Ваҳдат гази "пропан" доштааст
ДУШАНБЕ, 7 янв – Sputnik. Таркиш дар табобатгоҳи Маркази табобатии "Оби шифобахш", шаш нафарро ҷароҳатдор кардааст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Ин табобатгоҳ дар ҷамоати деҳоти А.Абдулвосиев, деҳаи Чилламазори Ваҳдат воқеъ аст.
Рӯзи 5 январ, мутахассисони Озмоишгоҳи ҷумҳуриявии кимиёвӣ-радиометрии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ бо намояндагони прокуратураи шаҳри Ваҳдат барои муайян намудани сабаби ин таркиш ва ташхиси таркиби оби шифо вориди ин Маркази табобатӣ шудаанд.
"Ташхис нишон дод, ки дар таркиби оби шифои табобатгоҳ гази “пропан” мавҷуд будааст", - омадааст дар хабарнома.
Маълум нест, ки ин шаш нафар аз ҷумлаи беморон буданд ва ё шаҳрвандони солим.
Руки с углём - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.01.2022
Фоҷиа дар Панҷакент: Ҳалокати чаҳор тан дар паи заҳролудшавӣ - ду тоашон бародар буданд
Таркиш соати 22:00 рӯзи 3-уми январ рух додааст ва ин шаш нафар бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ шудаанд.
Духтурон мегӯянд аз таркиши ногаҳонӣ чанд ҷойи бадани ин шаш нафар сӯхтааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар шарҳи сабаби таркиш мегӯяд, иллати он ба пуррагӣ омӯхта нашудааст.
Лентаи хабарҳо
0