Фоҷиа дар Панҷакент: Ҳалокати чаҳор тан дар паи заҳролудшавӣ - ду тоашон бародар буданд

© Foto / Shutterstock/small smilesРуки с углём
Руки с углём - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.01.2022
Обуна шудан
Чаҳор сокини Панҷакент, ки ду нафарашон бародар буданд, дар паи заҳролудшавӣ зимни истихроҷи ангишт ҷон бохтанд
ДУШАНБЕ, 3 янв — Sputnik. Дар кони ангишт дар наздикии мавзеи Ишакон чаҳор сокини Панҷакент аз оксиди карбон заҳролуд шуда, ҷон бохтанд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Бино ба гузориши КҲФ, ин ҳодисаи нохуш рӯзи 2 январ рух додааст.

"Аз сабаби риоя накардани қоидахои бехатарӣ, чаҳор сокини деҳаи Ғазани Поёни ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент, ки ду нафари онҳо бародар буданд, ҳангоми истихроҷи ғайриқонунии ангишт аз карбон заҳролуд шуданд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, вақте ки онҳо бегоҳ ба хона барнагаштанд, хешовандон бонги хатар задаанд.
"Онҳо соати 20:30 ба ҷои ҳодиса расида, бо истифода аз респираторҳо ба саҳро ворид шуда, ҷасади ҳалокшудаҳоро аз берун баровардаанд".
Ҳалокшудагон 33, 38, 51, 54 сол дошта ва соҳиби оилаву фарзандон буданд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, барои рӯшан кардани ҷузъиёти ин садама гурӯҳи фаврӣ-тафтишотӣ дар ҷойи ҳодиса фаъолият дорад.
Запуск новейшей ракеты Авангард - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2021
Ҳодисаи нохуш: таркише дар кони Шӯроби Исфара куштаву захмӣ ба ҷой гузошт
Дар робита ба ин, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон аз аҳолӣ даъват менамояд, ки барои истихроҷи ангишт дар конҳо кӯшиши мустақилона анҷом надиҳанд.
Ин ниҳод тавзеҳ медиҳад, танҳо конканҳои варзида ва кормандони саҳроҳо бо истифода аз сару либоси махсус ва воситаҳои техникӣ, риояи тамоми қоидаҳои бехатарй метавонанд ангишт истихроҷ кунанд.
Лентаи хабарҳо
0