https://sputnik.tj/20220107/qazoqiston-panj-guzargoh-bast-1044637266.html
Қазоқистон панҷ гузаргоҳи марзӣ бо Қирғизистонро баст
Қазоқистон панҷ гузаргоҳи марзӣ бо Қирғизистонро баст
Sputnik Тоҷикистон
Қаблан бо дархости ҷониби Қазоқистон ду гузаргоҳ ба далели мушкилот дар системаи ягонаи иттилоотӣ муваққатан баста шуданд. Ҳоло дар бораи муваққатан баста шудани се нуқтаи дигар маълум шуд
2022-01-07T13:16+0500
2022-01-07T13:16+0500
2022-01-07T13:31+0500
тазоҳурот
қазоқистон
қирғизистон
осиёи марказӣ
эътироз
бастани гузаргоҳи марзӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103147/72/1031477289_0:118:3217:1928_1920x0_80_0_0_39ecc2c04ad255384ff3f8aa74a4ee53.jpg
ДУШАНБЕ, 7 янв – Sputnik. Убури шаҳрвандон ва воситаҳои нақлиёт тавассути панҷ гузаргоҳ дар марзи Қирғизистону Қазоқистон қатъ карда шуд.Ҳамин тавр, гузаштани шаҳрвандон ва васоити нақлиёт тариқи гузаргоҳҳои - Оқ-Жол, Оқ-Талоқ (вилояти Чуй), Қарқира (вилояти Иссиқкӯл), Кен-Булун ва Токмок қатъ карда шуд. Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар додааст. Қаблан маълум шуда буд, ки бо ташаббуси ҷониби Қазоқистон ба далели корношоямии низоми ягонаи иттилоотии Қазоқистон, аз 7 январ гузаргоҳи одамон ва воситаҳои нақлиёт дар гузаргоҳҳои Кен-Булун ва Токмок қатъ карда шуд. "Ҷониби Қазоқистон аз 7 январ ба таври якҷониба гузаргоҳи одамон ва воситаҳои нақлиётро дар гузаргоҳҳои "Оқ-Жол", "Оқ-Талоқ"-и вилояти Чуй ва Қарқираи вилояти Иссиқкӯл муваққатан мутаваққиф кардааст", - омадааст дар хабарнома. Рӯзи ҷумъа аз соати 12:00 гузаргоҳи Чалдибар дар вилояти Чуй ва гузаргоҳи Чон-Капка дар вилояти Талас дар қитъаи сарҳади Қирғизистону Қазоқистон бо назардошти маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус фаъолияти худро дар ҳолати муқаррарӣ идома медиҳанд. "Дар баробари ин шаҳрвандони Қирғизистон, ки дар қаламрави Қазоқистон қарор доранд, метавонанд ба Ҷумҳурии Қирғизистон баргарданд ва қазоқистонҳои дар қаламрави Қирғизистон қарордошта метавонанд тавассути гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Қирғизистону Қазоқистон ба Қазоқистон раванд", - омадааст дар хабарнома. Манбаъ афзуда, ки вазъ дар қитъаи сарҳади давлатии Қирғизистону Қазоқистон муътадил арзёбӣ мешавад.Эътирозҳо дар ҚазоқистонТазоҳуроти оммавӣ дар Қазоқистон аз рӯзҳои аввали соли 2022 идома доранд.Сабаби гирдиҳамоиҳо хашми шаҳрвандони Жанаозен ва Актауи вилояти Манғистау, ки дар ғарби кишвар аст, аз ду баробар боло рафтани қимати гази моеъ шудааст.Комиссияи ташкилшудаи ҳукуматӣ омодагии худро барои паст кардани нархҳо эълон кард, аммо эътирозҳо ба шаҳрҳои дигар паҳн шуданд.Масалан, рӯзҳои 4 ва 5 январ дар Алмаато миёни сокинон ва маъмурони амниятӣ задухӯрд ба амал омад, ки дар ҷараёни он пулис маҷбур шуд, аз газ ва норинҷакҳои садонок истифода кунад.Дар пасманзари тезутунд шудани вазъ дар Қазоқистон аз соати 23:00 то 07:00 вазъи изтирорӣ ва комендантӣ ҷорӣ шуда, чорабиниҳои оммавӣ ва фурӯши силоҳ манъ карда шуд.Мақомоти Суғд гуфтанд, чанд нафар аз ин вилоят феълан дар ҚазоқистонандРаисиҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ҳукуматро барканор кард ва раҳбари Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ шуду Нурсултон Назарбоев-раиси аввали давлатро аз ин мақом барканор намуд.Илова бар ин, контингенти дастаҷамъии СААД бо дархости Тоқаев вориди кишвар шуд. Русия нирӯҳои десантии худро ба ҳавопаймои нерӯҳои ҳавоӣ фиристодааст, онҳо биноҳои ҳукуматӣ ва маъмуриро посбонӣ хоҳанд кард.Қазоқистон ҳамчунин аз кишварҳои узви ин созмон: Белорус, Арманистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон кумаки низомӣ интизор аст.Вазорати корҳои хориҷии Русия ҳодисаҳои Қазоқистонро як кӯшиши зӯроварӣ барои халалдор кардани амният ва якпорчагии давлат арзёбӣ мекунад.
https://sputnik.tj/20220107/gharb-ishghol-qazoqiston-safsata-1044635662.html
https://sputnik.tj/20220107/khisorot-betartibiho-qazoqiston-1044634329.html
қазоқистон
қирғизистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103147/72/1031477289_244:0:2973:2047_1920x0_80_0_0_2fadf3307e9d0505c2845f90858ad017.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
гузаргоҳи марзӣ, баста шудан, қазоқистон, эътирозҳо
гузаргоҳи марзӣ, баста шудан, қазоқистон, эътирозҳо
Қазоқистон панҷ гузаргоҳи марзӣ бо Қирғизистонро баст
13:16 07.01.2022 (Навсозишуда: 13:31 07.01.2022) Қаблан бо дархости ҷониби Қазоқистон ду гузаргоҳ ба далели мушкилот дар системаи ягонаи иттилоотӣ муваққатан баста шуданд. Ҳоло дар бораи муваққатан баста шудани се нуқтаи дигар маълум шуд
ДУШАНБЕ, 7 янв – Sputnik. Убури шаҳрвандон ва воситаҳои нақлиёт тавассути панҷ гузаргоҳ дар марзи Қирғизистону Қазоқистон қатъ карда шуд.
Ҳамин тавр, гузаштани шаҳрвандон ва васоити нақлиёт тариқи гузаргоҳҳои - Оқ-Жол, Оқ-Талоқ (вилояти Чуй), Қарқира (вилояти Иссиқкӯл), Кен-Булун ва Токмок қатъ карда шуд.
Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба дафтари матбуоти Хадамоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон хабар додааст.
Қаблан маълум шуда буд, ки бо ташаббуси ҷониби Қазоқистон ба далели корношоямии низоми ягонаи иттилоотии Қазоқистон, аз 7 январ гузаргоҳи одамон ва воситаҳои нақлиёт дар гузаргоҳҳои Кен-Булун ва Токмок қатъ карда шуд.
"Ҷониби Қазоқистон аз 7 январ ба таври якҷониба гузаргоҳи одамон ва воситаҳои нақлиётро дар гузаргоҳҳои "Оқ-Жол", "Оқ-Талоқ"-и вилояти Чуй ва Қарқираи вилояти Иссиқкӯл муваққатан мутаваққиф кардааст", - омадааст дар хабарнома.
Рӯзи ҷумъа аз соати 12:00 гузаргоҳи Чалдибар дар вилояти Чуй ва гузаргоҳи Чон-Капка дар вилояти Талас дар қитъаи сарҳади Қирғизистону Қазоқистон бо назардошти маҳдудиятҳои марбут ба коронавирус фаъолияти худро дар ҳолати муқаррарӣ идома медиҳанд.
"Дар баробари ин шаҳрвандони Қирғизистон, ки дар қаламрави Қазоқистон қарор доранд, метавонанд ба Ҷумҳурии Қирғизистон баргарданд ва қазоқистонҳои дар қаламрави Қирғизистон қарордошта метавонанд тавассути гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Қирғизистону Қазоқистон ба Қазоқистон раванд", - омадааст дар хабарнома.
Манбаъ афзуда, ки вазъ дар қитъаи сарҳади давлатии Қирғизистону Қазоқистон муътадил арзёбӣ мешавад.
Тазоҳуроти оммавӣ дар Қазоқистон аз рӯзҳои аввали соли 2022 идома доранд.
Сабаби гирдиҳамоиҳо хашми шаҳрвандони Жанаозен ва Актауи вилояти Манғистау, ки дар ғарби кишвар аст, аз ду баробар боло рафтани қимати гази моеъ шудааст.
Комиссияи ташкилшудаи ҳукуматӣ омодагии худро барои паст кардани нархҳо эълон кард, аммо эътирозҳо ба шаҳрҳои дигар паҳн шуданд.
Масалан, рӯзҳои 4 ва 5 январ дар Алмаато миёни сокинон ва маъмурони амниятӣ задухӯрд ба амал омад, ки дар ҷараёни он пулис маҷбур шуд, аз газ ва норинҷакҳои садонок истифода кунад.
Дар пасманзари тезутунд шудани вазъ дар Қазоқистон аз соати 23:00 то 07:00 вазъи изтирорӣ ва комендантӣ ҷорӣ шуда, чорабиниҳои оммавӣ ва фурӯши силоҳ манъ карда шуд.
Раисиҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ҳукуматро барканор кард ва раҳбари Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ шуду Нурсултон Назарбоев-раиси аввали давлатро аз ин мақом барканор намуд.
Илова бар ин, контингенти дастаҷамъии СААД бо дархости Тоқаев вориди кишвар шуд. Русия нирӯҳои десантии худро ба ҳавопаймои нерӯҳои ҳавоӣ фиристодааст, онҳо биноҳои ҳукуматӣ ва маъмуриро посбонӣ хоҳанд кард.
Қазоқистон ҳамчунин аз кишварҳои узви ин созмон: Белорус, Арманистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон кумаки низомӣ интизор аст.
Вазорати корҳои хориҷии Русия ҳодисаҳои Қазоқистонро як кӯшиши зӯроварӣ барои халалдор кардани амният ва якпорчагии давлат арзёбӣ мекунад.