https://sputnik.tj/20220107/khisorot-betartibiho-qazoqiston-1044634329.html
Ҳангуфт: ҳаҷми хисороти бетартибиҳо дар Қазоқистон маълум шуд
Ҳангуфт: ҳаҷми хисороти бетартибиҳо дар Қазоқистон маълум шуд
Sputnik Тоҷикистон
Палатаи миллии соҳибкорони Қазоқистон аз ҳаҷми тахминии хисороти моддӣ бар асари погромҳо хабар дод
2022-01-07T09:00+0500
2022-01-07T09:00+0500
2022-01-07T09:00+0500
тазоҳурот
қазоқистон
осиёи марказӣ
хисорот
муайян кардани хисорот
бетартибӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/06/1044630216_576:0:4217:2048_1920x0_80_0_0_d3c5451901c56ca0bf82e6ebd220d581.jpg
ДУШАНБЕ, 7 янв – Sputnik. Маблағи умумии хисорот пас аз ошӯбҳо дар Қазоқистон тибқи ҳисобҳои тахминӣ 92 миллион долларро ташкил додааст, хабар медиҳад Палатаи миллии соҳибкорони Қазоқистон.Тоҷирон низ зарари худро аз ғоратгарон ҳисоб кардаанд. Тибқи ҳисобҳои тахминӣ, он қариб 60 миллион доллар (тақрибан 26 миллиард танга) аст. То кунун ҳудуди сесад субъекти осебдида асосан дар соҳаи савдо, хӯроки умум, нақлиёт, хизматрасонӣ, инчунин дар бахши молия, аз ҷумла банкоматҳо муайян карда шудаанд.Афзун бар ин, тибқи иттилои иттиҳодияи "Корамсак", дар Алмаато шаш мағозаи фурӯши аслиҳа ғорат шудааст. Инчунин мағозаҳои бузурги чаканафурӯшии ғизоӣ ва ғайриозуқа дар Алмаато, Талдиқурғон, Уротеппа ва Шимкент ғорат шудаанд. Аксари онҳо дар пойтахти ҷанубӣ ҳастанд. Ёдовар мешавем, ки ҳамоишҳои эътирозӣ дар Қазоқистон рӯзҳои аввали соли равон алайҳи болоравии нархи гази моеъ сар зада, баъдан ба бетартибиҳо ва даргириҳо печиданд, ки даҳҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузоштаанд. Мақомоти Суғд гуфтанд, чанд нафар аз ин вилоят феълан дар ҚазоқистонандРаисиҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар саросари Қазоқистон барои ду ҳафта вазъи изтирорӣ ҷорӣ кард, ҳукуматро барканор кард ва худ Шӯрои амнияти ин ҷумҳуриро раҳбарӣ намуда, раисиҷумҳури нахустин Нурсултон Назарбоевро аз ин мақом барканор кард.
https://sputnik.tj/20220106/oseb-maslihat-tojikon-muqimi-qazoqiston-1044628473.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/06/1044630216_1031:0:3762:2048_1920x0_80_0_0_e5388aaa95ccd3ea19260a2cb71b417e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
хисорот, қазоқистон, бетартибиҳо
хисорот, қазоқистон, бетартибиҳо
Ҳангуфт: ҳаҷми хисороти бетартибиҳо дар Қазоқистон маълум шуд
Палатаи миллии соҳибкорони Қазоқистон ҳаҷми тахминии хисорот пас аз бетартибиҳоро ҳисоб кард
ДУШАНБЕ, 7 янв – Sputnik. Маблағи умумии хисорот пас аз ошӯбҳо дар Қазоқистон тибқи ҳисобҳои тахминӣ 92 миллион долларро ташкил додааст, хабар медиҳад Палатаи миллии соҳибкорони Қазоқистон.
Тоҷирон низ зарари худро аз ғоратгарон ҳисоб кардаанд. Тибқи ҳисобҳои тахминӣ, он қариб 60 миллион доллар (тақрибан 26 миллиард танга) аст.
То кунун ҳудуди сесад субъекти осебдида асосан дар соҳаи савдо, хӯроки умум, нақлиёт, хизматрасонӣ, инчунин дар бахши молия, аз ҷумла банкоматҳо муайян карда шудаанд.
"То 6 январ дар маҷмӯъ ҳудуди 300 субъекти зарардида, ки дар 43 объект ҷойгир шудаанд, муайян карда шуд. Аз ин шумора 12 адад марказҳои савдою марказҳои фароғатӣ ва хонаҳои савдо мебошанд", — омадааст дар хабарнома.
Афзун бар ин, тибқи иттилои иттиҳодияи "Корамсак", дар Алмаато шаш мағозаи фурӯши аслиҳа ғорат шудааст.
Инчунин мағозаҳои бузурги чаканафурӯшии ғизоӣ ва ғайриозуқа дар Алмаато, Талдиқурғон, Уротеппа ва Шимкент ғорат шудаанд. Аксари онҳо дар пойтахти ҷанубӣ ҳастанд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамоишҳои эътирозӣ дар Қазоқистон рӯзҳои аввали соли равон алайҳи болоравии нархи гази моеъ сар зада, баъдан ба бетартибиҳо ва даргириҳо печиданд, ки даҳҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузоштаанд.
Раисиҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дар саросари Қазоқистон барои ду ҳафта вазъи изтирорӣ ҷорӣ кард, ҳукуматро барканор кард ва худ Шӯрои амнияти ин ҷумҳуриро раҳбарӣ намуда, раисиҷумҳури нахустин Нурсултон Назарбоевро аз ин мақом барканор кард.